Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри ҷузъиёти гуфтугӯҳои намояндаи Амрико бо Толибон


Залмай Халилзод рӯзи 27-уми январ бо раиси ҷумҳур ва аъзои ҳукумати Афғонистон мулоқот дошт.
Залмай Халилзод рӯзи 27-уми январ бо раиси ҷумҳур ва аъзои ҳукумати Афғонистон мулоқот дошт.

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон ҷузъиёти гуфтугуҳояш бо Толибонро ба раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва дигар мақомоти баландпоя расонидааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 28-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Залмай Халилзод бо Толибон дар бораи созиши эҳтимолии оташбас суҳбат кардаанд, вале ҳеҷ мувофиқате дар ин замина ҳосил нашудааст.

Залмай Халилзод гуфтааст, ки Толибон хостори хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон шудаанд, аммо то ҳанӯз ҷониби Амрико дар ин хусус бо онҳо ба ҳеҷгуна тавофуқе нарасидаанд.

Дар баёнияи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ омадааст: “Агар дар мавриди хуруҷи неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳаргуна тасмим гирифта шавад, дар замони муайян дар ҳамоҳангӣ бо давлати Афғонистон сурат мегирад.”

"Толибон ду интихоб доранд"

Баёнияи мазкур баъди он нашр шуд, ки Толибон ва Залмай Халилзод гуфтанд, дар музокироти чандрӯзаашон дар Қатар барои хотима додан ба ҷанги 17-сола дар Афғонистон “пешрафт” кардаанд.

Дар идомаи баёнияи ҳукумати Афғонистон омадааст, “Доктор Халилзод гуфт, ки дар музокирот бо Толибон Амрико бо таъкид гуфтааст, ки барои расидан ба сулҳи давомдор, ягона роҳ музокироти байнулафғонӣ мебошад”.

Залмай Халилзод, зодаи Афғонистон аст.
Залмай Халилзод, зодаи Афғонистон аст.

Халилзод гуфтааст, ки “салоҳияти ман ин аст, ки заминаро барои музокироти байни афғонҳо фароҳам созам.”

Ҳукумати таҳти ҳимояти кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон ҳоло ба муқовимати сахти Толибон ру ба ру шудааст, ки ҳамлаву бомбгузориҳо дар кишварро зиёд кардаанд. Толибон бо вуҷуди ронда шудан аз ҳукумат, дар Афғонистон дар соли 2001 ҷангро бас накардаанд.

Толибон дар ин муддат борҳо пешниҳоди музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро рад карда ва онро “дастнишонда” номидааст. Толибон мегӯянд, то замоне, ки неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ нашаванд ва ё санаи рафтани онҳоро дақиқ накунанд, бо ҳукумат музокироте нахоҳанд дошт.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 28-уми январ бо муроҷиат ба мардуми кишвараш, ҳамчунин бо хитоб ба Толибон гуфт, ки бо ҳукумат вориди гуфтугӯи мустақим шаванд. Вай афзуд, “Толибон ду интихоб доранд, ё бо мардуми Афғонистон бошанд ва ба абзори дасти кишварҳои хориҷӣ табдил шаванд. “

Пешрафтҳо ва масъалаҳои ҳалношуда

Баъди 6 рӯзи музокирот бо Толибон дар шаҳри Доҳа, фиристодаи Амрико барои Афғонистон рӯзи 26-уми январ гуфт, Амрико ва Толибон дар ин музокирот ба “пешрафтҳои чашмгир” ноил шудаанд. Ӯ дар Твиттер навишт, ки “музокирот назар ба гузаштаҳо самари бештар доштааст”.

Ба гуфтаи Залмай Халилзод, тарафҳо чанд масъалае доранд, ки бояд ҳал кунанд ва то замоне, ки “дар ҳама чиз ба мувофиқа нарасанд, ҳеҷ созише нахоҳад буд.”

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ҳарчанд дар мулоқотҳо “пешрафтҳо” буд, аммо гузоришҳо дар бораи ҳосил шудани тавофуқ сари созиши оташбас “воқеият надоранд”.

Дар баёнияи сухангӯи Толибон омадааст, ки тарафҳо гуфтугӯро дар бораи “мушкилоти ҳалношуда” идома мекунад. Ба қавли вай, то замоне, ки масъалаи хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ ҳал нашавад, “пешрафт дар дигар масоил номумкин аст.”

Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли вазорати умури хориҷии Қатар навиштааст, ки даври дигари музокирот байни Толибон ва Амрико рӯзи 25-уми феврал баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG