Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрим барои ёрӣ дар интиқоли силоҳ аз Куриёи Шимолӣ ба Русия


Парчами Русия ва Кореяи Шимолӣ
Парчами Русия ва Кореяи Шимолӣ

Амрико барои мусоидат дар хариду фурӯши силоҳ миёни Русия ва Куриёи Шимолӣ ба зидди ду шаҳрванди Русия ва се ширкати русӣ таҳрим ҷорӣ кард.

Ба иттилои Вазорати молияи Амрико, соҳиби ширкати “Рафорт” Рафаэл Газарян ва молики ширкати “Технология” Алексей Буднев ба рӯйхати таҳримшудаҳо дохил шудаанд.

Вазорати молияи Амрико дар шарҳи қарори худ гуфтааст, Газарян бо шаҳрванди Словакия Ашот Мкртичев, ки моҳи марти соли гузашта барои кӯшиши мусоидат дар хариду фурӯши силоҳ миёни Русия ва Куриёи Шимолӣ мавриди таҳрим қарор гирифта буд, ҳамкорӣ мекард.

Газарян давоми соли 2023 бо шаҳрванди Словакия ҳамкорӣ карда, барои дастрас кардани силоҳ ба тоҷирони Куриёи Шимолӣ аз ширкати "Транс Капитал" истифода кардааст.

Буднев дар интиқоли дастгоҳҳои мухобиротии низомӣ, ки эҳтимол дар Куриёи Шимолӣ истеҳсол шудаанд, ба Русия кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG