Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Хайрулло Мирсаидов: Сирри тафтишотро фош намекунам


Акси Хайрулло Мирсаидов аз саҳифаи Фейсбуки ӯ гирифта шудааст

Аскар Турсунов – вакили дифои рӯзноманигор ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов – рӯзи 11-уми декабр, баъди мулоқот бо нафари таҳти ҳимояташ, вазъи ӯро хуб арзёбӣ кард. Аммо Турсунов гуфт, ба далели имзо гузоштан зери баёноти “ошкор накардани сирри тафтишот” наметавонад ҷузъиёти мулоқот ва тафсилоти парвандаро ошкор кунад.

Дар парвандаи Мирсаидов, он чӣ бештар мояи суҳбат ва гуфтугӯҳо шудааст, эълони иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ” алайҳи ӯст.

Ин нахустин дидори вакили дифоъ ва зерҳимояаш баъди тақрибан як ҳафтаи боздошти Хайрулло Мирсаидов аст. Мирсаидов барои нақзи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ” (банди 245), “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” (189, 2, "Г"), “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” (340) ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ” (моддаи 346) гумонбар эълон шуда, аз рӯзи 8-уми декабр дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Падари Хайрулло - Ҳабибулло Мирсаидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш худро бегуноҳ меҳисобад.

"Гӯё дастаи КВН шаъни миллатро паст задааст"

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") аз замони боздошт то ба ҳол дар маҳбаси нигаҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Оҷонси мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад. Чаро ӯро дар боздоштгоҳи ин Оҷонс ҷо кардаанд, маълум нест. Вале ба гуфтаи мақомоти наздик ба тафтиши парвандаи Мирсаидов, шароити боздоштгоҳи Оҷонси мазкур дар муқоиса ба СИЗО-и рақами дуи шаҳри Хуҷанд беҳтар будааст.

Дар парвандаи Мирсаидов, ончӣ бештар мояи суҳбат ва гуфтугӯҳо шудааст, эълони иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ” алайҳи ӯст.

Дар ҳоле вакили дифоъ ҳанӯз аз суҳбат худдорӣ меварзад, Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов, рӯзи 11-уми декабр гуфт, ин иттиҳом аз саҳнаҳои ҳаҷвие, ки дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон пешкаши бинандагон гардондааст, сарчашма мегирад. “Ман бахше аз парвандаро хондам. Дар онҷо навишта шудааст, ки гӯё дастаи КВН зимни ҳунарнамоӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст зада бошад. Вале инро бештар вакили дифоъ медонад ва фикрашро хоҳад гуфт,” - афзуд ӯ.

Аризаи зидди Мирсаидовро сардори раёсати ҷавонони Суғд имзо кард

То ҳол маълум нест, кадом саҳна ё саҳнаҳои ҳаҷвии дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") мақомот “барангезандаи кинаву адовати миллӣ” донистаанд. Ин даста аз се сол пеш дар саҳнаву маҳфилҳои Хуҷанд ва Русия ба ҳайси довталаб ба лигаи олии КВН-и Маскав ҳунарнамоӣ мекунад ва бархе аз ҳунарнамоиҳояш дар шабакаи ҷаҳонӣ гузошта шудааст.

Маркази иттилоотии додситонии Суғд дар рӯзи сеюми боздошти Мирсаидов гуфта буд, ки парвандаи ӯ ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад, балки дар пайи аризаи Олим Зоҳидзода, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, маводҳое, ки худи Мирсаидов дар интернет ба нашр расонидааст ва тафтиши молии дастаи ҳозирҷавобон боз шудааст.

Мирсаидов дар моҳи ноябр дар як номаи боз ба унвони раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл – Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз онҳо хоҳиш кард ба мушкилоте, ки дастаи КВН-и ӯ аз “ришвахории бархе мансабдорони вилояти Суғд” рӯ ба рӯ шудааст, расидагӣ кунанд. Баҳси Мирсаидов бо сардори раёсати ҷавонони Суғд низ дар пайи бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шудани дастаи ҳозирҷавобон ва барои сафари навбатӣ ба Маскав барои иштирок дар сабқати нимаҳоӣ маблағ пайдо карда натавонистани ин даста сар зада буд.

Аъзои дигари дастаи КВН ҳам бозпурсӣ шуданд

Як ҳамдастаи Мирсаидов бидуни зикри номаш гуфт, ки боздошти раҳбарашон иштироки дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана")-ро ҷиҳати идомаи сабқат барои ба даст овардани роҳхат ба Лигаи олии КВН-и Маскав зери суол бурд. Дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон се сол қабл рӯи саҳна омада, барои баромадан ба Лигаи олии КВН-и Маскави Русия, ки сабқатҳои байни дастаҳои он тавассути телевизиони ин кишвар намоиш дода мешавад, талош дошт.

Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ ҳамдастаҳои Мирсаидовро низ бозпурсӣ намуданд ва намоиши ҳаҷвии ҳаҷвии “Территория юмора”, ки бо иштироки бархе аъзои дастаи ҳозирҷавобон дар телевизиони маҳаллӣ ба намоиш гузошта мешуд, рӯзи 8-уми декабр пахш нагардид. Вале мусоҳибам афзуд, ки ин намоиш рӯзи шанбеи 16-уми декабр пахш мегардад ва мисли ин ки мақомот ба идомаи он дар оянда низ мамониате надоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG