Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") аз рӯзи 5-уми декабр ба ин тараф дар боздошт аст. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми декабр гуфтанд, ки Мирсаидов дар робита ба баҳси сарфу харҷи пули ҳукумати вилояти Суғд барои ҳунарнамоии тими ҳозирҷавобон дастгир шудааст.

Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон соли 2014 бо ибтикори раиси вилояти Суғд таъсис шуда буд. Соли 2015 дар ҷашнвораи ҳозирҷавобон дар Сочи аз миёни 400 тим ба қатори 70 тими беҳтарин шомил шуд ва ба сабқатҳои телевизионии КВН-и Русия ҳам роҳ ёфт.

Рӯзи 8-уми декабр мӯҳлати 72 соати боздошти ӯ анҷом меёбад ва тафтишот бояд бигӯяд, ки ӯро озод мекунад ё ба унвони гумонбари нақзи қонун дар боздошт нигоҳ медорад.

Манобеи Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ шоми 7-уми декабр гуфтанд, ки Хайрулло Мирсаидов дар СИЗО - боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешавад.

Падари Хайрулло - Ҳабибулло Мирсаидов ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро рӯзи 5-уми декабр ба додситонии Суғд даъват карда, дар ҳамон ҷо боздошт кардаанд. Хайрулло Мирсаидов дар СИЗО-1 нигаҳдорӣ мешавад ва пайвандонаш ӯро аз ҳамон замон надидаанд. Падар гуфт, барои писар як вакили дифоъ гирифтаанд ва сари вақт ғизову либос мебаранд. Ӯ мегӯяд, додситонии вилояти Суғд нисбат ба писараш бо гумони "истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳо" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ӯ мегӯяд, аъзои дастаи ҳозирҷавобонро ба бозпурсиҳо даъват кардаанд.

Хайрулло Мирсаидов 39 сол дошта, дар гузашта ба ҳайси хабарнигори оҷонсии "Азия-Плюс" ва "Мавҷи Олмон" кор кардааст.

Баҳси сарфу харҷи пули КВН

“Сборная КВН Таджикистана” дар маҳфили зарифони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки як барномаи маъруфи телевизиони Русия мебошад, аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад ва дар давоми се соли фаъолияташ шӯҳрату мухлиси зиёде касб кардааст. Раҳбарияти КВН-и Тоҷикистон бо мақомоти вилояти Суғд вориди як даъвои марбут ба фасод шудаанд ва маълум нест, санҷиши додситонӣ чӣ натиҷа медиҳад.

Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон, ки се соли пеш бо ибтикори раиси вилояти Суғд таъсис шудааст, аз ҳисоби буҷети ин минтақа таъмини молӣ мешавад. Аммо ахиран ин тим натавонист ба хотири ширкат дар бозии нимфиналӣ то 10-уми ноябр худро ба Маскав расонад.

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон, 9-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба далели моҷарои фасод ночор ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиати расмӣ карда, дархости расидагӣ ба ин қазия кардааст. Мирсаидов иддао кард, раҳбарияти бахши идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд ба кашолкориву пинҳонкорӣ роҳ дода, ба гуфтаи ӯ, талаби ришва кардаанд.

Вай дар ин бора гуфт, ки онҳоро зарур буд то 10 ноябр вориди Маскав шаванд, аммо мақомоти вилояти Суғд натавонистанд маблағи сафари моро ихтисос диҳанд, зеро, бо дархости раҳбарияти Идораи кор бо ҷавонони вилоят фаъолияти тими онҳо ва истифодаи маблағҳои аз мақомоти вилояти Суғд ихтисосшуда, мавриди бозрасии муфаттишони додситонии вилоят қарор гирифт.

"Ман собит кардам, ки ҳисоботи маблағҳои истифодашударо ба раиси Идораи кор бо ҷавонон супоридаам, аммо вай ин амрро инкор мекунад. Гузашта аз ин вай аз ман тақозо кард, ки бо истифода аз маблағи ҷудошуда барояш 1000 доллар ришва бидиҳам”, афзуд вай. Хайрулло Мирсаидов гуфт, ки феълан гузоришҳои молии фаъолиятҳои КВН-чиҳо дар дасти тафтишот аст ва умедвор аст, ки ин қазия мунсифона баррасӣ мешавад.

Мақомоти Суғд: "Даъво сари истифодаи мақсадноки пул аст"

Вале мақомоти иҷроияи вилояти Суғд мегӯянд, даъвои талаби пора ҳеҷ асосе надорад ва баҳсе, ки бархостаанд, сари истифодаи мақсадноки пулҳои ҷудошуда барои сафар ва фаъолиятҳои ҳунарии тими КВН мебошад. Аз ҷумла, Бахтиёр Каримов, ёвари раҳбари Идораи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи вилояти Суғд 9 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Хайрулло Мирсаидов дар бораи талаби ришва аз ӯро бепоя хонд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.

Вай гуфт: “Тибқи иттилое, ки ман дорам, мақомоти идораи мо аз Мирсаидов ришва талаб накардааст. Мо танҳо даъво дорем, ки аз истифодаи маблағҳои дар солҳои гузашта барои фаъолияти ин тими ҳозирҷавобон аз будҷа ихтисосшуда, ҳисобот диҳад. Зеро, барои тамрину ҳар сафари ин тим ба Русия аз будҷаи вилояти Суғд ба ин гурӯҳи ҳозирҷавобон то 130 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад”.

Дар ҳоле, ки феълан додситонии вилояти Суғд барои шарҳи ин қазия омода нест, тибқи иттилои дарёфтӣ, сохторҳои тафтишотӣ ба тими ҳозирҷавобон гуфтаанд, ки эҳтимолан харҷи таҳияи ҳар як саҳнаҳои ҳаҷвии онҳо бо сарфи маблағҳои зиёд анҷом мешавад ва гӯё ин мавзӯъ низ мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Зимнан, тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон соли 2014 ба ибтикори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъсис шуда буд. Дар соли 2015 дар ҷашнвораи ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Русия аз миёни 400 тим ба қатори 70 тими беҳтарин шомил шуд ва ба сабқатҳои телевизионии КВН-и Русия ҳам роҳ ёфт. Дар соли ҷорӣ ин тим дар сабқати лигаи марказии Маскав то ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Дар соли гузашта ин тими ҳозирҷавобон лигаи мактабхонони КВН дар вилояти Суғдро таъсис дод, ки дар он ҳудуди 200 тим аз мактабҳои шимоли Тоҷикистон сабқат мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG