Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон: Парвандаи раҳбари ҳозирҷавобони тоҷик “махфӣ” нест


Ҳабибулло Воҳидов
Ҳабибулло Воҳидов

Додситони вилояти Суғд гуфт, ки парвандаи Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – махфӣ нест, аммо то поёни тафтиши қазия ҷузъиёт нахоҳанд дод. Ҳабибулло Воҳидов рӯзи 26-уми январ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамин ки тафтишот тамом шуд, аз натиҷааш ҳамаро хабардор мекунанд.

Боздошт баъди баҳс дар бораи "пора"-талабӣ

Парвандаро каме хондам. Дар онҷо навишта шудааст, ки гӯё дастаи КВН зимни ҳунарнамоӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задааст.

“Инки айбдории ӯ собит мешавад ё не, вақт нишон хоҳад дод. Мо аз натиҷаи тафтишот ҳатман ба Шумо хабар медиҳем”, - мухтасар ҷавоб гуфт додситон.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори пешини оҷонси “Азия Плюс” ва Deutsche Welle (Мавҷи Олмон), солҳои ахир раҳбари КВН – Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик буд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта, пас аз он боздошт шуд, ки як мавриди ришваталабии мансабдореро ба хабарнигорон ошкор кард. Мирсаидов гуфта буд, ин мақомдор гӯё дар ивази иҷозаи пешбурди тарҳи КВН аз ӯ 1000 доллар талаб намудааст.

Чаро "барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ"?

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Ҳоло мақомот ӯро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла исрофкорӣ ё азонихудкунии маблағ ва барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ, муттаҳам медонанд. Дар мавриди моддаи "азонихудкунии маблағ” мақомот гуфтанд, ӯ гӯё пули ҷудошуда ба фаъолияти КВН-ро ғайриқонунӣ истифода кардааст. Аммо дар мавриди инки моддаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ” аз куҷо ба ӯ часпид, шарҳе надодаанд.

Ҳабидулло Воҳидов низ дар нишасти матбуотии худ дар ин маврид чизе нагуфт, аммо таъкид кард, барои пешниҳоди ин модда аз қабл маълумоту асос доштанд. Вале Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов, баъди се рӯзи боздошти писараш гуфта буд, пешниҳоди ин модда гӯё аз як ё чанд саҳнае, ки дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон пешкаши бинандагон гардондааст, сарчашма мегирад.

Дар парванда чӣ навиштаанд?

Ӯ гуфт, “ман парвандаро каме хондам. Дар онҷо навишта шудааст, ки гӯё дастаи КВН зимни ҳунарнамоӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задааст.”

То кунун чанде аз созмонҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи журналистон боздошти Хайрулло Мирсаидовро маҳкум карда, ба озодии ҳарчи зуди ӯ даъват намудаанд. Ҳафтаи гузашта Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) аз мақомоти Тоҷикистон хоста, рӯзноманигори шинохта Хайрулло Мирсаидовро "оҷил ва бидуни шартгузорӣ” озод кунанд.

“Мирсаидов зиндонии сиёсӣ аст, ки танҳо ба хотири таҷруба кардани ҳуқуқу озодиҳояш муҷозот мешавад”, - хулоса шудааст изҳороти Афви Байналмилалӣ.

Видео. Додситони кул: Вазифдор нестем, ки дар ин бора маълумот диҳем

Додситони кулл: Ӯҳдадор нестем,ки ба ин суоли шумо ҷавоб диҳем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

XS
SM
MD
LG