Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав конфронси сулҳи Афғонистон бо ширкати Толибон баргузор шуд


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва Шермуҳаммад Аббос Станакзай, раҳбари шӯрои сиёсии Толибон дар Қатар

Дар Маскав рӯзи 9 ноябр конфронси Афғонистон баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва гурӯҳи Толибон иштирок карданд. Сафорати ИМА дар Маскав як дипломати худро барои назорати ин музокирот фиристодааст. Ин нишаст дар як меҳмонхонаи Маскав ҷараён дорад.

Дар суханронии ифтитоҳии худ вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки Русия умедвор аст, “бо роҳи талошҳои муштарак дар таърихи Афғонистон саҳифаи нав боз мешавад”.

Лавров гуфт, ки мушкилоти Афғонистон бояд танҳо аз роҳи сиёсӣ тавассути дастёбӣ ба сулҳи миллӣ ҳаллу фасл шавад.

"Ба ҳамин хотир, мо имрӯз ҳайатҳои шӯрои олии сулҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ҳаракати Толибонро хайрамақдам мегӯем. Иштироки онҳо дар чорабинии имрӯза шароити мусоид барои оғози музокироти мустақими миёни ҳукумат, ҷумбиши Толибон ва намояндагони гурӯҳҳои васеи ҷамъиятиву сиёсии кишварро фароҳам меорад”.

Ташаббуси нахустини Русия барои ташкили музокироти сулҳ бо Толибон, ки қарор буд моҳи сентябр баргузор шавад, баъди он ки мақомоти Афғонистон ширкат дар ин нишастро рад карданд, бекор шуд. Ин навбат ҳам ҳукумати Афғонистон ба Маскав намояндаҳои расмии худро нафиристод, вале аъзои аз ҷониби ҳукумат таъиншудаи Шӯрои олии сулҳ дар нишаст ҳузур доранд.

Як ширкатдори ин нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд дар поёни нишаст кадом изҳорот ё санаде қабул нашуд, худи воқеияти баргузории чунин як ҳамоиш бо ширкати ду ҷониби вориди ихтилофи Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳодисаи муҳим аст. Ин ширкатдори нишаст гуфт, ки дар ҷараёни ҷаласа дида мешуд, ки намояндагони Толибон ва ҳукумати Афғонистон бо ҳам гуфтугӯ ва дар фазои ғайрирасмӣ берун аз ҷаласа ҳам сӯҳбат мекарданд.

Дар ҷаласа Шермуҳаммад Аббос Станакзай, раҳбари шӯрои сиёсии Толибон дар Қатар мавқеи ин гурӯҳро такрор карда гуфтааст, ки сулҳи Афғонистон дар сурати берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар имконпазир аст ва кишварҳои дигар ҳам бояд инро кафолат диҳанд.

Ширкатдорони конфронси Маскав
Ширкатдорони конфронси Маскав

Вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзи 9 ноябр бо пахши изҳороте гуфт, ки дар нишасти Маскав Шӯрои олии сулҳ ба ҳайси як созмони ғайриҳукуматӣ иштирок мекунад ва давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон умедвор аст, ки ба Толибон “иҷозаи истифодаи абзорӣ аз ин нишаст” дода намешавад.

Шӯрои олии сулҳ як ниҳодест, ки ҷузве аз барномаи сулҳу ҳамоиш буда, аз ҷониби президенти собиқ Ҳомиди Карзай ба хотири роҳандозии музокирот бо Толибон таъсис шудааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки ин гурӯҳи ҷангӣ панҷ намояндаашро ба нишасти Маскав мефиристад, вале ин ба маънои “музокирот бо ҳайати Шӯрои сулҳ” нест.

Дар гузашта миёни шӯрои сулҳи Афғонистон ва Толибон чандин тамоси ғайрирасмӣ баргузор шудааст.

Аз Тоҷикистон дар ин нишаст муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода иштирок мекунад.

Лавров ва узви ҳайати Толибон Алҳоҷ Муҳаммад Суҳайл Шоина
Лавров ва узви ҳайати Толибон Алҳоҷ Муҳаммад Суҳайл Шоина

Дар ҷаласаи Маскав дар баробари намояндагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон, инчунин дипломатҳои баландпояи вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон, Узбекистон, Чин, Қирғизистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон ва Ҳинд ширкат карданд.

Видеоҳои охирин

"Юриш"-и хиҷолатовар дар Фестивали ош
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:59 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG