Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири покистонӣ ба дидори донишҷӯёни захмӣ ба Бишкек меравад


Донишҷӯёни покистонӣ дар Бишкек
Донишҷӯёни покистонӣ дар Бишкек

Қарор аст вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор ба Қирғизистон рафта бо донишҷӯёни ҳамватанаш, ки дар занозанӣ ва ҳамлаҳои гурӯҳӣ дар шаҳри Бишкек маҷрӯҳ шудаанд, дидор кунад.

Мулоқоти ӯ бо раҳбарияти Қирғизистон ҳам дар назар аст.

Шаби 17 ба 18-уми май дар шаҳри Бишкек донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Покистон, Ҳинд ва Миср мавриди ҳамлаи бераҳмонаи гурӯҳӣ қарор гирифтанд.

41 нафар маҷрӯҳ шуд.

Дирӯз садҳо донишҷӯи покистонӣ ба ватанашон баргаштанд.

Дар сатҳи бархе мақомот ва ҳам коршиносон мегӯянд, ки ҳамлаи гурӯҳӣ ба хориҷиҳо дар Қирғизистон ба обрӯи ин кишвар зарбаи сахте зад.

XS
SM
MD
LG