Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти нав дар фурӯши SIM-кортҳо. САДО


Масъулини ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳақ надоранд, ки ба як муштарӣ беш аз ду симкорт фурӯшанд. Ин тасмим бар асоси як қарори Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки ҳанӯз моҳи майи имсол қабул шуда буд.

Харидуфурӯши симкорт дар Тоҷикистон маҳдуд шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим

Мақомот мегӯянд, муштарӣ барои кӯдакон бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуди ӯ, барои фарзанди то 14-сола як ва барои фарзанди 15-17 сола ду симкорти дигар ба номи худаш бигирад. Ба гуфтаи мақомот, ин тасмим бо ҳадафи амнияти шаҳрвандон ва бекор нахобидани симкортҳои иловагӣ рӯи даст гирифта шудааст. Зеро дар сурати истифода набурдани симкортҳои фурӯхташуда ва ғайрифаъол будани онҳо ширкатҳо маҷбуранд, ки ҳар моҳ барои як симкорт 80-дирамӣ пардохт намоянд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки барои ба ихтиёри афроди ҷинояткор додани симкортҳо, ҷавобгарии ҷиноятӣ таъин шавад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бештари ҳолат ҷинояткорон симкортҳоеро истифода мебаранд, ки ба номи афроди дигар сабт шудаанд ва ин ҳолат ҷараёни тафтишотро ба мушкил рӯбарӯ мекунад. “Мо мебинем, ки симкортҳои ҷинояткорон ба номи ҳар кас сабт шудааст. Ё як симкортро аз бозор харидаанд, ки ба номи шахси дигар буда, якдигарро намешиносанд ва ягон робита ҳам надоранд. Дар ҷараёни ошкоркунии ҷиноятҳо, ба ин мушкил бештар рӯбарӯ мешавем", - афзуд сухангӯи ВКД.

Охири соли 2015 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ бо нигаронӣ аз онки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон низ расидааст, дар порлумон гуфта буд, ки “7 миллион симкорти фурӯхташуда бояд аз нав сабт шаванд”.

То замон ба иҷро даромадани ин қарор дар Тоҷикистон доштани чанд симкорти ширкатҳои гуногуни мухобиротӣ кори маъмулӣ буд. Як нафар метавонист, ки ҳам аз ширкати Бабилон, ҳам аз Тселл ва Мегафону Билайн симкорт дошта, онҳоро истифода кунад. Бархе аз сокинон мегӯянд, ин ҳам яке аз махсусиятҳои Тоҷикистон аст, ки барои мисол дар як минтақа мавҷи ширкати Тселл беҳтар буда, истифода аз симкорти Бабилон мушкил ё ҳатто имконнопазир аст.

“Инчунин, барои кам кардани харҷи гуфтугӯҳо симкорти чанд ширкатро истифода мебурдем. Агар ҳамсӯҳбат муштарии шикрати Бабилон аст, аз симкорти Бабилон истифода мекардем, агар муштарии Тселл аст, аз симкорти Тселл. Инчунин, нарх ва суръати интернет дар ҳамаи ширкатҳо мухталиф аст”, - гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо дар пойтахт.

Сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта оғоз шуда ва то охири моҳи майи имсол идома кард.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, барои ба ихтиёри афроди ҷинояткор додани симкортҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ таъин шавад. Моҳи майи имсол мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар ин робита ба ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад.

Моҳи марти имсол фаъолияти аксар марказҳои дилерӣ дар Тоҷикистон, ки ба хариду фурӯши SIM-корти телефонҳои мобил машғул буданд, қатъ шуд. Феълан ҳаққи фурӯши симкортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат – “Ошно-групп” ва “О мобайл” фароҳам гардидааст.

Сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта оғоз шуда ва то охири моҳи майи имсол идома кард. Дар ин муддат касоне, ки натавонистанд барои сабти дубораи симкортҳои харидаашон дар намояндагии ширкатҳои мобилӣ ҳозир шаванд, ҳуқуқи соҳибӣ ба ин манбаи гуфтугӯро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG