Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз идомаи ҳабси Хайрулло Мирсаидов


Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Амрико аз тамдиди боздошти Хайрулло Мирсаидов – журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – изҳори нигаронӣ кард.

  • Мирсаидов аз моҳи декабри соли гузашта дар боздошт аст ва мақомот гуфтанд, ки барои таҳқиқи мӯшикофонаи парвандааш муҳлати ҳабси ӯро то моҳи июни имсол дароз кардаанд.
Мирсаидов бар асоси чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “исрофкорӣ” ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ" муттаҳам аст.

Мишел Сайдерс, иҷрокунандаи вазифаи муовини раҳбари намояндагии Амрико дар Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (Вена), рӯзи 12-уми апрел дар изҳороте аз Тоҷикистон хост, баррасии парвандаи Мирсаидовро зудатр анҷом диҳад. “Боздошти ӯ ҷараёни фишори афзоянда ба озодии расонаҳо дар Тоҷикистонро нишон медиҳад, ки сабаб шудааст, чанде аз журналистон кишварро тарк карда, баъзе расонаҳои мустақил корро қатъ намоянд”, - гуфтааст хонум Сайдерс.

Ин намояндаи Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтааст, Тоҷикистон ҳамчун узви ин созмон бояд масъулиятҳои байналмилалии худро дар мавриди таъмини озодии баёну расонаҳо риоя кунад.

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017 дастгир шуд. Боздошти ӯ пас аз он сурат гирифт, ки дар як навиштааш дар Интернет сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд Олим Зоҳидзодаро ба талаби ҳазор доллар барои қабули ҳисоботи дастаи КВН муттаҳам кард. Зоҳидзода гуфт, ки дар ин изҳорот шаъну шарафаш поймол шудааст ва ба додситонӣ шикоят кард.

Ҳоло Мирсаидов бар асоси чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “исрофкорӣ” ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” муттаҳам аст. Аз замони боздошти Хайрулло Мирсаидов созмонҳои бонуфузи ҳомии озодии баён, ба мисли Human Rights Watch ва Кумитаи дифоъ аз журналистон бо пахши изҳорот ва нигаронӣ аз ин ҳодиса озодшавии билофосилаи ӯро тақозо кардаанд.

Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд парвандаи Мирсаидовро шарҳ намедиҳанд ва аз вакилаш ҳам забонхат гирифтаанд, ки ҷузъиёти тафтишро ба ҷомеа фош намекунад. Аммо ҳафтаи гузашта як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло муфаттиши парвандаи ӯ барои дақиқ кардани харҷу дахл ва ҳамин тавр ҳунарнамоии дастаи зери раҳбарии Мирсаидов ба идораи марказии КВН ба Маскав рафтааст.

Бинои Додситонии вилояти Суғд
Бинои Додситонии вилояти Суғд

Додситонӣ талош дорад, гузориши хароҷоти сесолаи фаъолияти гурӯҳи КВН-и Тоҷикистонро бисанҷад. Қаблан Олим Зоҳидзода, сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд иддао карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ба гурӯҳи КВН-и Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 30 ҳазор доллар аз буҷет пул ҷудо шудааст.

Аммо дар раёсати молияи вилояти Суғд ба дархости хаттии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон навиштаанд, ки “аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бевосита маблағ ҷудо нашудааст.” Баъзе аз манобеъ ба Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов гуфтаанд, ки қазия бештар ба саҳначаҳои ҳаҷвии писараш рабт дорад.

Исми Хайрулло Мирсаидов дар Тоҷикистон бо фаъолияташ дар оҷонсии хабари “Азия-Плюс” ва радиои “Мавҷи Олмон” ошно аст. Вай солҳои охир раҳбарии тими ҳозирҷавобони “КВН”-ро бар уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG