Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллозода: "Истеъфои Зоҳидзода ба қазияи Мирсаидов рабт надорад"


Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, гуфт, истеъфои Олим Зоҳидзода аз мақоми сардори раёсати кор бо ҷавонони Суғд ба боздошти Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари "Маҳфили зарифон" ё КВН ҳеч рабт надорад. Номи Зоҳидзода баъди онки Хайрулло Мирсаидов ӯро ба фасодкорӣ айбдор дониста буд, сари забонҳо гардид.

"Худаш хост, ки аз мақом равад"

Хайрулло Мирсаидовро ба тақаллуб, баёноти бардурӯғ ба милиса, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам кардаанд

Аҳтам Абдуллозода рӯзи 12-уми феврал ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, "Олим Зоҳидзода бо ихтиёри худ аз вазифа рафт ва иқдоми вай ба қазияи боздошти Хайрулло Мирсаидов рабт надорад." Абдуллозода афзуд: "Олим Зоҳидзода худаш бо хоҳиши худ ариза навишт ва хост, то аз ин мақом биравад. Бинобар ин, хоҳишаш қонеъ карда шуд".

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Олим Зоҳидзода охирҳои ҳафтаи гузашта аз мақомаш истеъфо додаст. Ӯ аз ҷавонони фаъоли вилояти Суғд дониста мешуд.

Зоҳидзода: "Ба матбуот хабари бардурӯғ дод"

Олим Зоҳидзода, сардори инак собиқи Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, охири моҳи декабри соли гузашта гуфт, агар Мирсаидов дар бораи гӯиё 1000 доллар ришва ба матбуот хабар намедод, нисбат ба вай тафтишот сурат намегирифт.

"Вақте дар матбуот хабари бардурӯғ дар мавриди ришватситонии ман пахш шуд, ҳатман барои ҳимояи шаъну шарафи худ ба Додситонии вилоят муроҷиат кардам. Хостам, сарфу харҷи маблағҳои ҳукумати вилоят ба КВН-ро тафтиш кунанд", - нақл карда буд Зоҳидзода ба Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ.

Хайрулло Мирсаидов.
Хайрулло Мирсаидов.

Хайрулло Мирсаидовро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар зодгоҳаш дар шаҳри Хуҷанд дастгир карданд. Ӯ баъд аз он боздошт шуд, ки ба номи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл Юсуф Раҳмон ва Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти Суғд номае навишт ва гуфт, пеши роҳи мақомоти ба гуфтаи вай ришвахорро бигиранд.

Падари Хайрулло: Писарам гуфт, гуноҳ надорад

Хайрулло Мирсаидовро ҳоло ба тақаллуби молӣ, баёноти бардурӯғ ба милиса, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мекунанд. Барои ин иттиҳом дар Тоҷикистон, мумкин аст, фарди гунаҳкор ба 21 соли зиндон маҳкум шавад.

Қаблан падари Хайрулло Мирсаидов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Хайрулло иттиҳомоти эълоншударо беасос медонад ва мегӯяд, бегуноҳ аст. Ҳафтаи гузашта дар додситонии вилояти Суғд ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтаанд, бо дархости додситонӣ ва барои “таҳқиқи комил ва бетарафонаи парванда” мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидовро барои ду моҳи дигар тамдид кардаанд.

Интиқоди созмонҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон

Мирсаидов дар гузашта барои “Азия Плюс” ва радиои "Мавҷи Олмон" кор кардааст. Ӯ узви тими миллии КВН-и Тоҷикистон буд, ки маҳфили гурӯҳи ҳозирҷавобон аст.

Давлати Тоҷикистонро барои боздошти Хайрулло Мирсаидов, танқид кардаанд. Созмони Афви Байналмилал, қароргоҳаш дар Лондон, Мирсаидовро фарде номидааст, ки барои “истифода аз ҳаққи озодии баён” боздошт шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG