Пайвандҳои дастрасӣ

Навбати тӯлонӣ барои сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Садҳо муштарии ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон барои сабти дубораи симкорташон дар марказҳои хидматрасонӣ дар навбати тӯлонӣ истодаанд. Муҳлати охирини сабти дубораи симкортҳо 30 апрел таъин шудааст. Баъд аз анҷоми ин муҳлат мушаххас нест, ки оё замони изофагӣ ҷудо хоҳад шуд, ё на. Аммо масъулони ширкатҳои мухобиротӣ гуфтанд, дар сурати сабтином нашудан симкортҳо баста ва аз нав ба фурӯш гузошта мешаванд.

Гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарон дар марз бо Афғонистон аз симкорти ширкатҳои мобилии мо истифода мекунанд. Соҳибони телефонҳо дар ягон ширкати мобилӣ ба қайд гирифта нашудаанд

Сабти дубораи симкортҳои фурӯхташуда дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфта буд. Дар ҳоле ки масъулони ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, ҳадафи асосӣ аз ин маърака аз байн бурдани симкортҳои ғайрифаъол аст, вале охири соли 2015 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз онки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти Толибон низ расидааст, гуфта буд, 7 миллион симкорти фурӯхташуда бояд аз нав сабт шаванд.

Сабти дубораи симкортҳо бепул буда, танҳо бо шиноснома ва дар ҳузури шахси истифодабаранда сурат мегирад. То кунун маълум нест, чӣ теъдод аз сокинон симкортҳояшонро дубора сабт кардаанд.

Дар дохили як маркази хидматрасонии ширкати Babilon дар Душанбе ба мо иҷозаи наворгириро надоданд. Аммо дар онҷо таҷаммӯи зиёди мардум дида мешуд ва бархе аз онҳо гуфтанд, ки соатҳо боз мунтазири навбаташон нишастаанд. Бештари онҳо мегӯянд, шумори ками ходимони ширкат барои сабтиноми дубора хизматрасонӣ мекунанд.

Масъулони ширкатҳои мухобиротӣ ҳарчанд барои шарҳи расмии таҷаммӯи муштариён ҳозир нашуданд, вале дар суҳбати бидуни микрофон далели онро мунтазир шудани мардум ба рӯзҳои охирини сабти симкортҳо гуфтанд. Муштариён мегӯянд, ширкатҳои мухобиротӣ бояд аз қабл барои ҷилавгирӣ аз ин мушкил омодагӣ медиданд. Шуҳам Карва, муштарии Тселл мегӯяд, “беш аз 2 соат боз дар як маркази хидматрасонӣ мунтазир ҳастам. Мардум зиёд меоянд. Бояд бештар аз 2 ё 3 нуқтаи хидматрасонӣ бошад. Дар ин минтақа танҳо як маркази хидматрасонӣ аст.”

Афзун бар ин, бархе аз муштариён мегӯянд, шумораи кормандоне, ки барои сабти дубораи симкортҳо масъуланд, кофӣ нест. Фирӯз Риқоев, муштарии ширкати «Мегафон» гуфт, «инҷо мебинед, ки шумораи мардум хеле зиёд аст. Мардум вақти қимати худро дареғ надошта омаданд, вале ходимон кофӣ нестанд.»

Бархе аз коршиносон раванди бақайдгирии дубораи симкортҳои мобилиро дар роҳи ҷилавгирӣ аз истифодаи онҳо тавассути аъзои гурӯҳи террористии шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои шимоли Афғонистон марбут хонданд. Аз ҷумла, охири моҳи декабри соли 2015 Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз он ки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти Толибон низ расидааст, гуфта буд, соҳибони 7 миллион симкорти фурӯхташудаи ширкатҳои мобилӣ бояд мушаххас ва аз нав ба қайд гирифта шаванд. Муштариёне, ки аз қайди дубора саркашӣ мекунанд, аз симкорти худ маҳрум хоҳанд шуд.

Мансур Умаров - муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми муаррифии тарҳи қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” гуфт, “амнияти иттилотии алоқаи мобилӣ дар ҳолати номусоид қарор дорад.” Ба таъкиди вай, вазъияти мазкур бар асари фурӯши бенизоми 70 дарсади симкортҳо ба миён омадааст.

Вай гуфт, “ширкатҳои мобилӣ дар кишвар моликияти афроди хориҷӣ буда, сарфи назар аз таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон, мақсади аслиашон ба даст овардани фоидаи пулӣ аст.” Ба таъкиди Мансур Умаров, мақомоти Тоҷикистон дар ин авохир ҳолатҳои зиёди истифодаи симкортҳои Тоҷикистон аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва ба Афғонистон бурдани теъдоде аз ин симкортҳоро ошкор карданд: “Гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарон дар марз бо Афғонистон аз симкорти ширкатҳои мобилии мо истифода мекунанд. Соҳибони телефонҳо дар ягон ширкати мобилӣ ба қайд гирифта нашудаанд.”

Тасвиби Қонун "Дар бораи алоқаи мобилӣ” дар ду соли пеш шеваи хариду фурӯши симкортҳоро ҳам тағйир додааст. Ҳамакнун ширкатҳои мобилӣ ё афроде, ки ба фурӯши симкортҳои ғайрирасмӣ машғуланд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG