Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видоъ бо Иброҳим Раисӣ ва ҳафт ҳамроҳаш дар Табрез


Табрез, 21-уми майи 2024
Табрез, 21-уми майи 2024

Ҳазорон нафар дар шаҳри Табрез рӯзи 21-уми май бо Иброҳим Раисӣ ва ҳафт ҳамроҳаш видоъ гуфтанд. Тобути онҳоро ба Қум ва сипас Теҳрону Машҳад хоҳанд бурд. Ҷое, ки рӯзи панҷшанбе маросими хоксупорӣ дар назар аст.

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури ҳаштуми Эрон, рӯзи 19-уми май ҳангоми баргаштан аз марзи Озарбойҷон дар натиҷаи афтодани чархбол ҷон бохт. Ӯ 63 сол дошт. Шахсе, ки муҳофизакори тундрав буду тарафдоронаш “хидматгори мардум” медонистанд, аммо мухолифонаш “қассоби Теҳрон” ном мебурданд.

Ҳамроҳи ӯ дар чархбол Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон ва шаш нафари дигар буданд. Ҳамаи онҳо низ ҷон бохтанд. Пораҳои чархбол ва ҷасадҳоро рӯзи 20-уми май дар яке аз минтақаҳои Озарбойҷони Шарқӣ ёфтанд.

Гурӯҳе аз мардум, ки худро ҷабрдидаи режими Ҷумҳурии Исломӣ ва бахусус ҳукумати Раисӣ медонанд, дар гӯшаҳое аз Эрон оташпаронӣ ва ибрози шодмонӣ карданд.

Ҳоло Муҳаммад Мухбир раиси ҷумҳури муваққатии Эрон шудааст. Вай то ин дам муовини аввали Раисӣ буд.

Бар пояи Қонуни асосии Эрон дар панҷоҳ рӯзи оянда интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Интихоботе, ки ба қавли баъзе аз таҳлилгарон дигаргуниҳои бузурге дар Эрон нахоҳад овард.

Видеоро дар инҷо бинед:

Эрон дар мотами раиси ҷумҳур нишаст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00
XS
SM
MD
LG