Пайвандҳои дастрасӣ

Дувумин дидори чеҳраҳои сиёсии афғон ва Толибон дар Маскав


Русия бори дигар шуморе аз сиёсатмадорони афғон ва намояндагони гурӯҳи Толибонро ба Маскав даъват кардааст. Ин афрод дар маросими таҷлил аз 100-умин солрӯзи робитаҳои дипломатии Афғонистон ва Русия ширкат карданд.

Ин маросим имрӯз, сешанбеи 28-уми май бо ҳузури чеҳраҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Афғонистон ва як ҳайати Толибон, дар Маскав оғоз шуд ва фардо, чаҳоршанбе поён меёбад.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроияи Афғонистон, Карим Халилӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, Ҳаниф Атмар, аз номзадҳои интихоботи президентӣ, Атомуҳаммади Нур, собиқ раиси вилояти Балх ва Фавзия Кӯфӣ, узви пешини порлумон, аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин нишаст ҳастанд.

Як ҳайати 14-нафара ба намояндагӣ аз Толибон бо раҳбарии муовини раҳбари ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар, дар нишасти Маскав ширкат кардаанд. Ин нишаст бо суханронии Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия оғоз шуд.

Аз ин қабл хабаргузории русии ТАСС ба нақл аз Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия барои Афғонистон навишта буд, гурӯҳе аз сиёсатмадорон, аз ҷумла Ҳомиди Карзай, президенти пешини Афғонистон ва намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, дар баробари ширкат дар ин маросим, дар мавриди раванди сулҳи он кишвар низ гуфтугӯ хоҳанд кард.​ Замир Кобулов афзуд, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин музокирот хоҳад буд ё танҳо табодули афкор дар мавриди сулҳ.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон низ рӯзи душанбеи 27-уми май бо нашри як хабарнома гуфт, як ҳайати 14-нафарӣ бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, рӯзи сешанбе дар маросими таҷлил аз 100-умин солгарди робитаҳои дипломатии Афғонистон ва Русия иштирок хоҳанд кард.

Забеҳулло Муҷоҳид афзудааст, ҳайати Толибон рӯзи чаҳоршанбе бо сиёсатмадорон ва раҳбарони афғон ба таври ғайрирасмӣ дар мавриди ояндаи Афғонистон мулоқот ва гуфтугӯ хоҳанд кард.

Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон дар "Твиттер"-и худ навиштааст, сафири Афғонистон дар Маскав ба намояндагӣ аз ҳукумати он кишвар дар маросими таҷлил аз садумин солгарди равобити дипломатии Афғонистон ва Русия иштирок мекунад. Аммо рӯшан нест, ки сафири Афғонистон бо ҳайати Толибон дидор хоҳад кард ё не.

Сафари сиёсатмадорони афғон ва намояндагони гурӯҳи Толибон ба Маскав дар ҳоле аст, ки гурӯҳи Толибон тайи чанд моҳи ахир шаш бор бо ҳайати амрикоӣ дар Қатар гуфтугӯ кардааст, аммо дархостҳо барои музокироти мустақим бо ҳукумати Афғонистонро напазируфтааст.

Баҳсу гуфтугӯҳои эҳтимолӣ миёни Толибон ва чеҳраҳои сиёсии ғайриҳукуматӣ дар Маскав дар ҳоле матраҳ мешавад, ки нишасти барномарезишуда миёни афғонҳо моҳи гузашта дар Қатар лағв шуда буд.

Намояндагони Толибон ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсии афғон ба шумули Ҳомиди Карзай моҳи феврал низ дар Маскав бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карда буданд. Дар ин мулоқот мақомҳои ҳукуматӣ иштирок надоштанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG