Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрулло Мирсаидов барои нақзи чор моддаи КҶ гумонбар эълон шуд


Акс аз саҳифаи фейсбукии Мирсаидов гирифта шудааст

Додгоҳи Хуҷанд бо дархости мақомоти додситонӣ қарор кард Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") ва пешина хабарнигори “Азиа Плюс” ва “Мавҷи Олмон” замони тафтиши парвандааш дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта шавад.

Додгоҳ гуфт, бар асоси хулосаҳои додситонии вилояти Суғд, Хайрулло Мирсаидов дар нақзи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ оид ба “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” (банди 245), "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ,

Ӯ фикрашро рӯирост ва кушоду равшан мегуфт. Ӯ дар ҳамин баҳсҳояш ҳам агар аз истиҳола кор мегирифт, таҳаммул ва сар хам мекард, эҳтимол, ҳамин мушкил ба сараш намеомад.

маҳалгароӣ ва ё динӣ (189, 2, "Г"), "сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ" (340) ва “дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (соддаи 346)" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад.

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5 декабр дастгир гардида, се шабонарӯзи гузашта дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд. Ҳамакнун додгоҳ гуфт, ки замони тафтиши парванда Мирсаидов бояд дар боздошт бимонад ва этимолан ин мӯҳлат то се моҳро дар бар мегирад.

Падар: Писарам ҳақгӯ аст

Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов рӯзи 8 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зиндагиву кору фаъолияти писараш шаффоф аст ва онҳо ҳеҷ гумон надоштанд кор бо ифтитоҳу парвандаву эълони айб аз рӯи 4 банд анҷом меёбад. Ӯ афзуд: “Писарам ҳақгӯ буд ва дар ҳар коре, ки машғул буд, аз байни сухани рост рӯ намегардонд. Ӯ бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ мекард, дӯстони ҳамдастаашро ҳам таъкид мекард, ки ҳеҷ чизро пинҳон надоранд. Ӯ ба бегуноҳии худ боварии комил дорад ва афсӯс, ки ӯро замони тафтиш ба маҳбас андохтанд.”

Ӯ афзуд, барои писараш ғизову либос бурда, вале ҳанӯз иҷозати дидору суҳбат бо ӯро надодаанд. Ба гуфтаи ӯ, аъзои тими зарифони Тоҷикистонро низ марбут ба парвандаи писараш мақомоти додситонӣ бозпурсӣ кардаанд.

Аскар Турсунов, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов низ ҳанӯз бо зерҳимояаш мулоқот накарда, бо парвандаи ӯ ошно нест. Ӯ бо кори дигаре озими Душанбе гардида, ба зангҳои мо посух надод. Паёми ӯ тавассути ҳамкоронаш расид, ки танҳо баъди дидор бо Мирсаидову гирифтани иҷозаи ӯ бо хабарнигорон дар бораи парвандаи зерҳимояаш суҳбат хоҳад кард.

Нома ба президент

Хайрулло Мирсаидов моҳи ноябри ҳамин сол бо мақомоти вилояти Суғд, ки маблағгузори аслии барномаҳои ҳунарии аъзои тими КВН буданд, вориди баҳсу даъво шуд ва тавассути расонаҳо эълон дошт, ки дастаи "Сборная КВН Таджикистана" ба даври ниманиҳоии мусобиқаҳои КВН дар Маскави Русия роҳ ёфтаву вале барои сафар маблағ надорад. Ӯ гуфт, ки мақомот ҳам додани маблағи сафарро ақиб меандозанд ва ҳатто аз саховатмандон пул ҷамъ оварданд.

Баъди бозгашт Мирсаидов дар як номаи кушод, ки як нусхаашро дар ихтиёри матубот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам гузошт, ба унвонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишт, ки мавриди санҷиши молии мақомот қарор гирифтааст. Мирсаидов дар ин изҳорот иддао кард, ки сардори раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд аз ӯ 1 ҳазор доллар ришва талаб кард ва баъди рад шудани талабаш мехоҳад бо роҳи санҷиши молӣ ва муқассир баровардани Мирсаидов аз ӯ қассос бигирад.

