Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобиҳо ва хатари сел ба чанд ноҳияву шаҳри Тоҷикистон


Сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон аз омадани сели харобиовар ва зарари он ба деҳоти худ хабар медиҳанд.

Дар наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ рӯзи 18 уми май аз ноҳияҳои Файзобод, Нурободу Балҷувон фиристодаанд, дида мешавад, ки сели шадиде купрук ва бархе аз роҳу заминҳоро хароб кардааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар пайи боришоти зиёд ва омадани сел дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз, рӯзи 18-уми май, роҳи мошингарди самти Ш.Шоҳин-Дарвоз баста шудааст. Сел дар яу рӯзи ахир ҳамчунин сабаби баста шудани шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш дар ҳудуди ноҳияи Нуробод шудааст. Ҳоло ба гуфтаи Кумита кормандон барои рафъи оқибатҳои офати табии даст ба коранд.

Ин ниҳод ҳамчунин хабар додааст, ки дар пайи боришоти зиёди рӯзи 15 - уми май дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат сел ба 12 иншооти ёрирасон ва роҳу чанд хона зарар расонидааст. Сокинони деҳоти селзада муваққатан ба ҷойи дигар кӯчонида шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор додааст, ки хатари омадани сел, резиши сангу ярч ба бисёре аз минтақаҳои кишвар то рӯзи 22-уми май идома мекунад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу зиёд будааст.

Дар ҳоли ҳозир зиёда аз ҳазору дусад минтақа дар Тоҷикистон зери хатари офатҳои табиӣ эълон шуданд. Ба онҳо селу баҳман ё тарма, ярчу сангрез ва фурӯравии замин таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин минтақаҳо 72 ҳазор оила ё 400 ҳазор нафар зиндагӣ доранд, ки бояд ба ҷойи дигар кӯчонда шаванд. Мақомот иддао доранд, ки сокинон худсарона дар заминҳои зери хатар хона сохтаанд. Мардум мегӯянд, заминро ба онҳо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ доданд.

XS
SM
MD
LG