Пайвандони Тойчибек Қойчуманов мегӯянд, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Мурғоб ӯро бо вуҷуди беморӣ ва бо роҳи фиреб ба хидмати низомӣ бурдаанд.
Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки вазъи Қойчуманови 23-сола дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар шаҳри Исфара то рафт бадтар мешавад.
Жапаргул Боқирова, хоҳари Тойчибек рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо бародарам гап задам, гуфт, ки вақти аз ҷой хестан ва ҳаракат кардан дарди сутунмуҳрааш сахттар мешавад. Намедонад чӣ кор кунад. Мо ба тамоми мақомот нома навиштем ва бо санаду далелҳо ба қисми ҳарбиаш дар Исфара муроҷиат кардем, вале гӯш намекунанд".
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз Комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва қисми ҳарбӣ дар шаҳри Исфара бенатиҷа буд.
Наздикони Тойчбек Қойчуманов мегӯянд, ин ҷавонро бори аввал моҳи октябри соли 2025 ба артиш даъват карда, аммо бо сабаби беморӣ, ҷавобаш доданд. Он вақт Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар номае ба раиси ин вилоят Алишери Мирзонабот навиштааст, Тойчибек Қойчуманов тибқи хулосаи пизишкон бемории “хандрози қисми камар ва чорбанди сутунмуҳра” дорад ва “ғайри қобили хизмати ҳарбӣ” эътироф шудааст. (Нусхаи ин нома ба дасти Радиои Озодӣ расидааст.)
Вале ҳангоми даъвати баҳорӣ, дар моҳи марти соли равон Тойчибек Қойчумановро “бо баҳонаи додани билети ҳарбӣ” ба комиссариати ҳарбии Бадахшон бурда, аз он ҷо ба артиш фиристоданд.
Пайвандони ин ҷавон талош доранд ба Додситонии ҳарбии вилояти Суғд нома навишта, бемор бурдани фарзандашонро исбот кунанд.
Ин бори аввал нест, ки хонаводаҳо аз фиристодани фарзандони беморашон ба артиш шикоят доранд. Моҳи феврали имсол наздикони Эмомҷон Шаханов аз ноҳияи Муъминобод шикоят карданд, ки бо вуҷуди бемори рӯҳӣ доштан, ин ҷавонро ба артиш бурданд. Моҳи декабри соли гузашта хонаводаи Исо Исозода, сарбози як қисми ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб, ҳам гуфтанд, писарашон бемории саръ ё эпилепсия дорад, аммо ба артиш фиристода шудааст.
Дар Тоҷикистон дар гузашта баъзе мавридҳои ба артиш бурдани ҷавонони бемор сабт шуда, гоҳе бо марги онҳо анҷомидааст. Намояндагони ҳукумат як дафъа дар соли 2016 аз мақомоти тандурустӣ интиқод карда буданд, ки гуё онҳо дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш ба чанд нафари мариз иҷозаи хидматро додаанд.