Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико тамосҳояшро бо мушовири амнияти миллии Афғонистон қатъ кард


Амрико тамосҳои худ бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистонро қатъ карда ва гуфтааст, ки аз ин ба баъд бо ӯ робитае нахоҳад дошт ва дар Вашингтон низ аз ӯ истиқбол нахоҳад шуд.

Дар пайи ихтилофот дар мавриди чигунагии музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибон, як дипломати баландпояи амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ки Вашингтон ба раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки Амрико аз ин баъд ҳеҷ тамосе бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии ӯ нахоҳад дошт. Чаҳор манбаи огоҳ ин матлабро рӯзи душанбеи 18-уми март ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд.

Як мақоми пешин дар ҳукумати Афғонистон ба "Рейтерз" гуфтааст, ки тасмими Вашингтон дар бораи қатъи тамос бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб имкон дорад Ашраф Ғаниро водор ба барканории вай кунад.

Қатъи тамос бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб таниш миёни Кобул ва Вашингтон дар мавриди канор гузоштани ҳукумати Афғонистон аз гуфтугӯҳои сулҳро афзоиш хоҳад дод. Нуқтаҳои муҳими ин гуфтугӯҳо -- хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва дигар истифода нашудани хоки ин кишвар дар ҳамлаҳои террористӣ алайҳи дигарон мебошад.

Ҳамдуллоҳ Муҳиб, ки чанд моҳ пеш ба ҷои Атмар Ҳаниф мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон таъйин шуда буд ва қабл аз он сафири ин кишвар дар ИМА буд, рӯзи панҷшанбеи гузашта аз Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон, ба таври ошкоро интиқод кард.

Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон.
Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон.

Ӯ ки дар як сафар дар Амрико ба сар мебурд, дар як нишасти хабарӣ дар сафорати Афғонистон дар Вашингтон гуфт, ки оқои Халилзод зимни талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳадафҳои шахсии худро барои касби қудрат, пайгирӣ мекунад. Оқои Муҳиб аз ҷумла гуфта буд, "мо фикр мекунем, ё оқои сафир намедонад чӣ мекунад, ё чизи дигаре дар сар дорад".

Оқои Муҳиб гуфта буд, ки Залмай Халилзод ба дунболи ташкили ҳукумати муваққатӣ аст, ки худ дар раҳбарии он қарор бигирад. Мушовири амнияти миллии Афғонистон раванди сулҳ миёни Амрико ва Толибонро ғайришаффоф дониста буд. Ӯ ҳамзамон гуфта буд, ки оқои Халилзод дар мавриди музокирот бо Толибон, бо ҳукумати Кобул машварат намекунад ва маълумоти каме ба давлати Афғонистон пешниҳод менамояд.

Пас аз ин суханони мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон, шуморе аз расонаҳо гузориш доданд, ки вазорати умури хориҷи Амрико дар ҳоле ин изҳороти ӯро радд кард, ӯро ба вазорати умури хориҷӣ даъват намуд. Аммо сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар сӯҳбат бо расонаҳо даъвати Ҳамдуллоҳ Муҳиб ба вазорати умури хориҷии Амрикоро радд карда ва гуфтааст, ки мулоқоти ӯ аз қабл барномарезӣ шуда буд.

Манбаъҳо ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, як рӯз баъд аз ин ҳамлаи Ҳамдуллоҳ Муҳиб ба Залмай Халилзод, муовини сиёсии вазорати умури хориҷии Амрико Девид Ҳел ба Ашраф Ғанӣ занг зада ва гуфтааст, ки оқои Муҳиб аз ин ба баъд дар Вашингтон истиқбол нахоҳад шуд ва мақомоти низомӣ ва ғайринизомии Амрико бо ӯ ҳамкорие нахоҳанд дошт. Як мақоми баландпояи афғон бо "Рейтерз" ин сӯҳбати мақоми амрикоӣ бо Ашраф Ғаниро таъйид кардааст.

Кобул аз ин тарс дорад, ки нияти Вашингтон барои ниҳоӣ сохтани тавофуқи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тавоноии ҳукумати ин кишвар барои расидан ба як созиши сиёсӣ бо Толибон, дастовардҳои 18 соли гузашта, чун ҳаққи таҳсили занон ва озодии баёнро ба хатар рӯбарӯ месозад.

Як мақоми пешин дар ҳукумати Афғонистон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки тасмими Вашингтон дар бораи қатъи тамос бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб имкон дорад раиси ҷумҳур Ашраф Ғаниро водор ба барканории вай кунад. Раёсати ҷумҳури Афғонистон ва Шӯрои амнияти миллии он кишвар то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардаанд. Курсии мушовири амнияти миллӣ дар низоми сиёсии Афғонистон як мақоми калидӣ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG