Ширкати ТГЕМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ навиштааст, ба як коргари собиқаш, ки дар сохтмони неругоҳи “Роғун” осеб гирифт, даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохтааст.
Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе дар номае ба Радиои Озодӣ гузоришҳоро аз монеагузории мақомоти Тоҷикистон ба сӯгворӣ аз даргузашти Оқохони 4 рад кард. Радиои Озодӣ дар ин бора ба нақл аз матлаби бунгоҳи "Forum 18" дар моҳи марти имсол хабар дода буд.
Радиои Озодӣ соли 2024 дар бораи ҳаводиси Тоҷикистон ва ҷаҳон хабару гузоришҳои зиёде нашр кард. Аксари онҳо бо вокунишҳо рубарӯ шуда, бархе мушкили қаҳрамони гузоришҳои мо ҳал шуданд. Баъзе аз ин намунаҳоро дар як гузориш ҷамъ кардем.
Даҳ муҳоҷири тоҷик, ки дар як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадани Русия, ба гуфтаи худашон, ғуломвор кор мекарданд, баъди гузориши Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ наҷот дода шудаанд.
Як муҳоҷири тоҷик, ки дар аввали моҳи ноябр бо фиристодани наворе ба "Мигрант Медиа" аз вазъи бади худу ҳамсар ва се кӯдакаш дар Боздоштгоҳи муваққатии Екатеринбург шикоят карда буд, озод шуда, ба Тоҷикистон баргаштааст.
Комбинати металлургии тоҷик ба як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи кони санги мармар дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вокуниш кард. Матлаби “Комбинат чӣ гуна кони мармари Хрусталро ба даст овард?” рӯзи 30-юми октябри соли 2024 нашр шуд.
Ёфтҳои бештар