Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтем, бемори равонӣ аст, вале бовар накарданду ба артиш бурданд"

Идимо Сафарзода мегӯяд, шавҳараш бемор аст, вале мақомот моҳи октябри 2025 ӯро ба артиш бурдаанд
Идимо Сафарзода мегӯяд, шавҳараш бемор аст, вале мақомот моҳи октябри 2025 ӯро ба артиш бурдаанд

"Дар бемористон ҳуҷҷат доданд, ки касали рӯҳӣ аст, аммо аз артиш ҷавоб намедиҳанд." Пайвандони Эмомҷон Шаханов аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо баёни ин ҷумла ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ӯ бемор аст ва бояд аз хидмат озод карда шавад.

Мақомот ин сокини 27-солаи ноҳияи Муъминободро дар тирамоҳи соли 2025 ба сарбозӣ бурдаанд. "Бемор аст. Ҳамсараш пул надорад, ки хабар гирад. Ятим аст. Тағояш шикоят кард. Аз тамоми ҷо ба сараш рафтанд, ки чаро шикоят кардӣ. Ҳоло намедонем чӣ кор кунем," – гуфт яке аз хешовандонаш.

Радиои Озодӣ ҳуҷҷатеро дид, ки Додситонии ҳарбӣ аз вазъи Эмомҷон Шаханов огоҳ аст ва пизишкон низ бемории ӯро тасдиқ мекунанд.

Ҳамсараш Идимо Сафарзода мегӯяд, Эмомҷон Шаханов як моҳро дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва як моҳи дигарро дар шифохонаи ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар гузарондааст. Ҳоло дар як қисми низомии Вазорати дифоъ дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад.

"Кормандони комиссариати ҳарбии Муъминобод ӯро рӯзи якуми октябри 2025 ба артиш бурданд. Борҳо ба онҳо гуфтем, ки ӯ бемор аст. Бовар накарданд," – афзуд ӯ.

Пайвандони Эмомҷон Шаханов мегӯянд, барои раҳоии ӯ тамоми талошро карданд ва бар ҳар даре сар заданд, вале дар чаҳор моҳи гузашта муваффақ нашуданд. Дар ҳоле ки ба иддаои онҳо, “вазъи саломаташ рӯз аз рӯз бад мешавад”.

Бори аввал нест, ки пайвандони баъзе аз сарбозон аз беморӣ ва ё маҷбурӣ ба хидмат бурда шудани онҳо шикоят мекунанд. Додситони ҳарбӣ дар Кӯлоб ҳам мегӯяд, дар як сол 159 аризаву шикоят гирифт ва бештари онҳо ба шеваи даъват ба хидмати ҳарбӣ пайванд доранд.

Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии Кӯлоб, гуфт: "Ҳамаи ҳолатҳо санҷида шудаанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки қарори комиссияи даъватӣ бекор карда шуда, одамон аз хидмати ҳарбӣ ҷавоб дода шуданд. Ингуна ҳолатҳо ҳастанд."

Додситони ҳарбӣ дақиқ нагуфт, ки дар пайванд ба ин қазияҳо чанд нафарро ҷазо ё танбеҳ доданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Шавҳарам бемор аст, аз артиш баргардонед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Чанде пеш хонаводаи Исо Исозода, сарбози қисми низомии Вазорати дифоъ дар Кӯлоб, шикоят карда буд, ки фарзандашон бемор аст, аммо ба хидмат бурда шудааст. Ӯ ҳам чанд муддатро дар бемористон гузаронд, аммо дубора дар қисми ҳарбӣ ҷойгир гашт.

Дар Тоҷикистон дар гузашта баъзе мавридҳои ба артиш бурдани ҷавонони бемор сабт шуда, гоҳе бо марги онҳо анҷомидааст. Намояндагони ҳукумат як дафъа дар соли 2016 аз мақомоти тандурустӣ интиқод карда буданд, ки гуё онҳо дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш ба чанд нафари мариз иҷозаи хидматро додаанд.

XS
SM
MD
LG