Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Хайрулло Мирсаидов бояд озод шавад


Масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидов аз боздоштгоҳ озод шавад.

Дар изҳороти дигар дар ин робита ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар назди САҲА ҳам аз тамдиди боздошти журналисти тоҷик изҳори нигаронӣ карда аз Тоҷикистон хостааст, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои

Қарор аст мавқеи Тоҷикистон дар робита бо қазияи Хайрулло Мирсаидов дар ҷараёни Шӯрои доимии САҲА шунида шавад

байналмилалиаш амал кунад. Қарор аст Тоҷикистон дар ҷараёни Шӯрои доимии САҲА рӯзи 19 апрел дар робита бо қазияи Мирсаидов изҳори назар кунад.

Хайрулло Мирсаидов, ки рӯзи 5-уми декабри соли 2017 дастгир шуд, бо як қарори тафтишот то июни соли ҷорӣ дар боздоштгоҳ мемонад. Боздошти ӯ пас аз он сурат гирифт, ки дар як навиштааш дар Интернет сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд Олим Зоҳидзодаро ба талаби ҳазор доллар барои қабули ҳисоботи дастаи КВН муттаҳам кард. Зоҳидзода гуфт, ки дар ин изҳорот шаъну шарафаш поймол шудааст ва ба додситонӣ шикоят кард.

Ҳоло Мирсаидов бар асоси чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “исрофкорӣ” ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” муттаҳам аст.

Ҳарлем Дезир: Иттиҳоми зидди Хайрулло Мирсаидов бозбинӣ шавад

Ҳарлем Дезир, масъули САҲА дар умури озодии матбуот бо пахши изҳороте дар Вена рӯзи 13 апрел аз мақомот дар Тоҷикистон хост, ки журналист Хайрулло Мирсаидов аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод шавад. “Мирсаидов хабарнигорест, ки дар солҳои охир барои чандин расонаҳои милливу байналмилалӣ кор кардааст. Ҳоло ӯро дар азхудкунии маблағҳо, сохтакории ҳуҷҷатҳо, иттиҳомоти дурӯғин ва ҳам барангехтани адовати миллӣ айбдор мекунанд”, омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти САҲА гуфта мешавад, ки Мирсаидовро декабри соли 2017 баъди муроҷиаташ ба президент Эмомалӣ Раҳмон аз амалкарди мақомоти маҳаллӣ боздошт карданд. “Ман аз мақомот дар Тоҷикистон тақозо мекунам, ки иттиҳоми зидди Хайрулло Мирсаидов бозбинӣ шавад ва нигаҳдошти ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ хотима ёбад”, гуфт Дезир.

САҲА мегӯяд, ки моҳи марти соли 2018 ба мақомоти тоҷик нома фиристода аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи ӯ, ки ба эътимоди Дезир фаъолиятҳои журналистиаш бастагӣ дорад, изҳори нигаронӣ кардааст. Дезир аз Тоҷикистон хост, ки иттиҳомоти зидди Мирсаидов бозбинӣ шавад.

Иттиҳодияи Аврупо: Амнияти журналистон таъмин шавад

Рӯзе пеш аз ин, 12 апрел Иттиҳодияи Аврупо ҳам бо пахши изҳороте аз тамдиди боздошти Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кардааст. Ҳайати ИА дар САҲА дар баёнияе навишт, ки “иттиҳомоти зидди Мирсаидов” ҳосили “фаъолиятҳои фошкорона”-и ӯ мебошад.

“Мо аз қатъномаи маҷмаи кулли СММ ёдовар мешавем, ки 1 ноябри соли гузашта қабул шуда, таъмини амнияти журналистонро тақозо ва ҳама гуна ҳамла, аз ҷумла боздоштҳои бесабаби журналистонро маҳкум мекунад”, омадааст дар ин изҳорот. Дар изҳороти ИА гуфта мешавад, ки қазияи Мирсаидов ва вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад. Брюссел аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ бар асоси Эъломияи умуми ҳуқуқи башар, Оинномаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ ва ҳам ӯҳдадориҳояш дар баробари САҲА амал кунад.

Шӯрои доимии САҲА ва қазияи Мирсаидов

Рӯзи 16 апрел дар дафтари САҲА дар Вена ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қарор аст мавқеи Тоҷикистон дар робита бо қазияи Хайрулло Мирсаидов дар ҷараёни Шӯрои доимии САҲА шунида шавад.

Аз замони боздошти Хайрулло Мирсаидов созмонҳои бонуфузи ҳомии озодии баён, ба мисли Human Rights Watch ва Кумитаи дифоъ аз журналистон бо пахши изҳорот ва нигаронӣ аз ин ҳодиса озодшавии билофосилаи ӯро тақозо кардаанд. Ҳафтаи гузашта Амрико ҳам дар изҳороте аз Тоҷикистон хост, баррасии парвандаи Мирсаидовро зудтар анҷом диҳад.

Амрико аз тамдиди боздошти Хайрулло Мирсаидов – журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – изҳори нигаронӣ кард.

Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд парвандаи Мирсаидовро шарҳ намедиҳанд ва аз вакилаш ҳам забонхат гирифтаанд, ки ҷузъиёти тафтишро ба ҷомеа фош намекунад. Аммо ҳафтаи гузашта як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло муфаттиши парвандаи ӯ барои дақиқ кардани харҷу дахл ва ҳамин тавр ҳунарнамоии дастаи зери раҳбарии Мирсаидов ба идораи марказии КВН ба Маскав рафтааст.

Додситонӣ талош дорад, гузориши хароҷоти сесолаи фаъолияти гурӯҳи КВН-и Тоҷикистонро бисанҷад. Қаблан Олим Зоҳидзода, сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд иддао карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ба гурӯҳи КВН-и Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 30 ҳазор доллар аз буҷет пул ҷудо шудааст.

Аммо дар раёсати молияи вилояти Суғд ба дархости хаттии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон навиштаанд, ки “аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бевосита маблағ ҷудо нашудааст.” Баъзе аз манобеъ ба Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов гуфтаанд, ки қазия бештар ба саҳначаҳои ҳаҷвии писараш рабт дорад.

Исми Хайрулло Мирсаидов дар Тоҷикистон бо фаъолияташ дар оҷонсии хабари “Азия-Плюс” ва радиои “Мавҷи Олмон” ошно аст. Вай солҳои охир раҳбарии тими ҳозирҷавобони “КВН”-ро бар уҳда дошт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG