Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойи 20 муҳоҷири тоҷик дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ кашида шуд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳудудан аз 20 муҳоҷири тоҷик дар Русия тақозо кардаанд, ки ҳарчи зуд ба ватан баргашта, ба суоли тафтишот дар робита ба ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ посух гӯянд. Мақомот бовар доранд, ки ин гуруҳи муҳоҷирон дар Русия бо ҳамлаварон шиносоӣ доштанд.

Ба мо гуфтанд, ки худашон бевосита дар ҷиноят даст надоранд, аммо ҳодисаро пинҳон кардаанд

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ хеле ҷиддӣ ҷараён дорад ва хурдтарин ҷузъиёт дар ин маврид санҷида мешавад.

  • "Воқеан, бо тақрибан 20 муҳоҷири тоҷик дар Русия телефонӣ суҳбат шуд. Аз онҳо даъват карда шуд, ки ба ватан баргарданд ва ба суоли тафтишот аз наздик ҷавоб гӯянд. Аммо ин ба он маъно нест, ки онҳо гунаҳкоранд. Танҳо баъзе ҷузъиёт бояд тавассути онҳо рӯшан карда шавад", - афзуд ӯ.
Ҷаъфариддин Юсупов, яке аз ҳамлаварон, ки дар амалиёти боздошт кушта шуд
Ҷаъфариддин Юсупов, яке аз ҳамлаварон, ки дар амалиёти боздошт кушта шуд

Боздошти 5 нафар

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, панҷ сокини шаҳри Норак бо гумони “хабар надодан аз тарҳи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ” боздошт шудаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, ки чаҳор нафари боздоштшуда сокини деҳаи Навдеҳ ва як нафар сокини деҳаи Чашмаи шаҳри Норак ҳастанд.

Фарҳод Давлатов бо писараш Абдулмуъмин, Бахтовар Салоҳиддинов, Қиёмиддин Қурбонов ва Бахтиёр Солеҳов ба он муттаҳам мешаванд, ки узви гурӯҳи тундрав будани ду бародар – Ҷаъфариддини 21-сола ва Аслиддини 26-сола – сокинони шаҳри Норак (узви гуруҳи ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ)-ро медонистанд, аммо мақомотро дар ҷараён нагузоштанд. Боздоштшудаҳо бо ин ду ҳамлагар аз як ҷамоат будаанд.

Ин акси саёҳати дучархасаворони хориҷӣ ҳангоми убур аз Кӯлоб бардошта шудааст
Ин акси саёҳати дучархасаворони хориҷӣ ҳангоми убур аз Кӯлоб бардошта шудааст

"Аз ин афрод ҳатто даъват карда будаанд, ки ба ин гурӯҳи тундрав шомил шаванд. Онҳо рад кардаанд. Вале онҳо дар ин бора ба мақомот хабар надодаанд", - гуфт манбаъ.

"Ҳодисаро пинҳон кардаанд"

То ба ҳол наздикон ва ё вакилони дифои панҷ нафари боздоштшуда дар ин замина изҳори назар накардаанд. Ҷузъиёт ва санаи боздошти онҳо низ маълум нест.

Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Норак боздошти панҷ сокини ноҳияро тасдиқ карданд. Абдураҳмон Гулов, раиси ҷамоати деҳоти “Дӯконӣ” дар шаҳри Норак ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштшудаҳо ҳама муҳоҷири меҳнатӣ буданд.

"Хабар ёфтем, ки онҳо боздошт шудаанд. Тавре ба мо гуфтанд, худашон бевосита дар ҷиноят даст надоранд, вале ҳодисаро пинҳон кардаанд", - гуфт Абдураҳмон Гулов.

Рӯйхати муҳоҷирони осебпазир

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксар шаҳрвандони кишвар, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, дар Русия мағзшӯӣ шудаанд. Аз ҷумла, тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, 85 дарсади тоҷикон, ки ба сафи ДИИШ ҳамроҳ шуданд, муҳоҷири меҳнатии дар Русия буданд.

Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак, рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дарназардошти он ки ду ҳамлавар аз Норак дар Русия мағзшӯӣ шуда буданд, рӯйхати муҳоҷирони осебпазирро таҳия кардаанд ва бо ҳар яке аз онҳо алоҳида суҳбат мешавад. Ӯ гуфт, барои тамос бо муҳоҷирони осебпазир “Тоҷиктелеком” ба вакилони маҳаллӣ ва кормандони масъули ҳукумат шароит фароҳам кардааст.

"То ҳоло бо беш аз 200 нафар ҳамсуҳбат шудем. Рӯйхати муҳоҷирон дар дасти мо ҳаст ва бо ҳар яке аз онҳо дар тамос ҳастем. Мақомоти қудратӣ алоҳида дар самти худашон суҳбат мекунанд, вале мақсади мо бештар ошноӣ бо вазъи кору зиндагиашон ҳаст. Бо онҳо суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳем, ки ба роҳҳои бад нараванд", - афзуд ӯ.

Ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар Себистони Данғара рух дод. Дар ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Видео: Қотилони сайёҳони хориҷӣ кӣ буданд?

Қотилони сайёҳони  хориҷӣ дар Тоҷикистон кӣ буданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:52 0:00

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо анҷом додаанд. Ҳарчанд гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Эрон баланд гардид.

Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов дар боздошт аст. Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳамла даҳ нафарро дастгир кардаанд, ки ду нафар барои кумаки молӣ ва ҳашт тани дигар барои “хабар надодан” аз тарҳи ҳамла муттаҳаманд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG