Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 1000 сомонӣ барои шумораи (...) 99 99 99 ё (...) 88 88 88 (ВИДЕО)


Бо вуҷуди он ки нархи рақамҳои телефони мобилӣ дар марказҳои фурӯш аз 5 сомонӣ шурӯъ мешавад, аммо кам нестанд нафароне, ки мехоҳанд шумораҳои қиматеро барои худ харидорӣ кунанд.

Як сайругашти сарироҳӣ дар хиёбонҳои Душанбе кофист, то таваҷҷуҳи мардум, хусусан насли ҷавонро ба шумораҳои ба истилоҳ «нуқрагин»-у «тиллоӣ» мушоҳида кунем. Арзиши як симкорт дар марказҳои фурӯш аз 5 сомонӣ шурӯъ мешавад ва то ба 1000 сомонӣ мерасад. Аммо ба гуфтаи ҳолдонҳо, ин ҳам охири нарх нест ва шумораҳои аз ин ҳам гаронарзишро метавон танҳо бо воситаи "шинос"-ҳо аз ширкатҳои мобилӣ дастрас кард. Ҳарчанд вуҷуди чунин бозори сиёҳ дар атрофи шумораҳои тилоиро ширкатҳои мобил рад мекунанд.

Як наврасе, ки бо вай дар назди дӯкони фурӯши симкортҳо вохӯрдем ва худро Латиф, хонандаи мактаби миёна муаррифӣ кард, дар ҳоли харидории як шумораи телефон дар ивази 100 сомонӣ гуфт, ин дувумин шумораи ғайримаъмулии ӯст. Латиф бартарии ин шумораҳоро нисбат ба шумораҳои маъмулӣ дар дар он медонад, ки «дар хотири ҳар нафар зуд мемонад» ва ҳам «дар байни ҳамсолон шумораи намуна» аст. Аммо шуморае ки Латиф харид, танҳо ду шумораи ҷуфти монанд дошт ва ҳам 10 сомонӣ дар ҳисобаш.
Аммо нархи ин шумораҳои ба истилоҳ "тиллоӣ"-ву "Нуқрагӣ" ваё ба таъбири дар забони мардум маъруфтари русӣ , "крутой"-ро оё худи ширкатҳои мобил мегузоранд? Ваё фурӯшандаҳои миёнарав ё ба истилоҳ дилерҳо симкортҳоро аз ширкатҳои мобилӣ ба нархи арзон гирифта, вобаста ба талабот қиматашро боло мебаранд?

Дар чанд маркази фурӯши симкорт ба мо гуфтанд, ки шумораҳои гаронарзишро аз дилерҳо дастрас мекунанд ва ба нархи симкорте, ки барои мисол, дар ширкат ба онҳо 100 сомонӣ мефурӯшанд, 30-40 сомонӣ илова мекунанд. Шаҳбоз, як фурӯшандаи симкорт гуфт, ки онҳо аз дигар дилерҳо чунин шумораҳоро дастрас мекунанд. Ба гуфтаи Шаҳбоз, дилерҳое ҳастанд, ки шумораҳои «тиллоӣ»-ву «нуқрагин»-и зиёд мегиранд ва бо ин сабаб ба онҳо арзон меафтанд. Аммо «агар мо 20-30 чунин шумораҳоро аз ширкатҳои мобилӣ гирем хеле гарон аст ва ҳам ба мо намедиҳанд» гуфт, ин фурӯшадаи симкорт.

Аммо Далери Азиз, як фурӯшандаи дигари симкорт, ки дар наздаш чунин шумораҳои гаронарзишро пайдо накардем, мегӯяд, дар асл на ҳамаи он шумораҳои гаронарзиш аз ширкатҳои мобилӣ нархгузорӣ мешавад. Вай гуфт, ки танҳо он рақамҳои якхела, масалан, панҷ шумораи ахираш яксон аст ва монанди инҳоро аз ширкатҳои мобилӣ нархгузорӣ мекунанд. Аммо нархи боқӣ симкортҳое, ки шумораҳои ҷуфти монанд доранд, аз тарафи дилерҳо, ки як навъ кори миёнаравро иҷро мекунанд гузошта мешудааст.

«Масалан чор шумораи байн ё охири симкорт 43-43 ё 56-65 ва монанди инҳоро аз ҳамаи ширкатҳо бо нархҳои маъмулии аз 5 то 10-20 сомонӣ мехаранд ва аммо бо таваҷҷуҳи мардум, ки ба ин шумораҳо зиёд аст, аз тарафи дилерҳо ё шахсони симкортфурӯш нарх гузошта мешавад. Ҳар яке аз ин шумораҳоро аз 100 то 700 - 800 сомонӣ мефурӯшанд. Вале дар ҳисоби ҳамаи онҳо ҳамагӣ 5 -10 сомонӣ маблағ аст,» - гуфт ин фурӯшандаи шумораҳои мобилӣ.

Дар марказҳои ширкатҳои мобилӣ то ҷое мушоҳида шуд, бештар шумораҳое, ки чор ё панҷ шумораи он пайдарҳам як рақам аст бо нархҳои гарон фурӯхта мешавад. Масалан, агар панҷ шумораи охири як симкорт 2 ё 6 бошад, он то 1000 сомонӣ нарх дорад. Намояндагони ширкатҳои мобил ҳозир нашуданд дар бораи нархгузории шумораҳои "крутой" сӯҳбат кунанд. Аммо як корманди ширкати мобилӣ бидуни сабти садояш гуфт, ки нархи шумораҳои "нуқрагин"-у "тиллоӣ"-ро асосан аз маъмурияти ширкат муайян мекунанд ва ҳам дар баробари шумораҳои маъмулӣ онҳо "шумораҳои зебо" ҳам доранд, ки аз 20 то 40 сомонӣ мефурӯшанд. "Шумораҳои зебо", тавре мушоҳида шуд, танҳо ду шумораи ҷуфти монанд доранд, масалан 43-53 ва монанди ин.

Аммо инки шумораҳои "хеле зебо", мисли (...) 99 99 99, ё (...) 88 88 88 ваё (...) 77 77 77 ва комбинатсияҳои дигари монанди ин ин чигуна ва бо чӣ нархе ба бозор медароянд ва насиби кӣ мешаванд, касе чизе намегӯяд. Фақат як фурӯшандаи шумораҳои "тилоӣ" дар маркази Душанбе гуфт, чунин шумораҳои хеле "крутой" ҳанӯз ба дасти онҳо нарасида, "обулой" мешаванд.
Шумораҳои гаронарзиш дар хиёбонҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG