Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Мирсаидов -- сиёсӣ аст ё қаллобӣ?


Хайрулло Мирсаидов.

Таҳқиқи қазияи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ расида, рӯзҳои наздик парванда унвонии додгоҳ ирсол мешавад. Ба қавли манобеи мӯътамад, тафтишот феълан масъалаи мондан ё бекор кардани моддаҳои 189 ва 346-ро баррасӣ дорад, ки журналистро дар "барангехтани кинаю адовати миллӣ" ва "огоҳона додани хабари бардурӯғ", муттаҳам мекард. Созмонҳои журналистӣ мегӯянд, агар ин ду модда аз парвандаи Мирсаидов бекор шавад, пас қазияи ӯ дигар орӣ аз ангезаҳои сиёсӣ мешавад.

"Ҳамааш баъди ба додгоҳ фиристодан маълум мешавад"

Як мақом дар Додситонии вилояти Суғд ва наздик ба тафтишот рӯзи 4-юми май бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шаш моҳ таҳқиқ парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Ба қавли манбаъ, ҳанӯз дар бораи хулосаҳои парванда суҳбат кардан барвақт аст, чун танҳо баъд аз ирсоли он ба додгоҳ маълум мешавад, ки кадом моддаҳо дар парвандаи Мирсаидов боқӣ мондаанд.

Дар муддати ним соли охир чандин созмони байналмилалӣ ба қазияи Мирсаидов таваҷҷуҳ карда, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд ӯро озод кунанд.

Аммо ҳамсӯҳбати мо дар Додситонии Суғд гуфт, масъалаи мондан ё бардоштани моддаҳои "барангехтани кинаю адовати миллию динӣ" ва "расонидани хабари бардуруғ"-ро баррасӣ доранд. Манбаъ афзуд, тафтишот рӯзҳои наздик қарори худ дар бораи бекор кардан ё мондани ин ду моддаро эълон мекунад.

Додситонии Суғд се рӯз баъди боздошти Мирсаидов рӯзи 8 декабри соли 2017 гуфт, ки дар нисбати ӯмутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ --"аз они худкунӣ ё исрофкорӣ" (банди 245), "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ (189, 2, "Г"), "сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ" (340) ва "дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (соддаи 346)" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар Додситонии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз анҷоми парвандаи Мирсаидов қазияи ӯро пурра барои матбуот шарҳ хоҳанд дод.

Додситонии вилояти Суғд дар ҳоле таҳқиқи парвандаи Хайрулло Мирсаидовро ниҳоӣ мекунад, ки рӯзи 3 май дар нишасти бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе аз сарнавишти Мирсаидов ба унвон як журналисти зиндонӣ ёд шуд. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ки дар нишаст суханронӣ дошт, аз боздошти Хайрулло Мирсаидов, изҳори нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, ки парвандаи хабарнигорро одилона баррасӣ кунанд.

"Ду модда ҳазфкунед, қазия дигар оҳанги сиёсӣ намегирад"

Бекор кардани моддаҳои барангехтани кинаю адовати миллӣ ва расондани хабари бардурӯғ аз парвандаи Мирсаидов, яке аз тақозоҳои аслии созмонҳои журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон.

Аз ҷумла Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, агар ин ду модда аз парвандаи Мирсаидов берун андохта шаванд, омили сиёсӣ дар қазияи ин рӯзноманигори боздошшуда дигар боқӣ намемонад. Раҳбари НАНСМИТ рӯзи 3-юми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳазфи моддаҳои 189 ва 346 омили сиёсӣ аз қазияи Мирсаидов берун карда мешавад ва дар он танҳо масъалаи иқтисодӣ боқӣ мемонад.

"Тибқи иттилое, ки дорем ва маълумотҳое, ки ба мо пешниҳод карданд, барои айб эълон кардан бо моддаи расондани хабари бардурӯғ ва барангехтани адовати миллӣ асос ба назари мо вуҷуд надорад",-афзуд Нуриддин Қаршибоев.

"Посухи Тоҷикистон ба САҲА: Қазияи Мирсаидов қаллобист"

Хайрулло Мирсаидов шаш моҳ аст, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Дар робита бо боздошту баррасии қазияи Мирсаидовро аксар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва инчунин кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ карда озодии билофосилаи ӯ ва таҳқиқи одилонаи қазияи ӯро тақозо карданд.

Аз ҷумла, созмони Human Rights Watch гуфт, боздошту муттаҳам шудани журналист баъди он сурат гирифт, ки ӯ дар номаи бозе ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон як мақоми ҳукумати Суғдро дар талаби пора айбдор кард. Мирсаидов дар ин номаи худ, ки моҳи ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шуд, гуфт, ки гӯё як мақоми ҳукумати Суғд аз ӯ барои ихтисоси пуле, ки барои барномаи ҳозҳирҷавобони КВН ҷудо мешуд, як миқдор подош ё пора талаб кард. Иддаое, ки мақомот ҳамеша онро рад кардаанд.

Тими КВН-и Тоҷикистон.
Тими КВН-и Тоҷикистон.

Дар муддати ним соли охир чандин созмони байналмилалӣ ба қазияи Мирсаидов таваҷҷуҳ карда, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд ӯро озод кунанд. Аз ҷумла моҳи апрел, масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карда буд, Хайрулло Мирсаидовро озод кунанд. САҲА мегӯяд, моҳи марти соли 2018 ба мақомоти тоҷик нома фиристода, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи Мирсаидов, ки ба эътимоди Дезир ба фаъолиятҳои журналистиаш бастагӣ дорад, изҳори нигаронӣ кардааст. Дезир аз Тоҷикистон хост, ки иттиҳомоти зидди Мирсаидов бозбинӣ шавад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон дар як посух ба САҲА охири моҳи апрел гуфтанд, парвандаи Мирсаидов на сиёсӣ, балки як парвандаи қаллобист. Дар номаи намояндагии Тоҷикистон, ки нусхааш рӯзи 24-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, "парвандаи Мирсаидов сиёсӣ нест, балки як қазияи қаллобист."

Исми Хайрулло Мирсаидов дар Тоҷикистон бо фаъолияташ дар оҷонсии хабарии “Азия-Плюс” ва радиои "Мавҷи Олмон" ошно аст. Вай солҳои охир раҳбарии тими ҳозирҷавобони "КВН"-ро бар ӯҳда дошт ва тимаш дар барномаҳои телевизионии ҳозирҷавобони КВН дар Маскав аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард. Дар оғоз гуфта мешуд, ки эҳтимолан боздошти Мирсаидов ба саҳнаҳои ҳазломези ин тим бастагӣ дорад, ки дар онҳо ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам муроҷиат кардааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Вобаста

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG