Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Кумитаи андози Тоҷикистон ба гузориши Радиои Озодӣ

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон дар номае ба унвони Радиои Озодӣ ноқаноатмандии худро аз хабари қатъи кори ҳазорон соҳибкор дар Тоҷикистон изҳор кард.

Радиои Озодӣ 8-уми май бо такя ба Оҷонсии омор гузориш дод, ки дар се моҳи аввали имсол 6236 соҳибкор аз фаъолият даст кашидаанд ва ё ба кори дигаре машғул шудаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи андоз 12-уми май дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, дар хабари Радиои Озодӣ, омори қатъи фаъолияти соҳибкорон дарҷ шуда, аммо шумораи соҳибкороне, ки ба тозагӣ оғози кор кардаанд, номбар нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар идомаи хабар гуфта мешуд, ба маълумоти Оҷонсии омор, дар моҳҳои январ-марти имсол зиёда аз 11 ҳазор "соҳибкори инфиродии навтаъсис ба қайд гирифта шудааст".

Кумитаи андоз дар номааш мегӯяд: "Тибқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2026 зиёда аз 11,5 ҳазор субъектҳои соҳибкории нав ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки нисбат ба шумораи соҳибкорони фаъолияташон қатъгардида қариб ду баробар зиёд аст. Ба ҳолати 1 апрели соли 2026 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар маҷмуъ 386 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2026 – 5,1 ҳазор адад зиёд мебошад", - омадааст дар посухи Кумитаи андоз.

Дар номаи Кумитаи андоз ҳамчунин омадааст, "таъсис ва қатъи фаъолияти соҳибкорӣ раванди маъмулии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ буда", баъзе соҳибкорон бо сабаби мавсимӣ будани фаъолият ё омилҳои дигар корашонро қатъ мекунанд ё ба низоми дигари андозсупорӣ мегузаранд.

Дар ҳоле, ки соҳибкорон аз гарон будани молиёт ё андоз дар Тоҷикистон шикоят доранд, Кумитаи андоз дар номааш ба Радиои Озодӣ аз кам будани шумораи андозҳо дар кишвар ва ислоҳот дар ин бахш ситоиш кардааст. Ниҳодҳои байнулмиллии молӣ аз қабул шудани кодекси нави андоз ҳамчун як пешрафт ҳимоят кардаанд, вале иҷрои дақиқи онро шарти асосии рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон номидаанд.

Дар гузашта низ мақомот борҳо аз пешниҳоди имтиёзу сабукӣ ба соҳибкорон хабар додаанд, вале соҳибкорон баҳраҳои баланди бонкӣ ва ҷаримаҳо, вуҷуди фасоди молӣ, набудани шаффофияту рақобати солим, инҳисор ё монополияи соҳаҳои сердаромад ва молиёти баландро аз мушкилоту монеаҳо номбар мекунанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG