Пайвандони як ҷавони бемор, ки бо вуҷуди барои хидмати ҳарбӣ ношоям буданаш ба артиш бурдаанд, гуфтанд, ки пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ фармондеҳонаш ӯро барои муолиҷа ба назди табибон фиристодаанд.
Туратбек Палбанов, падари ҷавони 23-сола аз Мурғоб рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тойчибек Қойчумановро ба қисми тиббӣ бурда ва ваъда додаанд, ки ба зудӣ барои муолиҷа дар шифохонаи низомӣ бистарӣ мекунанд.
Ба қавли ӯ, пизишкон ба Тойчибек, ки аз дарди сахти камар ранҷ мекашад, барои таскини дардаш доруҳои қавӣ додаанд. Туратбек Палбанов афзуд: “Ман ҳафтаи гузашта бо писарам гап задам. Гуфт, як фармондеҳи қисми ҳарбӣ омада, ба вай гуфтааст, ки чаро Радиои Озодӣ дар бораи ту навиштаааст? Мо худамон метавонем, расидагӣ кунем. Ваъда додаанд, ки рӯзҳои наздик дар шифохона бистарӣ мекунем.”
Тойчибек Қойчуманов, ки ҳоло дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар шаҳри Исфара адои хизмат мекунад, бар тибқи хулосаи табибон аз бемории “хандрози қисми камар ва чорбанди сутунмуҳра” ранҷ мебарад. Радиои Озодӣ дар бораи ин ҷавон рӯзи 14-уми май гузориш дод.
Агарчӣ ӯро моҳи сентябри соли 2025 баъди муоина ва хулосаи табибон “ғайриқобили хизмати ҳарбӣ” дониста ва аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардаанд, вале моҳи марти имсол ӯро ба комиссариати низомии Вилояти Бадахшон даъват карда ва рост ба артиш фиристодаанд.
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси вилоят дар номае ба унвони Алишер Мирзонабот, раиси вилоят ва ҳам падари сарбоз навиштааст: “Номбурда санаи 30.09.2025 аз комиссияи вилоятӣ гузашта тибқи хулосаи духтур ба ӯ “хандрози қисми камар ва чорбанди сутунмӯҳра” муайян карда шудааст.
Номуносиб барои хидмат, вале дар хидмат. Чаро?
Бинобар вазъи саломатиаш даъватшаванда ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шуда, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шуд.” Нусхаи ин нома ва натиҷаҳои муоинаи рентгении Тойчибек Қойчуманов дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи ин қазия, ки чӣ гуна ҷавони бемору “барои хидмати ҳарбӣ” ношоямро ба хидмат бурдаанд, натиҷа надод.
Жапаргул Боқирова, хоҳари Тойчибек дар аризае ба номи раиси вилояти Бадахшон навиштааст, ки бародарашро бо баҳонаи онки “билети ҳарбиаш”-ро ба ӯ медиҳанд, рӯзи 30-уми март ба Комиссариати низомӣ хонда, вале санадҳояшро пинҳон карда ва қобили хидмат дар сафи артиш гуфта ба Исфара бурданд. Як бародари ӯ ҳам айни замон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат мекунад.
Ба сафи артиш фиристодани ҷавонони бемор, ки гоҳо бо марги онҳо низ анҷомидааст, дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест. Моҳи феврали имсол наздикони Эмомҷон Шаханов, як сокини ноҳияи Муъминобод шикоят карданд, ки ӯро, ки гирифтори бемории рӯҳӣ аст, бо зӯр ба артиш бурдаанд. Моҳи декабри соли 2025и хонаводаи Исо Исозода, сарбози як қисми ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб, ҳам гуфтанд, писарашон бемории саръ ё эпилепсия дорад, аммо ба артиш фиристода шудааст.