Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ: "Калиди сулҳ дар Афғонистон аст, калиди ҷанг дар Исломобод"


Президент Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки калиди сулҳ дар Афғонистон аст, зеро тарҳ ва барнома барои сулҳ вуҷуд дорад, аммо калиди ҷанг дар Исломобод, Кветта ва Равилпиндии Покистон мебошад.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 30-юми январ дар Конфронси миллии ҷавонон ва сулҳ дар Кобул гуфт, таҷрибаҳои байналмилалӣ нишон додааст, ки панҷоҳ дарсади созишномаҳои сулҳ, боиси низоъҳои шадидтар шудааст ва сабаби он, саросемагӣ дар имзои паймонҳои сулҳ будааст. Вай гуфтааст, на сулҳи гузаро, балки сулҳе пойдор мехоҳанд, ки бар асоси иродаи миллати Афғонистон сурат бигирад.

Сухангӯи Толибон гуфтааст, даври нави музокироти ин гурӯҳ бо намояндаи Амрико дар умури Афғонистон, қарор аст рӯзи 25-уми феврал дар пойтахти Қатар баргузор шавад.

Ӯ афзуд, "сулҳ дар ними шаб ва пушти дарвозаи баста ба имзо намерасад. Сулҳ бояд дар рӯзи рушан аз тарафи миллати Афғонистон ва ҳамкорони байналмилалӣ анҷом шавад. Ва бо минтақа ба натиҷа бирасем, зеро ҷанги мо як паҳлӯ надорад, ки бо Толибон фардо ба натиҷа бирасем ва ҷанг хатм шавад. Паҳлӯҳои мухталифи ҷангро бояд идора кунем, то сулҳ таъмин шавад."

Халилзод шитоб дорад, ки сулҳ шавад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи чаҳоршанбе дар "Твиттер"-и худ навишт, "баъд аз ҳаждаҳ соли ҷанг дар Афғонистон гуфтугӯҳо ба хубӣ идома дорад".

Пеш аз ин, Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон гуфта буд, ИМА барои овардани сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон шитоб дорад ва акнун ба гуфтаи ӯ, замони он расидааст, ки афғонҳо аз фурсати ба дастомада ҳарчӣ зудтар истифода кунанд.

Залмай Халилзод бо генерал Қамар Баҷва, фармондеҳи артиши Покистон.
Залмай Халилзод бо генерал Қамар Баҷва, фармондеҳи артиши Покистон.

Халилзод рӯзи 29-уми январ дар мулоқот бо гурӯҳе аз хабарнигорон дар Сафорати Амрико дар Кобул гуфт, дар дидори ахир бо намояндагони Толибон дар робита ба мавзӯъҳои бисёр муҳим ба мувофиқа расиданд ва аз ин гурӯҳи мухолифи ҳукумати Кобул даъват карданд, ки ба таври мустақим бо ҳукумати Афғонистон вориди музокирот шаванд.

Гуфтугӯҳои шашрӯзаи сулҳ миёни намояндаи Амрико ва ҳайати Толибон дар Қатар рӯзи шанбеи гузашта ба поён расид. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе дар нишаст бо ҷавонони кишвараш гуфт, ниҳодҳои байналмилалӣ дар бахши сулҳ таҷрибаи муваффақ надоранд.

Раиси ҷумҳур хитоб ба Толибон гуфт, агар ҳукумат машруъ нест, пас, Толибон машрӯияташонро аз куҷо ба даст овардаанд ва дар ҳоле ки донишмандони маъруфи ислом дар Макка гуфтанд, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва куштори ғайринизомиён, машрӯият надорад? Ғанӣ афзуд, "ман аз Толибон мепурсам, ки оё нақшаи музокиротро худи Шумо омода сохтаед ваё дигарон ва оё ихтиёратон дар дасти худатон аст ваё бегонагон?"

Ин дар ҳоле аст, ки Залмай Халилзод ба нақл аз Толибон гуфтааст, Толибон ҳозир нестанд бо ҳукумати Афғонистон гуфтугӯ кунанд. Зеро, ба гуфтаи вай, Толибон ба ин назаранд, ки ин ҳукумат машрӯият надорад. Аммо Ашраф Ғанӣ гуфт, иродаи озоди миллати Афғонистон манбаи машрӯият аст ва миллат вайро интихоб кардааст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ин изҳоротро дар ҳоле иброз дошт, ки Раян Крокер, сафири пешини Амрико дар Кобул дар як мақолаи худ дар рӯзномаи "Вашингтон Пост" дар бораи чигунагии талошҳои ҷории сулҳ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард. Вай гуфта буд, музокирот бо гурӯҳи Толибон машрӯияти ҳукумати Афғонистонро, ки Вашингтон амалан аз он ҳимоят мекунад, зери суол бурдааст.

Толибон исрор меварзанд, ки нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар тирамоҳи соли 2001 ҳукумати машрӯи онҳоро сарнагун сохтаанд.

Толибон мегӯянд, дар пайи гирифтани қудрат нестанд

Дар таҳаввули тоза, як мақоми расмии Толибон гуфтааст, ин гурӯҳ дар пайи ба даст гирифтани қудрат дар Афғонистон нест, балки мехоҳад ба фаъолияти сиёсии худ идома диҳад. Толибон, ки дар ҳоли ҳозир қаламравҳои зиёд аз Афғонистонро дар ихтиёр доранд, ахиран вориди музокирот бо Амрико шуданд ва натиҷаҳои он умедворкунанда будааст.

Ҷангиёни гурӯҳи Толибон.
Ҷангиёни гурӯҳи Толибон.

Бо ин ҳол, нигарониҳое аз бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат, шакл гирифтааст. Гурӯҳе, ки на танҳо муттаҳам ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар ё зери по гузоштани озодиҳои аввалии занон буд, балки аз гурӯҳҳое монанди "Ал-Қоида" низ ҳимоят мекард.

Гуфта мешавад, ки баёнияи нави Толибон ба шакли на чандон маъмулӣ, лаҳни оштиҷӯёна дорад ва ба назар мерасад қасд дорад нигарониҳоро коҳиш диҳад. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи гурӯҳи Толибон ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, ин гурӯҳ қасд дорад "дар як ҷомеаи фарогир дар Афғонистон" фаъолияти сиёсӣ дошта бошад.

Шоҳин афзудааст, "пас аз поёни ишғол (Афғонистон), афғонҳо бояд гузаштаи худро фаромӯш карда ва ба мадоро рӯ биёваранд ва зиндагии баробарро оғоз кунанд."

Сухангӯи Толибон айни замон гуфтааст, даври нави музокироти гурӯҳ бо намояндаи Амрико дар умури Афғонистон, қарор аст, рӯзи 25-уми феврал дар пойтахти Қатар баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG