Пайвандҳои дастрасӣ

CPJ: Хайрулло Мирсаидов бояд билофосила озод шавад


Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки журналисти шинохта Хайрулло Мирсаидовро билофосила аз боздошт озод ва тамоми иттиҳомоти зидди ӯ бардошта шавад.

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр боздошт ва се рӯз баъди он барои нақзи чаҳор моддаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “барангехтани кинаю адовати миллӣ” муттаҳам ва пушти панҷара гирифта шуд.

Панҷ ҳафта пеш аз боздошташ Мирсаидов матни номаи бози худ ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл Юсуф Раҳмон, раиси ҳукумати Суғд Абдураҳмон Қодириро нашр кард аз онҳо даъват кард, ки аз порахӯрии мақомоти маҳаллӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Худи ӯ, ки солиёни охир бо ташкили барномаҳои ҳунарии гурӯҳи КВН-чиҳои Тоҷикистон дар Маскав машғул буд, чанд моҳ пеш аз ин ҳодиса як мақомдори ҳукумати Суғдро дар талаби пора айбдор кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар ин замина ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам шикоят намуд.

"Мирсаидов бояд эҳтиром шавад, на зиндонӣ"

Роберт Маҳонӣ, раҳбари иҷроияи Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, дар изҳороти худ боздошт ва эълони иттиҳом зидди журналисти мустақилро интиқод кард. Ӯ гуфт, “дар ҷое, ки матбуоти озод ва садои интиқодӣ тақрибан вуҷуд надорад, журналистоне ба мисли Мирсаидов бояд барои кори муҳиме, ки анҷом медиҳанд, эътироф шаванд, на инки бо иттиҳоми сохта боздошт шаванд”.

Дар изҳороти аз ин пеш, боздошти Мирсаидовро созмонҳои дигари байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон – Human Rights Watch ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ҳам маҳкум карда, ӯро “қурбонии нави таъқиби садои интиқодӣ аз ҳукумат” номиданд.

Рӯзи 13-уми декабр дар як муроҷиатномаи боз ба ҷомеаи журналистӣ рӯзноманигори хориҷӣ Майкл Андерсон ҳам аз боздошту иттиҳоми Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард. Ӯ навишт, Мирсаидов "дар бораи фасод ва пуштибонӣ аз демократия бисёр навиштааст ва ба ҳамин хотир ҳам ҳоло боздошт шуд". Вай навишт, дар боздоштгоҳ будани журналист хатар дорад ва аз ҳамфикрон даъват кард, ки барои озод шудани ӯ талош кунанд.

Саҳнаҳои КВН-ро таҳқиромез дарёфтанд

Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи чор модда - “исрофкорӣ”, “барангехтани кинаву адовати миллӣ”, “сохтакорӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” муттаҳам мешавад, ки ба қавли Human Rights Watch, дар маҷмӯъ 21 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Падари Хайрулло – Ҳабибулло Мирсаидов дар сӯҳбати гузаштааш бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки писараш худро бегуноҳ меҳисобад. Дар ин сӯҳбат Ҳабибулло Мирсаидов гуфт, ки дар парвандаи писараш хондааст, ки саҳначаҳои тими КВН-ро “таҳқиромез аз назари арзишҳои миллӣ” номидаанд. Вакили дифои Мирсаидов рӯз 11 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баёнияе имзо кардааст, ки ҳақи фош кардани тафсилоти парвандаи зерҳимояашро манъ мекунад.

Дар ҳоле, ки мақомоти тафтишотӣ аз шарҳи парвандаи журналист ва раҳбари гурӯҳи КВН худдорӣ мекунанд, худи ӯву наздиконаш мегӯянд, даъвову баҳсҳои чандинмоҳаи вай бо мақомоти вилояти Суғд боиси боздошташ шудааст.

Нома ба президент ва шикоят аз пораталабӣ

Панҷ ҳафта пеш аз боздошташ Мирсаидов матни номаи бози худ ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл Юсуф Раҳмон, раиси ҳукумати Суғд Абдураҳмон Қодириро нашр кард аз онҳо даъват кард, ки аз порахӯрии мақомоти маҳаллӣ ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин нома, аз ҷумла, ӯ гуфт, бо ин ки мақомоти маҳаллӣ буҷаи ҳунарнамоиҳои КВН-ро дар сабқатҳои Маскав таъмин кардаанд, бар ивази ин пул аз ӯ тақозо карданд, ки 1000 доллар маблағи ин буҷаро ба ҳайси пора ба ӯ пардохт кунанд. Мирсаидов дар ин номаи бози худ гуфт, ки додани пораро рад карда ҳамин масъала боиси даъво бо мақомот шуд. Мирсаидови 39-сола дар гузашта дар оҷонсии “Азия-Плюс” ва радиои олмонии Deutsche Welle кор кардааст.

Пеш аз ин гузориш Кумитаи дифоъ аз журналистон бо нашри гузорише гуфт, ки шумори журналистони зиндонӣ дар саросари ҷаҳон “рекордӣ” шудааст. Дар як таҳқиқоташ ин созмон навишт, ки дар саросари ҷаҳон 262 журналист барои фаъолиятҳои касбии худ ба зиндон андохта шудаанд. Соли гузашта шумори журналистони зиндонӣ 259 нафар буд.

Дар солҳои гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон шоҳиди чандин даъвоҳои пурбаҳси додгоҳӣ бо иштироки журналистон шудаанд.

Ду рӯзноманигори тоҷик дар зиндон

Рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуд ва худи ӯ баъдан гуфт, ки ин қазия нисбати ӯ сохтакорӣ шуда, қасди мақомот барои чопи матолиби интиқодӣ мебошад. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ пул боздошт шуд. Ҳукми ӯро фаъолон аз ҳад зиёд сангин унвон карданд. Исмоилов яке аз аввалин журналистоне шуд, ки дар солҳои охир бо ҳукми додгоҳ ба зиндон рафт ва то имрӯз ҳам дар пушти панҷара ба сар мебарад.

Рӯзи 1 декабри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ойбек Алиев, сармуҳаррири нашрияи хусусии “Ҳуқуқ” ва падари 70-солаи ӯ –Турсуналӣ Алиевро дар содир кардани ҷиноятҳои марбут ба “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муҷрим дониста, мутаносибан ба 8 солу 10 моҳ ва 6 соли ҳабс маҳкум кард. Бинобар нафақагир будани Турсуналӣ Алиев додгоҳ дар нисбати ӯ 2 сол муҳлати санҷишӣ таъин кард. Додгоҳ падару писарро барои "бо роҳҳои қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ аз худ кардани молу мулк ва маблағҳои даҳҳо сокин" айбдор эълон кард. Маълум нест, ки то куҷо худи онҳо бо ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд ва худро гунаҳгор эътироф мекунанд ва то куҷо додгоҳ бо риояи меъёрҳои қонун баргузор шудааст. Бархе созмонҳои журналистӣ гуфтанд, ки ҳукми сармуҳаррири “Ҳуқуқ” ба фаъолияти журналистии ӯ рабт надорад.

Вале коршиносони бетараф мегӯянд, ки ҳама гуна парвандаву иттиҳом нисбати журналистон метавонад дар ниҳоят боиси фишор болои озодии баён ва кори озоди журналистон таъсиргузор ва рӯзноманигорони дигарро дар иҷрои вазифаҳои касбиашон тарсу кунад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG