Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон, мегӯяд, бо вуҷуди ҳосил шудани “чаҳорчӯби созиши сулҳ” аз гуфтугӯҳо бо Толибон, то расидан ба созиши ниҳоӣ “роҳи дарозеро” бояд тай кард.
Ӯ зимни суханронӣ дар Пажӯҳишгоҳи Амрикоии Сулҳ дар Вашингтон гуфт, “Мо дар марҳилаи ибтидоии раванди тӯлонӣ ҳастем.”
Залмай Халилзод изҳори умедворӣ кард, ки созиши сулҳ дар Афғонистон то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июл ҳосил шавад, вале гуфт, ӯ кори зиёде боқӣ мондааст, ки бояд анҷом дод.
“Ба назари ман, мусолиҳа ҳарчӣ зудтар сурат бигирад, ба ҳамон андоза беҳтар аст. Ман медонам, ки интихоботи пеши рӯ созиши сулҳро ба ҷанҷол рӯ ба рӯ мекунад, вале барои Афғонистон ин беҳтар аст, ки қабл аз интихобот ба созиши сулҳ бирасанд. Мо тарҷеҳ медиҳем, ки то моҳи июл мувофиқа ҳосил шавад ва Толибон ҳам ба интихобот ворид шаванд” – гуфт ӯ.
Залмай Халилзод дар чанд моҳи гузашта борҳо бо намояндагони Толибон дар Қатар дар бораи хотима додан ба ҷанг ва музокирот бо ҳукумат гуфтугӯ кардааст. Моҳи гузашта ӯ шаш дафъа бо Толибон дар шаҳри Доҳа пойтахти Қатар мулоқот кард ва гуфт, ки дар ин гуфтугуҳо “чаҳорчӯби созиши эҳтимолии сулҳ” ба даст омадааст.
Бар асоси ин созиш Толибон набояд бигузоранд, ки гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон пойгоҳ дошта бошанд ва Амрико неруҳояшро аз он кишвар хориҷ кунад. Ҳоло бояд Толибон ду талаби Амрикоро иҷро кунанд, ки аввал иҷрои созиши оташбас ва музокироти мустақим бо ҳукумати Афғонистон аст. Амрико гуфтааст, ки раванди сулҳ бояд бо раҳбарии худи афғонҳо сурат бигирад.
Залмай Халилзод дар ин бора гуфт: “Ҷанги афғон бо афғон бояд хотима дода шавад. Афғонҳо бояд бо якдигар гирди як миз биншинанд ва дар мавриди ояндаи кишварашон тасмим бигиранд.”
Ҳузур надоштани намояндагони ҳукумати Афғонистон дар гуфтугӯҳо бо Толибон хашми ҳукуматро барангехта ва онро маъюс кард. Толибон ҳукуматро дастнишондаи Ғарб номида ва аз музокироти мустақим бо онҳо худдорӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Залмай Халилзод, марҳилаи баъдии раванди сулҳ бояд ба раҳбарии афғонҳо бошад. Ӯ афзуд, бо ҳосил шудани созиши сулҳ дар байни тарафҳои даргир, дар ҷараёни музокироти “байнулафғонӣ” нақши Амрико ҳам дар ин миён камтар мешавад.
Намояндаи вижаи Амрико афзуд, ки Толибон ишора кардаанд, ки метавонанд, дар гуфтугӯҳои чандҷониба бо намояндагони ҳукумат ширкат кунанд. Сафири собиқи Амрико ҳамчунин гуфт, дар Покистон ҳам “тағйироти мусбат” сурат гирифтааст.
Амрикову Афғонистон дер боз Покистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки ба Толибон паноҳгоҳ медиҳад. Ба гуфтаи Залмай Халилзод, Исломбод барои дар баргузории гуфтугӯҳо бо Толибон мусоидат кардааст, ҳарчанд ба қавли ӯ Покистон бояд кори бештаре анҷом бидиҳад.
Русия ҳам рӯзҳои 5 ва 6-уми феврал дар Маскав музокироти дигаре дар бораи сулҳи Афғонистонро мизбонӣ кард, ки дар он намояндагони кишварҳои ҳамсоя, чеҳраҳои бонуфузи сиёсии Афғонистон ва намояндагони Толибон ҳузур доштанд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки Русия бо ин кораш мехоҳад, раванди сулҳи таҳти ҳимояти Амрикоро дарҳаму барҳам бизанад.
Залмай Халилзод, гуфтугӯҳо бо ҳимояти Русия “мусбат” хоҳанд буд, ба шарте ки барои муколамаи байни афғонҳо мусоидат кунад, на ин ки дар байни онҳо “ҷудоии бештар биандозад.”
“Ман раванди сулҳи Афғонистонро монополия карданӣ нестам” гуфт ӯ ва афзуд, кишварҳои минтақа ҳам бояд дар хотима додан ба ҷанги 17-сола саҳм бигузоранд.