Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Маскав. Нобоварии ҳукумати Афғонистон, хушбинии Карзай ва Толибон. ВИДЕО


Нишасти дурӯзаи Маскав дар бораи сулҳи Афғонистон бо нашри як қатъномаи нӯҳмоддаӣ ба поён расид. Дар ин нишаст намояндагони гурӯҳи Толибон, аҳзоби сиёсии Афғонистон ва шуморе аз сиёсатмадорони он кишвар ҳузур доштанд. Намояндагони ҳукумати Афғонистон дар ин ҳамоиш иштирок накарданд.

Хушбинии ҳайатҳои афғонӣ аз музокироти сулҳ дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Дар нишасти рӯзҳои 5-6 феврал дар Маскав ба ҷуз ҳайати даҳнафарии Толибон, аз ҷумла Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон, сиёсатмадорони шинохта Юнус Қонунӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, Амир Исмоилхон, Абдулатиф Пидром, Фавзия Кӯфӣ, Атомуҳаммади Нур, Ҳаниф Атмар, намояндагони Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр ва дигарон шахсиятҳои афғонӣ, ширкат доштанд.

Ҳукумати Афғонистон, ки дар нишасти Маскав иштирок надошт, дар бораи натиҷаҳои он аз қабл изҳори нобоварӣ кардааст.

Дар қатъномаи ин нишаст, ки рӯзи 6-уми феврал қироат шуд, аз ҷумла ба хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва берун кардани номҳои раҳбарони Толибон аз "феҳристи сиёҳ", таъкид шудааст. Озодии зиндониёни Толибон аз маҳбас, аз дигар нуқтаҳои ин қатънома будааст.

Ҳамчуни тавофуқ шудааст, ки ба расмият шинохтани дафтари Толибон дар Қатар барои пешрафти музокирот зарурӣ мебошад ва нишасти баъдии гуфтугӯҳо миёни афғонҳо дар Қатар баргузор хоҳад шуд.

Хушбинии Карзай ва Толибон аз ин нишаст

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфтугӯҳо дар нишасти Маскавро ризоятбахш хонда ва гуфтааст, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон муҳимтари мавзӯи ин нишаст буд ва ба гуфтаи вай, аксари ширкаткунандагон дар робита ба ин масъала назари яксон доштанд.

Аз сӯи дигар, Шермуҳаммад Станакзай, раҳбари ҳайати даҳнафарии Толибон гуфт, ки гуфтугӯҳо бисёр муваффақ буд ва дар мавриди масоили зиёди тавофуқ сурат гирифт. Ӯ умедворӣ кардааст, ки дар оянда пешрафтҳои бештар сурат бигирад ва як роҳҳи ҳалл ба миён ояд.

Оқои Станакзай таъкид кард, ки дар мавриди ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳанӯз ҳеҷ гуна созише сурат нагирифтааст ва музокирот дар ин бора идома дорад.

Қатъномаи нишасти Маскав аз музокироти Толибон ва Амрико дар Давҳа ҳимоят кард ва музокироти байни афғонҳо дар Маскавро идомаи он донистааст. Дар ин нишаст дар мавриди ислоҳоти нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон ва ҳифозату тақвияти ин нерӯҳо баъд аз сулҳ низ таъкид шудааст.

Дар қатъномаи нишасти Маскав ҳамчунин роҷеъ ба ҳифзи арзишҳои исломӣ дар ҳама умури ҳукуматдорӣ ва зарурати ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ барои сулҳи доимӣ дар Афғонистон таъкид шудааст. Нишасти Маскав ҳимояти худро аз низоми ҳукумати марказии нерӯманд дар Афғонистон ва мушорикати одилонаи ҳама қавмҳо дар он низ, иброз доштааст.

Норозигии ҳукумати Афғонистон аз нишасти Маскав

Раҳбари ҳайати Толибон дар нишасти Маскав Шермуҳаммад Станакзай.
Раҳбари ҳайати Толибон дар нишасти Маскав Шермуҳаммад Станакзай.

Ҳукумати Афғонистон, ки дар нишасти Маскав иштирок надошт, дар бораи натиҷаҳои он аз қабл изҳори нобоварӣ кардааст. Ҳарчанд мақомоти ҳукумати Афғонистон то ин лаҳзаҳо дар бораи ин қатъномаи нишасти Маскав ибрози назар накарданд, вале раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ дар изҳороти рӯзи сешанбеи худ аз сиёсатмадороне, ки бидуни намояндагон аз ҳукумати Афғонистон дар ин нишаст бо Толибон гирдиҳам омадаанд, интиқод кард. Ӯ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "Тулӯъ" гуфт, ки иштироккунандагони нишасти Маскав салоҳиятҳои амалӣ надоранд.

Оқои Ғанӣ афзуд, то ҳукумати Афғонистон, порлумон ва ниҳодҳои қонунии ин кишвар дар тасмимгириҳои сулҳи оянда дар кишвар саҳм нагиранд, чунин тасмимҳо дар рӯи коғаз хоҳанд монд. Оқои Ғанӣ таъкид кард, ки раванди сулҳи Афғонистон печида аст, вале айни замон таъкид варзид, ки ин раванд бо интиқод ва мухолифатҳо ҳал намешавад.

Музокироти Маскав дар ҳоле баргузор мешавад, ки авохири моҳи гузашта дар Қатар миёни намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзода ва намояндагони Толибон давоми шаш рӯз музокироту гуфтугӯҳо идома дошт. Толибон дар ин музокирот бо оқои Халилзод гуфтаанд, ки бо ҳукумати Афғонистон музокирот намекунанд, зеро он "машруият" надорад. Аммо оқои Ғанӣ дар посух ба онҳо гуфт, ки ӯ машруияти худро аз мардум дарёфт кардааст ва раиси ҷумҳури қонунӣ мебошад.

Ҷанги 40-сола дар Афғонистон

Дар шуморе аз шаҳрҳои Афғонистон мардум алайҳи нишасти Маскав тазоҳурот намуда ва аз нерӯҳои амниятӣ дифоъ карданд.
Дар шуморе аз шаҳрҳои Афғонистон мардум алайҳи нишасти Маскав тазоҳурот намуда ва аз нерӯҳои амниятӣ дифоъ карданд.

Нооромиҳо дар Афғонистон аз замони ҳамлаи Шӯравии собиқ ба он кишвар дар соли 1979, то ҳанӯз идома дорад. Пас аз суқути ҳукумати доктор Наҷиб ва ба сари қудрат омадани муҳоҷиддин дар соли 1992, Афғонистон вориди ҷангҳои байниҳизбӣ. Дар тирамоҳи соли 1996 гурӯҳи Толибон ҳукумати муҳоҳиддин бо раҳбарии Бурҳониддин Раббониро сарнагун кард ва то тирамоҳи соли 2001 бар Кобул ҳукм ронд.

Дар тирамоҳи соли 2001 режими Толибон бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико суқут кард ва ҳукумати интиқолӣ бо раҳбарии Ҳомиди Карзай сари кор омад. Аз он замон Афғонистон боз даргирӣ ҷангҳои хунине буд ва Толибон дар баробари нерӯҳои хориҷӣ ва артиши миллии он кишвар ба ҷанг пардохтанд. Тибқи оморҳо, тайи ҷанги чиҳилсола дар Афғонистон, беш аз як миллион нафар кушта шуда ва миллионҳо нафари дигар бехонумон шудаанд.

XS
SM
MD
LG