Иддаое, ки дар пай Олим Зоҳидзода рад кард ва гуфт, ӯ танҳо аз Хайрулло Мирсаидов дар бораи сарфи маблағҳои аз буҷа ҷудошуда ҳисобот пурсидааст ва пора хостанаш воҷеият надорад. Дар пай ӯ ба додситонӣ шикоят бурда, таҳқиқи қазияро дархост кард. Мақомоти додситонӣ дар пайи санҷиши сарфи мақсадноки маблағҳои дастаи КВН-и таҳти раҳбарии Мирсаидов алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар ҷараёни тафтишот, аъзои дигари тими зарифони ӯ ҳам бозпурсӣ мешаванд.

Мушкил дар мӯҳтавои КВН аст?

Дар ҳоле, ки на ходимони додситонӣ, на Зоҳидзодаву ҳамкоронаш дар мақомоти ҳукумати вилояти Суғд омода нестанд, ки ин қазияро барои матбуот шарҳ диҳанд, як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, ки моддаи “барангехтани кинаву адоват” бар пояи мӯҳтавои намоишномаҳои ҳунарии гурӯҳи КВН ворид шудааст. Ҳанӯз ҷузъиёти ин иттиҳом низ маълум нест.

Хайрулло Мирсаидов 39 сол дошта муҷаррад аст. Ӯ солҳои 2000-ум ба ҳайси хабарнигори радиои “Мавҷи Олмон” (Дойче Велле) ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохта, сипас ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии “Азия-Плюс” дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошт. Се сол қабл, раҳбари дастаи зарифони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") пазируфта шуд ва аз кори рӯзноманигорӣ канор рафт.

Хайрулло фикрашро рӯшан баён мекард

Дӯстони ҳамдастааш ва ҳамкорони собиқаш Хайрулло Мирсаидовро як рӯзноманигори ҳирфаӣ, ки ба русӣ менависад ва ҷавони дорои эҳсоси нозуки ҳазлу мутоиба ва ҳақгӯю ҳақталош мешиносанд. Шероз Шарифов, ҳамкори пешинаи Хайрулло Мирсаидов дар бахши суғдии нашрияи “Азия Плюс” мегӯяд :

“Хайрулло як журналисти ҳирфаӣ ва принсипиалӣ буд. Ӯ фикрашро рӯирост ва кушоду равшан мегуфт. Ӯ дар ҳамин баҳсҳояш ҳам агар аз истиҳола кор мегирифт, таҳаммул ва сар хам мекард, эҳтимол, ҳамин мушкил ба сараш намеомад.

Ӯ ростқавл ва поквиҷдон ва дилбохтаи дастаи КВН аст ва часпу талош дошт, ки тавассути ба лигаи олии Русия роҳ ёфтани он имиҷи Тоҷикистонро баланд бардорад. Ман аз забони ягон ҳамдастааш дар ҳаққи ӯ шикояте ё ҳарфи баде нашунидаам. Гумон мекунам дар қазияи ӯ нофаҳмие рух додааст ва бо таҳқиқи мунсифонаи парванда ӯро албатта озод мекунанд.”

Замони баҳси Хайрулло Мирсаидов бо мақомот Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари муқими вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин даъвоҳо ба манфиати ҳеҷ як ҷониб нест ва онҳо метавонистанд ҳамаи баҳсу даъвоҳоро бо роҳи муколамаву музокира ҳал кунанд. Зеро, ба қавли ин таҳлилгар, дар сурати расонаӣ шудани баҳс, обрӯи тими овозадори зарифон ҳам осеб мебинад ва ингуна даъвоҳо на ба манфиати ҳунармандон аст ва на мақомот.

Зимнан, тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон соли 2014 ба ибтикори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъсис шуда буд. Дар соли 2015 дар ҷашнвораи ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Русия аз миёни 400 тим ба қатори 70 тими беҳтарин шомил шуд ва ба сабқатҳои телевизионии КВН-и Русия ҳам роҳ ёфт. Дар соли ҷорӣ ин тим дар сабқати лигаи марказии Маскав то ба марҳилаи ниманиҳоӣ расид. Дар соли гузашта ин тими ҳозирҷавобон лигаи мактабхонони КВН дар вилояти Суғдро таъсис дод, ки дар он ҳудуди 200 тим аз мактабҳои шимоли Тоҷикистон сабқат мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG