Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон аз зӯроварӣ шикоят доранд. Мардон мегӯянд, на ҳамааш ҳақиқат аст


Занон аз зӯроварӣ шикоят доранд. Мардон мегӯянд, на ҳамааш ҳақиқат аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, шикоятҳо аз хушунату зӯроварӣ нисбат ба занон афзудааст. Дар даҳ моҳ беш аз 3 ҳазор нафар ба Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ шикоят кардаанд, ки дар оила хушунат дидаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 400 ҳолат бештар будааст. Занон мегӯянд, аксаран аз тарафи шавҳар ва хусуру хушдоман ва пайвандони онҳо азияти лафзӣ ва ҷисмиву равонӣ мебинанд. Мардон мегӯянд, ки баъзе аз ин шикоятҳо асос надорад ва занон ба ҷои таҳаммул ва ҳифзи хонавода вазъро аз будаш бадтар нишон медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, пажуҳиши созмонҳои ғайридавлатӣ муайян кардааст, ки дар оилҳои камбизоат занон ду баробар бештар аз оилаҳои доро ба зӯроварӣ ва хушунат гирифтор мешаванд. Тафсилотро дар видео бинед ва навиштани назари худро фаромӯш накунед.

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG