Ҷозеф Данфорд, раиси ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Амрико мегӯяд, Толибон дар ҳоли “шикаст хӯрдан нестанд” ва “роҳи ҳалли низомӣ” роҳи хотимаи ҷанг дар Афғонистон нест.
Баёнияи генерали амрикоӣ дар бораи ҷанги Афғонистон дар замоне садо медиҳад, ки Амрико ва Афғонистон саъй доранд, бо Толибон музокироти сулҳро ба роҳ андозанд.
Баъди шуруи амалиёти Амрико ва суқути Толибон дар соли 2001, ҳоло ин гуруҳ назар ба ҳар соли дигар қаламрави зиёдеро зери назорат дорад. Ҷозеф Данфорд, дар як мубоҳисае дар шаҳри Ҳалифакс дар Канада гуфт: “Одилона бояд гуфт, ки ҳоло онҳо дар ҳоли бохтан нестанд.”
Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, Амрико ва шариконаш дар паймони НАТО кӯшиш доранд, бо фишорҳои низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ Толибонро мутақоид кунанд, ки барои поён додан ба ҷанг ба музокирот розӣ шаванд.
“Мо бовар дорем, ки Толибон як рӯзе бояд мусолиҳа кунанд ва калиди муваффақият ин аст, ки бо истифода аз тамоми фишор онҳоро ба музокирот мойил кунем” - гуфтааст, Ҷозеф Данфорд.
Баъди 17 соли ҷанг дар Афғонистон ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, талошҳо барои хотима додан ба муноқиша аз роҳҳои сулҳомезро пеш гирифтааст.
Доналд Трамп, чанде пеш Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистонро муттасадии оғози музокироти сулҳ бо Толибон таъйин кард ва рӯзи 10-уми ноябр бо ӯ мулоқот дошт. Залмай Халилзод то кунун бо намояндагони Толибон, ки дар Қатар як дафтари сиёсӣ доранд, мулоқот доштааст.
Барои ман ба ҳайси як зан ва як шаҳрванд, бисёр муҳим аст, ки қимати сулҳро бидонем
Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Айни замон гуфтааст, ки фиристодаи Амрико ба онҳо ваъда додааст, ки ҷузъиёти мулоқоти худро бо намояндагони Толибон бо аъзои ин шӯро дар миён мегузорад.
Залмай Халилзод, рӯзи 17-уми ноябр баъди мулоқот бо Толибон озими Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст.
Қабл аз ин Шӯрои олии сулҳи Афғонистон шикоят дошт, ки Залмай Халилзод дар раванди талошҳо барои музокироти сулҳ бо Толибон аъзои онро дар ҳошия гузоштааст. Ҳафт сол пеш раиси ҳамин шӯро Бурҳониддин Раббониро моҳи сентябри соли 2011 як узви Толибон, ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт.
Ҳабиба Саробӣ, муовини раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Залмай Халилзод ваъда додааст, ки бо онҳо мулоқот хоҳад дошт.
“Барои мо муҳим аст, ки суҳбатҳое, ки дар Қатар ва ё ҳар ҷойи дигар сурат мегирад, бояд бо Шӯрои олии сулҳ низ дар миён гузошта шавад. Албатта ба мо паёме, ё телефоне аз тарафи оқои Халилзод омадааст, ки бо мо ҳам мулоқот мекунад ва гуфтугуҳо ба ҳамин шакл идома мекунад. Мо мулоқоти ҳузурӣ хоҳем дошт” – гуфт, Ҳабиба Саробӣ.
Бино ба гузоришҳо, Залмай Халилзод қабл аз омадан ба Кобул, бо намояндагони Толибон дар дафтари сиёсиашон дар Қатар мулоқот карда ва дар бораи талошҳои сулҳ бо онҳо суҳбат доштааст. Хабаргузории Ассосиэйтед Пресс навишт, ки дар ин суҳбат Хайрулло Хайрхоҳ, раиси вилояти Ҳирот дар аҳди Толибон ва Мулло Муҳаммад Фазл, яке аз фармондеҳони собиқи ин гуруҳ дар суҳбат ҳузур доштаанд.
Хабаргузорӣ аз қавли манобеи Толибон навиштааст, ки Залмай Халилзод хостааст, созиши сулҳ дар 6 моҳ ба даст биёяд, аммо Толибон гуфтаанд, ки ин фурсат бисёр кӯтоҳ аст. Толибон ҳамчунин пешниҳоди Халилзод барои созиши оташбас ва бас кардани ҳамлаву бомбгузориҳо ба зидди неруҳои амниятии Афғонистонро напазируфтаанд.
Толибон ҳамеша гуфтаанд, ки яке аз шарти онҳо барои музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз ин кишвар аст. Талабе, ки ҳукумат ва ҳомиёни ғарбии он напазируфтаанд. Аммо Ҳабиба Саробӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо хабарҳое расидааст, ки Залмай Халилзод ва намояндагони Толибон дар робита ба хуруҷи неуҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба як навъ тафоҳуме расидаанд. Ӯ афзуд, ки ҳангоми мулоқот бо Халилзод ин нигарониашонро дар миён мегузоранд.
“Барои ман ба ҳайси як зан ва як шаҳрванд, бисёр муҳим аст, ки қимати сулҳро бидонем, ки сулҳ ба кадом қимат барои мо мерасад. Кадом арзишҳо дар назар гирифт мешавад.”
Занҳо дар аҳди Толибон дар Афғонистон беҳуқуқтарин қишри ҷомеа буданд, чун аз ҳаққи таҳсилу кор ва дигар ҳуқуқи иқтимоиву сиёсӣ маҳрум шуданд.
Дар Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тулонӣ дорад, ҳамеша ба кушишҳои дипломатӣ барои хотима додан ба ҷанг таваҷҷуҳ зиёд аст. Ҳукумат нигарон аст, ки дар сурати шиддат гирифтани ҷангу муноқиша дар Афғонистон мумкин аст, ноамнӣ ба Тоҷикистон ҳам сироят кунад.
Аз ҷумла ҳафтаи гузашта, Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтааст, “Дар сурати идома ёфтан ва вусъат пайдо кардани кӯчиши майдони ҷанг ба Афғонистон вазъи низомиву сиёсӣ ва амниятӣ тағйир хоҳад ёфт. Дар шароити кунунӣ ин омил яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва таҳдид ба амнияти миллии Тоҷикистон мебошад.”
Аз ба истило ,,хукумати худкомаи,, Точикистон гуе ки фирор карданд ва озими Европа мешаванд. Вале аз нияту, маром ва максадхои нопокашон хеч вакт даст намекашанд. Инхоро агар ба Мох ва е Миррих хам одам равон кунад аз мафкураи танги Дини даст нахоханд кашид. Чунки ба шайтон байхат кардаанд ва фикрашон на Инсондусти ва Зиндаги балки факат намоз хондану чиходу катлу куштори инсон он хам бошад ба номи Аллох ва Исломи худашон. Чояшон факат зиндон аст ва е гуристон.
Аҷиб, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон набошад пас 2 миллион ваксина барои чи лозим? Агар ин қадар истеҳсолот зиёд шуда бошад пас чаро буҷаи давлатӣ кам баромад? Агар ин қадар ҷойҳои кории нав ташкил шуд, чаро сафи бекорон ва камбизоатӣ зиёд шуд? Истеҳсоли барқ зиёд шуда бошад чаро лимити шадид дар тамоми Тоҷикистон? Умуман ин қадр пешрафту комёбиҳои зиёд шуда бошад чи лозим боз қарз мегиранд аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ? Чаро ягон сухани гуфта шуда дар ҳает ҳақиқат надорад ё баракс аст? .
Дар бораи нарх : !!!!!! Чихел намефахмед ??? Иктисоди бозаргони, давлат ба нарх дахолат намекунад, Умуман минталитети мардуми мо то хол ба СССР монандаст, бояд хаммакорро давлат кунал, чои кор дихад, заводу фабрика созад, нархи арзон дихад, як савол , аз кучо??? 9000000 мардум факат аз гиребони давлат. Барои мисол: Амрикоро давлат бой накардааст, мардумаш талош карданд, хонданд, босавод шуданд, Apple, Microsoft, Boeing, долар, интернет, GM, Tesla, Ford, Cadillac, Биржа, ООН, ЮНИСЕФ, Macdonalds, KFC, NIKE, SpaceX, NATO боз чандин бренхои дигар. ! Ягонтаи инро давлат насохтаас! Аз пушти инхо давлат бой шуд. Дар Точикистон ягон падару модар ба таълими фарзандаш ахамият намедихад, барои он ки худащ бесавод аст, бесавод калон мешавад, гиребони давлатро мегирад, Давлат вазифааш таъмини сулху бехатари ва отношении хуб бо давлахои хорича мебошад. Барои хамин мо бояд идеае ё коре кунем ки давлат аз пушти мо бой шавад. Пушида нес Точикистон уммуман бойгари надорад, ба монанди нефт, газ, тилло... Барои хамин мардум!: худ бояд аз паи фикру допишу навигари шавед. Як бор фикр кунед! Мо хаммамон бесавод хастед. Ин хуб нес, ки худ аз дастат чизе намеояду гиребони як каси дигарро мегири ки хаммаи чизро бароят мухаё кунад, ин нодуруст аст. Бесаводистон
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!