Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдуллоҳ: "Тақвияти Толибон ба зарари Русия, Эрон ва Осиёи Миёна аст"


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон гуфтааст, тақвият ва пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон, ба зарари Русия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Миёна аст. Доктор Абдуллоҳ суханронии рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Давоси Швейтсияро бо интиқод аз Толибон оғоз кард ва гуфт, "ин гурӯҳ ба мардумсолорӣ ва арзишҳои демократӣ бовар надорад".

  • Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон дар идома афзуд, Толибон танҳо аз тариқи хушунат ва амалҳои террористӣ ҳадафҳояшонро дунбол мекунанд.
Русия ва Эрон ҳимояти молӣ ва додани силоҳ ба Толибонро рад карда ва гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо бозгардонидани Толибон ба мизи музокирот бо намояндагони ҳукумати Афғонистон аст.

Ба ҳамин манзур, Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ҳар гуна ҳимоят аз Толибон ба нафъи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нахоҳад буд. "Агар Толибон дар Афғонистон пешрафте дошта бошанд, кишварҳои Осиёи Миёна мутаассир хоҳанд шуд ва дар натиҷа манфиатҳои Русия мустақим садама хоҳад дид", - афзуд ӯ.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодии ҷаҳон дар Давос дар як нишаст ҳамчунин гуфт, баъзе кишварҳо шояд бо сиёсатҳои Амрико дар минтақа мухолифат доранд ва бинобар ҳамин, бо гурӯҳи Толибон ба таври дигар бархӯрд мекунанд. Ӯ ҳамчунин мавҷудияти паноҳгоҳҳои Толибон дар Покистон яке аз монеаҳои бузург барои сулҳ дар Афғонистон донист.

Ҳайати Толибон дар музокироти Маскав. Моҳи ноябри 2018.
Ҳайати Толибон дар музокироти Маскав. Моҳи ноябри 2018.

Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон дар суханрониаш аз кишвари мушаххасе ба унвони пуштибони гурӯҳи Толибон ном набурд, вале дар гузашта Русия ва Эрон мизбони намояндагони Толибон будаанд ва гузоришҳое ҳам вуҷуд дошт, ки ин гурӯҳ ба наҳвае аз сӯи Маскав ва Теҳрон ҳимоят мешавад.

Аммо Русия ва Эрон ҳимояти молӣ ва додани силоҳ ба Толибонро рад карда ва гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо бозгардонидани Толибон ба мизи музокирот бо намояндагони ҳукумати Афғонистон аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар яке аз нишастҳо дар Давос гуфт, ҳукумати Афғонистон барои расидан ба сулҳ, ба шарти он ки дастовардҳои 18 соли ахир дар он кишвар ҳифз шавад, ба ӯҳдадориҳои худ амал хоҳад кард.

Доктор Абдуллоҳ гуфт, Толибон шояд фикр мекунанд мардум ба онҳо майл доранд, аммо ӯ таъкид кард, ки чунин нест. "Агар чунин механизме вуҷуд дошта бошад, ки бахши бузурге аз мардум шеваи зиндагии ҳаммонанди Толибонро интихоб мекунад, биёед, дар ин бора гуфтугӯ кунем. Мо чӣ гуна инро дарёбем, зеро онҳо фикр мекунанд барои мардум зиндагии монанди Толибон беҳтар аст. Оё мардум фикр мекунанд, ки чунон зиндагӣ барояшон беҳтар хоҳад буд?"

Мулоқоти Залмай Халилзод бо мақомоти афғон дар Кобул.
Мулоқоти Залмай Халилзод бо мақомоти афғон дар Кобул.

Ин суханони Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Маҷмааи иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳоле садо дод, ки Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон дар се рӯзи гузашта бо намояндагони Толибон дар Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.

Толибон дар паёмашон дар "Твиттер" навиштаанд, ки гуфтугӯҳо рӯзи 23-юми январ идома хоҳад дошт. Аммо ин гурӯҳ аз ироаи ҷузъиёт дар мавриди мулоқотҳои ду рӯзи гузаштаи оқои Халилзод ва Толибон, худдорӣ кардааст.

Залмай Халилзод то ҳоло чаҳор бор бо намояндагони Толибон дидору гуфтугӯҳо доштааст, аммо то ҳанӯз ба пешниҳодҳои аслиаш, ки дидори рӯ дар рӯи ин гурӯҳ бо ҳукумати Афғонистон ва эъломи оташбас, посухи мусбат нагирифтааст. Толибон борҳо таъкид кардаанд, ки бояд Амрико барои идома музокирот, замони хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистонро муайян кунад.

Чанде пеш гузоришҳое ба нашр расид, ки Доналд Трамп тасмим дорад ҳафт ҳазор низомии он кишварро аз Афғонистон берун кунад. Аммо то ба ҳол ҳеҷ гуна ҷадвали замонӣ барои хуруҷи ин нерӯҳо, таъйин нашудааст. Амрико дар ҳоли ҳозир ҳудуди 14 ҳазор низомӣ дар Афғонистон дорад.

Тибқи гузоришҳо, дар ҳамлаи рӯзи душанбеи Толибон ба як пойгоҳи нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Вардак, беш аз 100 нафар кушта шуданд.
Тибқи гузоришҳо, дар ҳамлаи рӯзи душанбеи Толибон ба як пойгоҳи нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Вардак, беш аз 100 нафар кушта шуданд.

Музокироти Қатар дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми январ дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба як маҷмааи размоиши низомии Афғонистон 126 нафар кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба мансабдори баландпояи Вазорати дифои Афғонистон иттилоъ дод. Вале мақомоти расмӣ шумори кушташудаҳоро 12 нафар мегӯянд.

Толбибон иддао карданд, ки дар ҳамлаи рӯзи 21-уми январ 190 низомии афғон кушта шуд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар суҳбат бо хабаргузорӣ ҳалокати беш аз 100 нафарро тасдиқ карданд, вале намояндагони ҳукумати Афғонистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Ҳамла рӯзи душанбе дар шаҳри Майдоншаҳр, маркази маъмурии вилояти Вардак рух додааст. Маргталабе нахуст мошинро дар назди пойгоҳи низомӣ тарконида, сипас се узви Толибон ба сӯи кормандони маҷмаа оташ кушоданд.

XS
SM
MD
LG