Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолияти тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон зери суол рафт


Дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Фаъолияти тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон аз вилояти Суғд зери суол мондааст, зеро онҳо натавонистанд барои ширкат дар даври ниҳоии Лигаи марказии КВН, ки рӯзи 10 ноябр дар Маскав баргузор мешавад, ба пойтахти Русия бирасанд.

“Сборная КВН Таджикистана” дар маҳфили зарифони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки як барномаи маъруфи телевизиони Русия мебошад, аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад ва дар давоми се соли фаъолияташ шӯҳрату мухлиси зиёде касб кардааст. Раҳбарияти КВН-чиҳои Тоҷикистон бо мақомоти вилояти Суғд вориди як даъвои марбут ба фасод шудаанд ва маълум нест, санҷиши додситонӣ чӣ натиҷа медиҳад.

Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон соли 2014 ба ибтикори раиси вилояти Суғд таъсис шуда буд. Соли 2015 дар ҷашнвораи ҳозирҷавобон дар Сочи аз миёни 400 тим ба қатори 70 тими беҳтарин шомил шуд ва ба сабқатҳои телевизионии КВН-и Русия ҳам роҳ ёфт.

Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон, ки се соли пеш бо ибтикори раиси вилояти Суғд таъсис шудааст, аз ҳисоби будҷаи ин минтақа таъмини молӣ мешавад. Аммо ахиран ин тим натавонист ба хотири ширкат дар бозии нимфиналӣ то 10 ноябр худро ба Маскав расонад.

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон 9 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба далели моҷарои фасод ночор ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиати расмӣ карда, дархости расидагӣ ба ин қазия кардааст. Мирсаидов иддао кардааст, ки раҳбарияти бахши идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд ба кашолкориву пинҳонкорӣ роҳ дода, ба гуфтаи ӯ, талаби ришва кардаанд.

Хайрулло Мирсаидов.
Хайрулло Мирсаидов.

Вай дар ин бора гуфт, ки онҳоро зарур буд то 10 ноябр вориди Маскав шаванд, аммо мақомоти вилояти Суғд натавонистанд маблағи сафари моро ихтисос диҳанд, зеро, бо дархости раҳбарияти Идораи кор бо ҷавонони вилоят фаъолияти тими онҳо ва истифодаи маблағҳои аз мақомоти вилояти Суғд ихтисосшуда, мавриди бозрасии муфаттишони додситонии вилоят қарор гирифт.

"Ман собит кардам, ки ҳисоботи маблағҳои истифодашударо ба раиси Идораи кор бо ҷавонон супоридаам, аммо вай ин амрро инкор мекунад. Гузашта аз ин вай аз ман тақозо кард, ки бо истифода аз маблағи ҷудошуда барояш 1000 доллар ришва бидиҳам”, афзуд вай. Хайрулло Мирсаидов гуфт, ки феълан гузоришҳои молии фаъолиятҳои КВН-чиҳо дар дасти тафтишот аст ва умедвор аст, ки ин қазия мунсифона баррасӣ мешавад.

Мақомоти Суғд: "Даъво сари истифодаи мақсадноки пул аст"

Вале мақомоти иҷроияи вилояти Суғд мегӯянд, даъвои талаби пора ҳеҷ асосе надорад ва баҳсе, ки бархостаанд, сари истифодаи мақсадноки пулҳои ҷудошуда барои сафар ва фаъолиятҳои ҳунарии тими КВН мебошад. Аз ҷумла, Бахтиёр Каримов, ёвари раҳбари Идораи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи вилояти Суғд 9 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Хайрулло Мирсаидов дар бораи талаби ришва аз ӯро бепоя хонд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.

Вай гуфт: “Тибқи иттилое, ки ман дорам, мақомоти идораи мо аз Мирсаидов ришва талаб накардааст. Мо танҳо даъво дорем, ки аз истифодаи маблағҳои дар солҳои гузашта барои фаъолияти ин тими ҳозирҷавобон аз будҷа ихтисосшуда, ҳисобот диҳад. Зеро, барои тамрину ҳар сафари ин тим ба Русия аз будҷаи вилояти Суғд ба ин гурӯҳи ҳозирҷавобон то 130 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад”.

Дар ҳоле, ки феълан додситонии вилояти Суғд барои шарҳи ин қазия омода нест, тибқи иттилои дарёфтӣ, сохторҳои тафтишотӣ ба тими ҳозирҷавобон гуфтаанд, ки эҳтимолан харҷи таҳияи ҳар як саҳнаҳои ҳаҷвии онҳо бо сарфи маблағҳои зиёд анҷом мешавад ва гӯё ин мавзӯъ низ мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Зимнан, тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон соли 2014 ба ибтикори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъсис шуда буд. Дар соли 2015 дар ҷашнвораи ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Русия аз миёни 400 тим ба қатори 70 тими беҳтарин шомил шуд ва ба сабқатҳои телевизионии КВН-и Русия ҳам роҳ ёфт. Дар соли ҷорӣ ин тим дар сабқати лигаи марказии Маскав то ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Дар соли гузашта ин тими ҳозирҷавобон лигаи мактабхонони КВН дар вилояти Суғдро таъсис дод, ки дар он ҳудуди 200 тим аз мактабҳои шимоли Тоҷикистон сабқат мекунанд.

Хайрулло Мирсаидов гуфт, ки ҳунарнамоии онҳо бештар аз ҳар кори дигар ба манфиати обрӯи кишвар ва мардуми Тоҷикистон аст, чунки онҳо аз саҳнаҳои баланди ҳунарӣ дар баробари шӯхиву зарофатгӯӣ, салиқаи фарҳангии мардуми тоҷикро ба намоиш мегузоранд, ки дар Русия аз рӯи қолаби “муҳоҷирон ё гастарбайтерҳо” шинохта мешаванд.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.
Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.

Вай мегӯяд, саҳми онҳо дар боло бурдани обрӯи миллии мардуми тоҷик дар берун аз кишвар хеле баланд ва муҳим аст. Вале мақомот мегӯянд, ҳар кор бояд бо мурооти қонун анҷом шавад ва дар сурати собит шудани бегуноҳии раҳбарияти тим, онҳо метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд.

Дар ҳамин ҳол Неъматулло Мирсаидов, як таҳлилгари тоҷики муқими вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9 ноябр гуфт, ки чунин даъвоҳо ба манфиати ҳеҷ як ҷониб нест ва дар сурати сар задани баҳс ҷонибҳо метавонистанд ҳамаи даъвоҳоро дар муколама ва музокира ҳал кунанд. Ҳоло, мегӯяд ӯ, дар сурати расонаӣ шудани баҳс, обрӯи тими овозадори зарифон ҳам осеб мебинад ва ингуна даъвоҳо ба манфиати ҳунармандон нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG