Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрулло Мирсаидов ду моҳи дигар дар боздошт мемонад


Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, то моҳи июни имсол дароз шуд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд рӯзи 4-уми апрел гуфт, “ин муҳлат имкон хоҳад дод, ки парванда ҳаматарафа таҳқиқ шавад”.

Мақомот ба Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов гуфтаанд, ки қазия ба саҳнаҳои ҳаҷвии писараш рабт дорад.

Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта, пас аз онки бо раиси собиқи идораи ҷавонони Суғд Олим Зоҳидзода, дар мавриди пули КВН вориди баҳси лафзӣ шуд, боздошт гардид. Ҳоло мақомоти тафтишотӣ харҷи пулҳои буҷет дар кори ҳозирҷавобони тоҷик ва саҳнаҳои ҳаҷвии ин гуруӯҳ дар КВН-и Русияро баррасӣ доранд.

Чаро муфаттиш ба Русия рафт?

Манбаи мо дар ниҳодҳои интизомии вилоят гуфт, раҳбари гурӯҳи тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов низ бо сафари корӣ ба Маскав, маҳалли асосии намоиши КВН, рафтааст. Ӯ гуфт, “муфаттиш ба пойтахти Русия рафтааст, то далелҳои пешниҳодшуда дар мавриди пули КВН-и Тоҷикистонро бисанҷад. Ҳамчунин, ӯ навори пурраи ҳунарнамоии даста дар Русияро мегирад, ки барои арзёбии муҳтавои онҳо муҳим аст.”

Қаблан масъули маркази иттилоотиву таҳлилии додситонии Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, додситонӣ дар ин бора ба мақомоти марбутаи Русия дархост фиристодааст. Аммо посухе нагирифтааст. Ба назар мерасад, ҳамин амр муфаттиши калони гурӯҳи тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидовро водор кард, ба Маскав биравад.

Зоҳидзода: 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд

Додситонӣ талош дорад, гузориши хароҷоти сесолаи фаъолияти гурӯҳи КВН-и Тоҷикистонро бисанҷад. Олим Зоҳидзода, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд охири моҳи январи имсол дар нишасти хабариаш гуфт, соли 2017 ба гурӯҳи КВН-и Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар пай Зоҳидзода ба қавли мақомот, “бо хоҳиши худаш ариза навишта аз кор рафт”.

Идораи молия: "Аз буҷет бевосита маблағ ҷудо нашудааст"

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Ин дар ҳолест, ки сарраёсати молияи вилояти Суғд дар посух ба дархости хаттии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфтааст, “аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бевосита маблағ ҷудо нашудааст.”

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

Мирсаидовро барои суҳбат ба додситонӣ даъват ва дастгир карданд. Ӯ то ба ҳол дар боздошгоҳи нигаҳдории муваққатӣ (СИЗО) – и шаҳри Хуҷанд дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи дифоъ аз журналистон иттиҳоми алайҳи Мирсаидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд

Додситонии Суғд ӯро мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ: “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ” (банди 245), "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ (189, 2, "Г"), "сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ" (340) ва “дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (соддаи 346)" парвандаи ҷиноӣ муттаҳам эълон кард. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, ки парвандаи Мирсаидов “махфӣ” нест, вале вакилони дифои ӯ барои “ошкор накардани сирри тафтишотӣ” забонхат навиштаанд.

Мақомоти додситонӣ аз шарҳи ҷузъиёти парвандаи Мирсаидов худдорӣ мекунанд, вале созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи дифоъ аз журналистон иттиҳоми алайҳи Мирсаидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Мақомот ҳанӯз эълон накардаанд, ки ин иттиҳомро бо чӣ асос ва далелҳое пешниҳод кардаанд. Вале баъзе манобеъ ба Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов гуфтаанд, ки қазия ба саҳначаҳои ҳаҷвии писараш рабт дорад.

XS
SM
MD
LG