Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Матбуоте, ки танҳо барои ситоиш бошад, ба кор намеравад" ВИДЕО


Таҷлили 106-умин солгарди матбуоти тоҷик дар Тоҷикистон дар шароите мегузарад, ки аксар соҳибқаламон аз сангин будани шароити кор аз назари моливу сиёсӣ шикоят мекунанд.

Дар ҳоле, ки аксари нашрияҳоро мушкилоти молӣ дунболагир аст, маҳдуд будани озодии баён ва худдории нашрияҳо аз инъикоси матолиби интиқодии сиёсӣ дар саҳифаҳои матбуотро аз доғтарин масоили соҳа меноманд. Дар давоми ду-се соли охир ҳадди аққал чор нашрияи мустақил баста шуда, шумораи хонандаҳо ё муштариҳои нашрияҳои дигар шадидан коҳиш ёфт.

Бархе журналистону сардабирон мегӯянд, фазои сиёсии кишвар дар се соли охир ва баъди интихоботи парлумонии баҳсбарангези соли 2015 ва баста шудани ҳизби наҳзати исломиву боздошти даҳҳо нафар, тағйир ёфт.

Қудратбек Элчибеков, корманди Пажӯҳишгоҳи мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз чор-панҷ соли пеш одат дошт ҳар ҳафта нашрия харида, аз матолиби ҷолибу таҳлилии рӯзноманигорони тоҷик аз таҳаввулоти охири кишвар ва ҷаҳон огаҳ шавад. Вале ҳоло, мегӯяд ӯ, ба матбуот зарур аст, ки бештар ҳақиқтгӯӣ ва воқеиятнигор бошад.

"Матбуот мушкилоти зиндагии мардум ва чӣ рӯзгоре доранд, камбудиҳоро матраҳ кунад. Агар матбуот танҳо барои ситоиш бошад, ба кор намеравад. Бубинед, дар ҷомеа чӣ мегузарад. Мактабу маориф, масоили фасод, ин масоили дардоварест, ки бояд ошкоро гуфта шавад",-мегӯяд ин донишманди тоҷик.

"Аз харидани нашрияҳо даст кашидам"

Як хонандаи дигари нашрияҳои тоҷик мегӯяд, дигар аз одати харидани нашрияҳо комилан даст кашидааст. Мегӯяд, зарурате намебинад, чун интизороти ӯ бароварда намешавад. Сокини шаҳри Душанбе Таваккал Мирзоев мегӯяд, на дар ҳама нашрияҳо озодии баён ба назар мерасад ва мавзуоти муҳими кишвар гуфта мешавад.

Ҳафтаномаҳо фақат таъриф накунанд, ҳақиқатро бигӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Таваккал Мирзоев афзуд, ки рӯзномаҳоро дигар намехонад, чун дар ин нашрияҳо на хабару матлаби дурусте ва ҷолибе дида намешавад ва он чӣ мехоҳад, дар онҳо дида намешавад. Ӯ аз ҷумла мегӯяд, мавзӯъҳо ва руйдодҳои муҳиме, ки дар кишвар иттифоқ меафтанд, дар нашрияҳо ба таври бояду шояд бозгӯ намешаванд.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи мустақили "СССР".
Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи мустақили "СССР".

"Барои мисол, соли гузашта гурӯҳе аз мақомҳои баландпоячи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро боздошт карданд, аммо дар матлабе ба таври муфассал дар бораи сабаби боздошташон гуфта нашуд. Ба ин далел аз хондани нашрияҳои тоҷикӣ сарфи назар мекунам",-афзуд вай.

Матбуоти тоҷик дучори "бӯҳрони молӣ"

Зоҳиран ин мушкилотро худро нашрияҳо ва сардабирони онҳо ҳам дарк мекунанд. Дар навбати аввал аксари онҳо аз мушкилоти молии худ шикоят доранд. Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи мустақили "СССР", ки мегӯяд аз нашриёт 30 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст, вазъи матбуоти тоҷикро “дучори бӯҳрони молӣ” номид.

Сайёфи Мизроб мегӯяд, ки матбуот, ба вижа матбуоти хусусӣ дар ин шабу рӯз марҳилаи сангинеро пушти сар мекунад, чунки дастгирии субсидияҳои давлатӣ вуҷуд надорад. "Ман намедонам, ки идеологҳои мо чӣ гуна фикру андеша доранд, ки аз матбуоти хусусӣ ҳукуматро канор мебаранд. Мо матбуоти хусусӣ, ҳамеша паҳлӯи давлату ҳукумат, миллат ва ормонҳои миллии ҳукумати Тоҷикистон будему ҳастем",-афзуд сардабири "СССР"

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи "Фараж".
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи "Фараж".

Сардабирон мегӯянд, ки нашрияҳо дигар тиҷорати даромаднок нестанд ва сармоягузорон ҳам барои маблағгузорӣ ба ин бахш пайдо намешаванд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз 15-20 соли пеш чопу фурӯши нашрия аз сердаромадтарин навъҳои бизнес дар Тоҷикистон маҳсуб меёфту нашрияҳо бо тақдими матолиби интиқодӣ бо ҳам дар рақобати шадид буданд. Вале дар муддати ду-се соли охир дар кишвар чанд нашрия ва ду хабаргузории мустақил комилан баста шуданд.

Фазо барои журналистон боз ҳам тангтар шудааст

Бархе дигар журналистону сардабирон мегӯянд, фазои сиёсии кишвар дар се соли охир ва баъди интихоботи парлумонии баҳсбарангези соли 2015 ва баста шудани ҳизби наҳзати исломиву боздошти даҳҳо нафар бо гумони ҳамдастӣ дар ошӯби мусаллаҳонаи сентябри он сол, фазои сиёсӣ тағйир ёфт. Маҳдуд шудани фазои сиёсиро аксар журналистон ҳамчун баҳонае барои маҳдуд шудани қалами журналистон ва озодии баён арзёбӣ мекунанд.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи "Фараж" мегӯяд, дар зери ин мушкилот озодии баён ба чизи дуюмдараҷа ва сеюмдараҷа шудааст. Ба гуфтаи ӯ, нашрияҳое ҳастанд, ки ду-се сол пеш хабаре аз мушкилоти онҳо ва баста шуданашон набуд, аммо онҳо аз пеши худ бастанд. Онҳо 7-8 моҳ шудааст, ки маош дода наметавонанд ва ҳамаи ин ба мушкили иқтисодӣ рабт мегирад.

Шаҳло Акобирова, раҳбари Шӯрои ВАО.
Шаҳло Акобирова, раҳбари Шӯрои ВАО.

Дар шохиси озодии матбуоти Гузоришгарони бидуни марз Тоҷикистон соли 2017 дар мақоми 149-ум қарор гирифт. Вазъи озодии баён дар ин кишвар “мушкил” арзёбӣ шудааст. Яке аз роҳҳои ҳалли мушкил ба андешаи Шаҳло Акобирова, раҳбари Шӯрои ВАО, дар тақвияти кори расонаҳои электронӣ мебошад.

Вай гуфт: “Дар шароити феълӣ масъалаи асосӣ боло бардоштани сатҳу сифати журналистика аст ва дар истифодаи хеле васеъ аз технологияҳо, журналистика метавонад ҷойи бештаре дошта бошад”. Ба андешаи Шаҳло Акобирова, матбуоти чопӣ ва озодии баёну андеша он замон таъсирбахш ва мустақҳкам мегардад, ки ҷойгоҳи матбуот дар фазои маҷозӣ тақвият ёбад.

Баҳсҳо сари озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот дар ҳолест, ки дар ду-се соли ахир чандин нашрия ва хабаргузорӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият монданд. Дар ин радиф нашрияи “Нигоҳ” ва хабаргузории “Тоҷнюс”, хабаргузории “Озодагон” ва ҳафтаномаи “Миллат” бо сабабҳои мухталиф фаъолияташонро қатъ карданд. Дар вилояти Суғд журналист ва муассиси гурӯҳи ҳаҷвнигорони КВН Хайрулло Мирсаидов бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ” боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG