Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Биткоин" дар Тоҷикистон. Бонки Миллӣ омода нест, асъори рақамиро танзим кунад


Бонки Миллии Тоҷикистон омода нест, ки амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё крипто-асъор танзим кунад. Дар ин бора Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврал иттилоъ дод.

“На танҳо мо, умуман бонкҳои марказии ҷаҳон ба танзим кардани амалиёти крепто-асъор тайёр нестанд. Танҳо баъзе аз кишварҳо ба майнинги крепто-асъор ё асъори рақамӣ, махсусан “биткоин” машғуланд,” -- гуфт раиси Бонки Миллӣ.

Ба иттилои вай, “асоси бунёдии болоравӣ ва пойинравии нархи крепто-асъор” дида намешавад ва “маълум нест, ки дар кадом биржаҳо крепто-асъор боло ё поин меравад”.

“Барои ҳамин, то ҳол ягон трансзаксия ё амалиёт дар низоми бонкии кишвар оид ба харид ва ё фурӯхтани крепто-асъор сабт нашудааст,” -- афзуд Холиқзода.

Як сол пеш мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти 4 кас барои “истихроҷ” ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли “Биткоин” хабар дода буданд. Вале маълум набуд боздоштшудаҳо дар истихроҷи ғайриқонунии асъори рақамӣ гумонбаранд ё дар напардохтани андоз аз ин навъи фаъолият ва ё дар истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ.

Дар Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, аз боздошти сокинон дар Суғд тавассути расонаҳо хабардор шуда, дар ин бора иттилои зиёд надоранд.

XS
SM
MD
LG