Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди сулҳи Афғонистон ва таниши лафзӣ миёни мақомоти Амрико ва Покистон


Дар ҳоле, ки намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод ба зудӣ ба Кобул сафар мекунад, интиқодҳои мақомоти амрикоӣ ва покистонӣ ба якдигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ афзоиш ёфтааст.

Ширин Мазорӣ, вазири ҳуқуқи башари Покистон ахиран дар "Твиттер"-и худ навишт, ки Ҷон Басс, сафири Амрико дар Кобул дар бораи масоили Афғонистон ва минтақа маълумоти зиёд надорад.

Вазорати умури хориҷии Покистон бо нашри хабарномае гуфтааст, ки аз суханони Имрон Хон бардошти нодуруст шудааст.

Ин аксуламал пас аз он сурат гирифт, ки Ҷон Басс, сафири Амрико дар Кобул дар вокуниш ба изҳороти нахуствазири Покистон дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, "бархе масоил, ки бо крикет рабт мегирад дар дипломатия натиҷа надорад". (Крикет як бозии маҳбуб дар нимҷазираи Ҳинду Покистон мебошад ва Имрон Хон дар авоили солҳои навади қарни гузашта Покистонро ба қаҳрамонии ҷаҳон расонида буд. РО).

Дар айни ҳол намояндаи вижаи Бритониё барои Афғонистон ва Покистон бо дубора нашр кардани паёми твиттерии Ҷон Басс гуфтааст, "эҳсос мекунам, ки бояд инро ман мегуфтам".

Ин интиқодҳои зоҳиран тунд баъд аз он матраҳ мешавад, ки Имрон Хон, нахуствазири Покистон ҳукумати Афғонистонро ба эҷоди монеа дар раванди сулҳ муттаҳам кард ва гуфт, ки ба миён омадани як ҳукумати муваққатӣ дар Афғонистон метавонад як роҳи ҳалли эҳтимолӣ бошад. Дар пасманзари ин бигумагӯҳо, ҳоло ин эҳтимолҳо ба миён омадааст, ки ин танишҳои лафзӣ ба раванди сулҳ дар Афғонистон таъсир мерасонад.

َ
َ

Пеш аз ин Залмай Халилзод, намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико барои сулҳи Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти нахуствазири Покистон гуфта буд, ки Исломобод дар раванди сулҳи Афғонистон ҳамкорӣ кардааст, аммо суханони ахири Имронхон созанда намебошад.

Ҳукумати Афғонистон низ дар баробари изҳороти нахуствазири Покистон вокуниш нишон дод. Вазорати умури хориҷии Афғонистон муовини сафири Покистон дар Кобулро даъват кард ва сафири Афғонистон дар Исломободро ба Кобул фаро хонд.

Аз сӯе ҳам вазорати умури хориҷии Покистон бо нашри хабарномае гуфтааст, ки аз суханони Имрон Хон бардошти нодуруст шудааст. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон фаро хонда шудани сафири Афғонистон аз Исломободро "кори носанҷида" донистааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Залмай Халилзод марҳилаи нави сафарҳояш дар пайванд ба сулҳи Афғонистонро ба ҳафт кишвар ба шумули Афғонистон ва Покистон оғоз кардааст. Ин сафари намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико барои сулҳи Афғонистон дар ҳоле оғоз мегардад, ки пас аз интиқодҳои ҷанҷолбарангези Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон аз Залмай Халилзод, Вашингтон тамосҳо бо оқои Муҳибро қатъ кард.

Як манбаъ дар ҳукумати Афғонистон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки оқои Халилзод рӯзи шанбе ба Кобул меояд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё Ҳамдуллоҳ Муҳиб дар гуфтугӯҳо миёни мақомоти афғон ва Залмай Халилзод иштирок хоҳад дошт ё на?

Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон.
Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон.

Дар пайи ихтилофот дар мавриди чигунагии музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибон, Вашингтон ба раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки Амрико аз ин баъд ҳеҷ тамосе бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии ӯ нахоҳад дошт.

Қатъи тамос бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб таниш миёни Кобул ва Вашингтон дар мавриди канор гузоштани ҳукумати Афғонистон аз гуфтугӯҳои сулҳро афзоиш хоҳад дод. Нуқтаҳои муҳими ин гуфтугӯҳо -- хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва дигар истифода нашудани хоки ин кишвар дар ҳамлаҳои террористӣ алайҳи дигарон мебошад.

Оқои Муҳиб гуфта буд, ки Залмай Халилзод ба дунболи ташкили ҳукумати муваққатӣ аст, ки худ дар раҳбарии он қарор бигирад. Мушовири амнияти миллии Афғонистон раванди сулҳ миёни Амрико ва Толибонро ғайришаффоф дониста буд. Ӯ ҳамзамон гуфта буд, ки оқои Халилзод дар мавриди музокирот бо Толибон, бо ҳукумати Кобул машварат намекунад ва маълумоти каме ба давлати Афғонистон пешниҳод менамояд.

Пас аз ин суханони мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон, шуморе аз расонаҳо гузориш доданд, ки вазорати умури хориҷи Амрико дар ҳоле ин изҳороти ӯро радд кард, ӯро ба вазорати умури хориҷӣ даъват намуд. Аммо сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар сӯҳбат бо расонаҳо даъвати Ҳамдуллоҳ Муҳиб ба вазорати умури хориҷии Амрикоро радд карда ва гуфтааст, ки мулоқоти ӯ аз қабл барномарезӣ шуда буд.

Манбаъҳои хабарӣ гуфтаанд, як рӯз баъд аз ин ҳамлаи Ҳамдуллоҳ Муҳиб ба Залмай Халилзод, муовини сиёсии вазорати умури хориҷии Амрико Девид Ҳел ба Ашраф Ғанӣ занг зада ва гуфтааст, ки оқои Муҳиб аз ин ба баъд дар Вашингтон истиқбол нахоҳад шуд ва мақомоти низомӣ ва ғайринизомии Амрико бо ӯ ҳамкорие нахоҳанд дошт. Як мақоми баландпояи афғон бо "Рейтерз" ин сӯҳбати мақоми амрикоӣ бо Ашраф Ғаниро таъйид кардааст.

Кобул аз ин тарс дорад, ки нияти Вашингтон барои ниҳоӣ сохтани тавофуқи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тавоноии ҳукумати ин кишвар барои расидан ба як созиши сиёсӣ бо Толибон, дастовардҳои 18 соли гузашта, чун ҳаққи таҳсили занон ва озодии баёнро ба хатар рӯбарӯ месозад.

XS
SM
MD
LG