Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сим-корт дар Тоҷикистон пулакӣ мешавад -- 250 сомонӣ. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки нархи як сим-корти телефонҳои мобилӣ то 250 сомонӣ муқаррар карда шавад. Қарор аст, ин тасмим пас аз 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад ва ширкатҳои мобилӣ муваззаф хоҳанд буд, сим-кортҳоро бо ҳамин нарх ба фурӯш бароранд.

Кӣ бо ин нарх сим-корт мехарад? Мо-ку дар Кувейт зиндагӣ намекунем, ки мардум ҳар рӯз бо ин нарх сим-корт харанд

Мусоҳибони Радиои Озодӣ дар се ширкати мобилӣ вуҷуди чунин тасмимро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи мусоҳибон, аслан ташаббуси боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ аст.

Онҳо гуфтанд, дар як маҷлис бо иштироки менеҷерони сатҳи болоии ширкатҳои мобилӣ, намояндагони Хадамоти алоқа ва мақомоти қудратӣ масъалаи боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо матраҳ шудааст. Ин маҷлис гӯиё пас аз ҳамлаи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара сурат гирифта, мақомот дар доираи мубориза бо терроризм масъалаи боло бурдани арзиши сим-кортҳоро баррасӣ кардаанд, то "сокинон ҳар дам онро иваз накунанд".

"Нахуст мақомот пешниҳод кардаанд, ки нархи фурӯши як сим-корт 1000 сомонӣ таъйин карда шавад. Аммо пас аз радду бадалҳо қарор шудааст, нархи сим-корти телефони мобилӣ 250 сомонӣ таъйин карда шавад", - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо ба шарти ифшо нашудани номаш.

Масъулони баъзе аз ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, то кунун Хадамоти алоқаи Тоҷикистон кадом санад ваё қарореро дар ин робита ба онҳо ирсол накардааст.

Талошҳои ба такрори Радиои Озодӣ барои тасдиқи ин хабар дар Хадамоти алоқа бенатиҷа анҷом ёфтанд. Ҳеҷ яке аз масъулони Хадамоти алоқа ҳозир нашуданд, ин тасмимро шарҳ диҳанд.

Аммо яке аз мудирони баландпояи як ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон низ вуҷуди чунин тасмимро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, қарори то 250 сомонӣ гарон кардани нархи сим-кортҳо дар умум ба соҳаи алоқаи мобилӣ зарба мезанад.

"Агар ин маблағ аз онҳое ситонида шавад, ки ҳоло сим-корт доранд, бештари одамон аз сим-корт даст мекашанд. Агар ин нарх танҳо барои онҳое бошад, ки акнун сим-корт мехаранд боз ҳам, бо ин нархи гарон кам касе ҳозир мешавад, сим-корт бигирад. Дар тамоми ҷаҳон сим-корт ба муштарӣ ройгон дода мешавад",-гуфт ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, хароҷоти муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон то ҳадде зиёд шудааст, ки барои одамон арзонтар аст, сим-корти русӣ ва ё қирғизиро харида, тариқи роуминг аз он истифода кунанд.

"Агар мақомот дар фикри пур кардани будҷа бошанд, ҳоло мебинем, ки як гурӯҳи бузурги муштариён дар шимоли кишвар сим-кортҳои қирғизиро истифода мекунанд. Сари ин масъала бояд фикр кард, на инки нархи сим-кортро ба 250 сомонӣ боло бурд. Кӣ бо ин нарх сим-корт мехарад? Мо-ку дар Кувейт зиндагӣ намекунем, ки мардум ҳар рӯз бо ин нарх сим-корт харанд",-афзуд мусоҳиби мо.

Феълан дар Тоҷикистон чаҳор ширкат – "Бабилон", "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон айни замон 4,1 миллион муштарии фаъоли алоқаи мобилӣ вуҷуд доштааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG