Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон бо 250 нафар ба нишасти Қатар меравад


Ҳукумати Афғонистон рӯзи сешанбе феҳристи 250-нафарии афродеро, ки қарор аст дар музокироти Давҳа бо Толибон ширкат кунанд, нашр кард. Ин нишаст қарор аст рӯзҳои 19-21 апрел дар пойтахти Қатар баргузор шавад.

Дар ин феҳрист номи шуморе аз мақомҳои давлатӣ низ дида мешавад. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон дар вокуниш ба интишори феҳристи иштироккунандагони ҳукумати Афғонистон бори дигар гуфтаанд, ки ҳеҷ касе дар ин нишаст ба намояндагӣ аз ҳукумати Афғонистон иштирок намекунад.

Ҳоло суол ин аст, ки нишасти пешрӯи Қатар натиҷае дар пай хоҳад дошт ва ба ҷанги тӯлонии ин кишвар хотима хоҳад дод ё на.

Ҳорун Чахонсурӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон бо ирсоли як паём ба расонаҳо гуфтааст, ки дар таҳияи ин феҳрист, намояндагии ҳама қишрҳои ҷомеа дар назар гирифта шудааст. Вай афзуд, "ҳукумати Афғонистон феҳристи иштироккунандаҳои нишасти Давҳаро, ки аз тарафҳои зидахл муаррифӣ шуда буданд ва дар он тамоми қишрҳои ҷомеа намояндагӣ мекунанд, имрӯз ниҳоӣ кард".

Дар ин феҳристи 250-нафарӣ намояндагони аҳзоби сиёсӣ, раҳбарони ҷиҳодӣ, хонаводаҳои қурбониён, Шӯрои олии сулҳ, донишмандон, намояндагони порлумон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, занон, ҷавонон, рӯзноманигорон, масъулини ҳукуматӣ ва бузургони қавмӣ, шомил мебошанд.

Нишасти Давҳа, ки аз он ҳамоиши "байн-ул-афғонӣ" низ ном бурда мешавад, дар ҳоле сурат мегирад, ки пеш аз ин ҳайате аз Амрико бо намояндагони Толибон панҷ рӯз гуфтугӯ кардаанд. Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон пеш аз ин ба Радиои Озодӣ гуфта буд, интизор меравад имсол соли сулҳ бошад ва вақти он расидааст, ки ҷанг дар ин кишвар ба поён бирасад.

Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар.
Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар.

Ба иттилои бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ, гурӯҳи Толибон рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми апрел бо нашри эъломия гуфт, ки баргузоркунандагони ин нишаст ин теъдод афродро аз сӯи ҳукумат нахоҳанд пазируфт ва на ҳам дар чунин нишастҳое ин гуна иштирок роиҷ мебошад.

Ба навиштаи Бӣ-Бӣ-Сӣ, Толибон бо ишора ба макони баргузории нишаст гуфтаанд, "таҳиякунандагони феҳрист дар Кобул бояд дарк кунанд, ки ин як конфронси муназзам ва барномарезишуда дар як кишвари дурдасти халиҷӣ аст, на маросими арӯсӣ ё меҳмонӣ дар кадом толори Кобул".

Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ҳудуди 25 нафар аз аъзои ҳайати музокиракунанда ва аъзои дафтари ин гурӯҳ дар Қатар, дар ин нишаст иштирок хоҳанд кард. Толибон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки барои аввалин бор занон ҳам дар миёни ҳайати музокиракунандаи онҳо ҳастанд ва дар нишасти Давҳа бо ҳайати музокиракунандаи Амрико ва намояндагони афғон дар мавриди ояндаи Афғонистон баҳс мекунанд.

Забеҳуллоҳ Муҳоҷид, ки худашро сухангӯи гурӯҳи Толибон муаррифӣ мекунад, аз тариқи телефон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, дар нишасти Давҳа дар миёни ҳайати Толибон, занон ҳам ҳастанд. Аммо оқои Муҳоҷид пас аз нашри гузориши "Рейтерз" дар "Твиттер"-и худ навишт, ки сӯҳбатҳои ӯ нодуруст фаҳмида шуда ва қарор нест дар нишасти Қатар занон дар ҳайати ин гурӯҳ шомил бошанд.

Ҳоло суол ин аст, ки нишасти пешрӯи Қатар натиҷае дар пай хоҳад дошт ва ба ҷанги тӯлонии ин кишвар хотима хоҳад дод ё на. Шуморе аз коршиносон мегӯянд, ки тӯлонӣ будани феҳристе, ки ҳукумати Афғонистон нашр кард, сабаби бенатиҷа будани ин нишаст хоҳад шуд.

Ба назари ин коршиносон, афроди шомили ин феҳрист намояндагони гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи ҷомеа ҳастанд, ки дидгоҳҳои гуногун доранд ва ҳаргиз наметавонанд назари ягонаро ироа кунанд ва дар музокирот ба натиҷае бирасанд ва бинобар ҳамин, дасти холӣ бармегарданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саъй дорад, то Толибонро ба музокирот бо ҳукумати Афғонистон моил кунад. Толибон ҳукуматро "дастнишонда"-и Ғарб номида ва то кунун аз гуфтугӯи мустақим бо он худдорӣ кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG