Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мақомоти Суғд ҷонибдори тобиши сиёсӣ гирифтани қазияи Мирсаидов нестанд"


Хайрулло Мирсаидов.
Хайрулло Мирсаидов.

Мақомоти вилояти Суғд аз боздошти Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ва раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик ва алайҳи ӯ боз шудани парвандаи ҷиноӣ изҳори таассуф мекунанд ва мегӯянд ҷонибдори то ба инҷо кашида шудани қазияи ӯ набуданд.

Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, мақомоти вилояти Суғд ҷонибдори тобиши сиёсӣ гирифтани қазияи мазкур нестанд ва ин масъала марбут ба муҳосиботи пулӣ буда, фишор ба матбуот намебошад.

Ин нуктаро мақомоти ҳукумати вилояти Суғд дар мулоқот бо раиси созмони НАНСМИТ - Нуриддин Қаршибоев, ки дар иртибот ба қазияи Мирсаидов дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, зикр кардаанд. Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли ҷорӣ барои сӯҳбат ба Додситонии вилояти Суғд даъват ва худи ҳамон рӯз боздошт шуд.

Мақомоти додситонии вилояти Суғд ва вакилони мудофеи Хайрулло Саидов ҳамчунон бо сабаби махфӣ шудани парванда аз шарҳи ҷараёни таҳқиқот худдорӣ мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) рӯзи 26-уми декабр аз шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири рӯшанӣ бахшидан ба қазияи Хайрулло Мирсаидов дар Хуҷанд бо мақомоти ҳукумати вилояти Суғд дидору гуфтугӯ кардааст.

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

Вай гуфт, роҷеъ ба қазияи Мирсаидов бо раиси ҳукумати вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мулоқот кардааст. Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, мақомоти ҳукумати вилояти Суғд аз чунин ранг гирифтани баҳси Хайрулло Саидов изҳори таасуф мекунанд.

"Масъулони ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, агар ин баҳс дар сатҳи бахши вилоятии Кумитаи иттифоқи ҷавонон ва варзиш ҳалли худро меёфт ва ба он нуқта гузошта мешуд, беҳтар буд, вале бо таассуф кор то ба инҷо кашида шудааст. Онҳо мегӯянд, тарафдори ин набуданд, ки кор то ба инҷо кашида шавад",-афзуд ҷаноби Қаршибоев.

Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, мақомоти вилояти Суғд ҷонибдори тобиши сиёсӣ гирифтани қазияи мазкур нестанд ва ин масъала марбут ба муҳосиботи пулӣ буда, фишор ба матбуот намебошад.

Дар робита ба ин, ки чаро ҷараёни тафтишоти парвандаи Хайрулло Мирсаидов аз ҷониби Додситонии вилоят махфӣ карда шуд ва алайҳи ӯ бо ҷурми “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” парванда боз шудааст, ҷаноби Қаршибоев мегӯяд, ин суолҳо ба додситонии вилоят марбут ҳастанд ва дар мулоқот бо додситон ва вакилони мудофеъбаррасӣ хоҳад кард.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.

Вай гуфт, ҳадафи аслии ошноӣ бо ҷараёни таҳқиқоти қазияи Хайрулло Мирсаидов, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ мебошад. Нуриддин Қаршибоев афзуд, ҳамчунин дар назар дорад, барои рӯшанӣ бахшидан ба ҷараёни тафтишоти қазияи Мирсаидов, як гурӯҳи корӣ аз ҳисоби журналистони вилоятро таъсис диҳад.

То замоне, ки ин гузориш омода мешуд, бо назардошти баргузории як ҷаласаи додситонии вилояти Суғд, мулоқоти Нуриддин Қаршибоев бо масъулони ин ниҳод ба рӯзи дигар гузошта шуд ва вакилони мудофеи Хайрулло Мирсаидов низ ҳанӯз аз худ дарак надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов 26-ум декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан аз боздошти фарзандаш як моҳ мегузарад, вале ӯро надидааст ва ҳеҷ гуна мулоқот накардааст: “Вакилони мудофеъ, ки ду нафар ҳастанд, аслан ҳеҷ чиз намегӯянд, ман намедонам тафтишоти Хайрулло ба куҷо расидааст. Ҳеҷ дарак надорам."

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр бо нашри як изҳорот аз шеваи боздошти Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ва раҳбари КВН – Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик, нигаронӣ кардааст.

Аъзои Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик.
Аъзои Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик.

Дар изҳороти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шуда буд, ки тафтишот дар нисбати Мирсаидовро мунсифона анҷом дода ва ӯро бо вакили дифоъ таъмин намояд.

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр барои сӯҳбат ба бинои додситонии вилояти Суғд даъват ва боздошт гардид. Рӯзи 8-уми декабр аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ӯ барои нақзи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ”, гумонбар эълон шуд.

XS
SM
MD
LG