Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Кулоб мегуянд, як чӯпони тоҷик, ки дар асорати қочоқбарон дар Афғонистон аст, зоҳиран худаш ҳам дар қочоқи маводи мухаддир даст дорад. Турахон Нурматов, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро рӯзи 1-уми январ се қочоқбари маводи мухаддир аз Афғонистон рабуданд.
Хушвахт Машрабзода, додситони Кӯлоб рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси иттилое, ки онҳо ба даст овардаанд, Турахон Нурматов эҳтимолан бо қочоқбарон муомила доштааст.
“Аз рӯи ахбори мо, худи ҳамон чупоне, ки гаравгонаш бурданд, ба қоҷоқи маводи нашъаовар даст дорад. Ҳарчанд онҳо ултиматум мондаанд, ки фалон одам қарздор аст, аммо мақомот барои озодии ӯ кор мекунанд”, гуфт, Хушвахт Машрабзода.
Баъди тақрибан як моҳи рабудани чӯпони 42-солаи тоҷик бори аввал аст, ки додситонии Кулоб дар бораи ӯ суҳбат мекунад. Хонаводааш мегуяд, дар ин муддат Турахон Нурматов чанд дафъа бо онҳо суҳбат кардааст ва гуфтааст, ки қочоқбарон дар ивази озодии ӯ 40 ҳазор доллар талаб доранд. Маблағе, ки ба иддаои қочоқбарон, аз фурӯши маводи мухаддир дар дасти шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Аммо Мавзуна Миракова, ҳамсари чупон дар суҳбатҳои пешин бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зиндагии фақиронае доранд ва агар нони хӯрдан медоштанд, шавҳараш чӯпон намешуд.
Ӯ рӯзи 29 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби 28-уми январ шавҳараш дигарбора бо телефонӣ тамос гирифт ва гуфт, ки агар уро аз дасти қочоқбарон озод кунанд, ҳамаи воқеиятро мегӯяд.
“Бо шавҳарам суҳбат кардам. Гуфт, як бало карда, чӣ қадар пул бошад, оварда диҳанд ва маро раҳо кунанд, ҳамаашро қисса мекунам. Аммо намефаҳмидам дар бораи чӣ мегуфт. Гиря мекард, ки як ҳафта боз нонро надидаам”, гуфт, Мавзуна Миракова.
Додситони Кулоб нагуфт, ки парвандае ба зидди худи Турахон Нурматов боз шудааст, ё не, чун сабабҳои ба асорати қочоқбарони афғон афтодани ӯ маълум нест.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон бештар аз 100 километр марзи муштарак дорад ва яке аз минтақаҳои осонгузари сарҳади Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз кишвари ҳамсоя, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир аз ҷумла ҳероин дар ҷаҳон аст, аз ин роҳ афюну тарёку ҳероин ба кишварҳои дигар меравад.
Гаравгонгирии сокинони ноҳия дар гузашта ҳам мушоҳида шудааст, вале мақомот мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо дар марз дар муқоиса ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. То соли 2013 соле то ду ё се бор сокинони деҳоти наздимарзӣ аз ҷониби кочоқбарон рабуда мешуданд.
Турсунзда
Дар космос харби назорати кавр аст,хама шахрвандон медонанд ки дар кисмхои харбии точикистон , дар хама кисмхо назорат турб аст
Ташаккур Озоди,барои хабари чолиб. Дар забони мо вожаи постгох нест, шояд дидбонгох бошад.
На артиш, балки зиндон аст ин ҷо, Макони шеру гургон аст ин ҷо! Бародарҳо аз ин артиш гурезед, Дили инсон пушаймон аст ин ҷо! Офарин! Хак асту рост!
Иштирокчиени сохти конституциони аьзоени ташкилоти хайриявии сипарони ватан омодаем барои мухофизати ватан ба марз равем ва ватанро аз тахдиду зуровари катлу куштор хифз намоем харчанд хукумат ба мо ягон гамхори накардааст ва намехохад кунад мо омодаем фармон шавад тайерем рузи мешавад ба кадри мо мерасанд харчанд имруз хукумат кайфу сафо карда гаштаанд моро аз хотир бароварданд мо мисли шумо ноодам номард нести мо тайер ватани азизро хифз намоем