Пайвандҳои дастрасӣ

5 рӯз ва 15 ҳазор доллар: КВН-и Тоҷикистон сарпараст меҷӯяд


Гурӯҳи мунтахаби маҳфили зарифон – КВН, ки қарор аст, Тоҷикистонро дар як сабқати минтақавӣ дар Маскав муаррифӣ кунад, бидуни сарпараст монд.

Ҳамакнун ин тим, баъд аз муроҷиатҳои бенатиҷааш ба мақомоти маҳалливу соҳибкорон, бо як номаи расмӣ аз шаҳрдори Душанбе кумаки молӣ хостааст. Онҳо умедворанд, ки Рустами Эмомалӣ дар таъмини

Барои сафару ширкат дар озмуни ҳозирҷавобон ба онҳо ҳудуди 15 ҳазор доллар ё муодили 130 ҳазор сомонӣ лозим аст

молии сафари маҳфили зарифон кӯмак мекунад ва онҳо метавонанд бидуни мушкил дар як барномаи пуртарафдори телевизиони шабакаи аввали Русия ҳунарнамоӣ кунанд.

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими мунтахаби Тоҷикистон 13-сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи ҳозирҷавобон бояд то панҷ рузи дигар ба Маскав раванд ва омодагии худро барои иштирок дар нимфинали озмуни ҳозирҷавбон миёни панҷ даста аз Маскав шурӯъ кунанд.

Барои сафару ширкат дар озмуни ҳозирҷавобон ба онҳо ҳудуди 15 ҳазор доллар ё муодили 130 ҳазор сомонӣ лозим аст. Гуруҳи ҳозирҷавобони тоҷик, ки аз 8 ҷавонон иборат аст, бо ширкат дар озмуни КВН дар марҳилаи чаҳорякфинал дар моҳи майи имсол ба сабқати нимфиналӣ роҳ ёфт. Онҳо мегӯянд, барои тамошобинон як барномаи хубу диданӣ омода кардаанд.

Талоши тағйири имиҷи Равшану Ҷамшут...

Яке аз маъмултарин мавзӯъҳои ҳаҷвияҳои КВН-чиҳои тоҷик - муҳоҷирони корӣ ва саргузаштҳои хандадори онҳо дар Русия мебошад. Онҳо мегӯянд, як ҳадафашон эҷоди имиҷи мусбати ҳамватанон дар Русия аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафарашон дар ҷустуҷӯи кор дар манотиқи мухталифи ин кишвар дунболи кор ба сар мебаранд.

Мушкили надонистани забон, ҳарос аз полис, саргузаштҳои ғайриоддӣ дар сохтмону тиҷорат ва анъанаҳои миллӣ аз доираи мавзӯъҳои маҳфили зарифон мебошад. Онҳо мегӯянд, баъди эҷоди симои аз назари тоҷикон манфури “Равшану Ҷамшуд” дар як мазҳакаи телевизионии пуртамошобин, шикастани қолаби масхараомези аз ҷониби бозори ом қабулшуда душвор аст. Чунки ин ҷо масъалаи аслӣ маблағ мебошад.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Мирсаидов мегуяд, ҳадафи онҳо ҳам бо истифода аз минбари КВН, ки ҳаводори зиёд дорад, тағйир додани андешаронии манфӣ нисбат ба тоҷикон аст.

Ҷамшед Исмоилзода яке аз ҳозирҷавобони тими мунтахаби Тоҷикистон гуфт барномаи онҳо дар маҷмӯъ аз саргузашти муҳоҷирон иборат аст. Вай гуфт мавзуи мазҳака бо машварати ҳамагон интихоб мешавад. Се соли ахир ба ин гурӯҳ аз ҳисоби буҷаи вилояти Суғд кумак шудааст, вале имсол, ба гуфтаи Хайрулло Мирсаидов, ба дархости худ аз мақомоти маҳаллӣ посухи рад гирифтанд.

Санҷиши харҷҳои тими КВН

Ин ҳам дар ҳолест, ки Олимҷон Зоҳидзода сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин гуруҳ дар се соли гузашта аз суи буҷаи вилоят маблағгузорӣ шуда, танҳо дар як соли ахир ба онҳо 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо ин гуруҳ ба мақомот барои маблағҳои харҷшуда ҳисобот пешниҳод накарданд. Ва ҳоло раҳбари тими мунтахаби Тоҷикистон барои надодани ҳисобот тафтиш мешавад ва ба ин далел ҳукумати вилоят имкони ҷудо кардани маблағ ба ин гуруҳро надоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG