Пайвандҳои дастрасӣ

Арзон ва босуръат. Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон ба симкoрти ширкатҳои қирғизӣ гузаштанд


Бархе аз сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз сим-кортҳои ширкатҳои мобилии ин кишвар истифода мекунанд.Суръати баланди интернет, дастрас будани аксар торнамоҳо ва аз ҳама муҳим нархи арзони хизматрасонии ширкатҳои қирғизистонӣ таваҷҷӯҳи сокинони ноҳияҳои наздимарзиро ба худ ҷалб кардааст.

Бинобар арзёбии ширкатҳои мобилии Қирғизистон, шумораи истифодабарандагони хадамоти ширкатҳои мобилии Қирғизистон дар Тоҷикистон ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад.

Жумгал Омурканов, раҳбари идораи иттилооти ширкати мобилии «Мегаком» рӯзи 6-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт,

10 соли пеш вазъият комилан баракс буд ва ширкатҳои Тоҷикистон навтарин хадамотро ба муштариён пешкаш мекарданд ва баъзе аз сокинони ҳамсоякишвар аз он истифода мекарданд.

муштариёни берун аз қаламрави Қирғизистон ҳам аз хадамоти ин ширкат истифода мекунанд.

“Мавҷи ширкати мо 99 дарсади қаламрави кишварро фаро мегирад. Бар иловаи ин, берун аз марзҳои кишварамон аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳам аз хадамоти ширкати мо истифода мекунанд. Аммо шумораи дақиқи ин муштариёнро ман гуфта наметавонам, чунки ин як сирри тиҷоратии ширкат аст. Ин рақам дар мо ҳаст, аммо мо агар онро эълон ҳам кунем, метавонад ғалат бошад. Чунки равуо миёни ду кишвар зиёд аст ва шаҳрвандон аз ду ҷониб аз хизматрасонии мо истифода мекунанд”.

10 ҳазор муштарии ширкатҳои қирғизӣ дар Тоҷикистон

Омурканов афзуд, бинобар мушоҳидаи муттахассисони ин ширкат, дигар ширкатҳои мобилии Қирғизистон ҳам дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон муштарӣ доранд. Ӯ гуфт, бинобар арзёбии мутахасисони онҳо, шумораи муштариёни ширкатҳои мобилии Қирғизистон дар Тоҷикистон ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад.

Мавҷи ширкатҳои мобилии қирғизистонӣ қисмате аз қаламрави ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Исфараро фаро мегирад. Ҳамчунон дар шарқи кишвар дар бархе мавзеъҳои ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) низ мавҷи ширкатҳои мобилии Қирғизистон дастрас будааст.

Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонанд
Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонанд

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори онҳое, ки аз хадамоти ширкатҳои мобилӣ дар вилояти Суғд истифода мебаранд, мегӯянд, бештар аз хизматрасонии ширкати «Мегаком»-и Қирғизистон истифода мекунанд.

Хадамоти кишвари ҳамсоя арзону босифат аст

Фарҳод Одиназода, як муштарии ширкати «Мегаком» дар вилояти Суғд мегӯяд, ӯ барои суръати хуби интернет ва нархи арзон муштарии ин ширкат шуд.

“Суръати интернети ин ширкат хеле хуб аст, ҳамаи сайтҳое, ки мо медароем, боз аст. Бо ин интернет бемалол дар YouTube ё сайтҳои дигар видео тамошо кардан мумкин аст. Мавҷи ин компания то соҳили рости дарёи Сир дар Хуҷанд мерасад. Соҳили чап, ки пастӣ аст чандон мавҷ хуб намеравад”.

Одиназода гуфт, дар як моҳ ӯ тақрибан аз 30 то 35 сомонӣ барои интернет ва гуфтугӯ ба ин ширкат пардохт мекунанд, ки ба ин қимат аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ин миқдор интернет бо суръати хуб ёфт намешавад.

Пур кардани сурат-ҳисоби рақамҳои қирғизӣ тариқ терминалҳои пулгузаронӣ имконпазир аст, аммо ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, чун ширкатҳои миёнарав барои инк ор изофапулӣ меситонанд ӯ моҳе як бор ба мавзеи Хистеварз рафта дар он ҷо ба суртаҳисоби мобилаш пул мегузаронад.

Омурканов мегӯяд, миёни се ширкати бузурги мобилӣ дар Қирғизистон рақобати шадид вуҷуд дорад ва аз ин рӯ тайи се соли охир қимати хидматрасонӣ поин меравад.

“Айни замон, гуфтугӯҳои мобилии оддӣ ба шиддат кам мешаванд, чунки ҳама бо Viber-у WhatsApp гап мезананд. Барои ҳамин мо ба муштариён бастаҳои интернетиву гуфтугӯиро якҷоя мефурӯшем. Ба ҳисоби миёна як гигабайт интернет ҳоло дар мо 6 сом (тарқрибан 80 дирам) нарх дорад. Қариб дар тамоми қаламрави кишвар интернети 4G дастрас аст”.

Омурканов гуфт, мувофиқи қонунҳои Қирғизистон шаҳрвандони хориҷӣ низ бо пешниҳоди шиноснома метавонанд соҳиби сим-корт шаванд ва мисли шаҳрвандони кишвар аз он истифода кунанд.

Муштариён дар Қирғизистон бо пардохти тақрибан 40 сомонӣ ба пули миллии Тоҷикистон ба интернети бемаҳдуд дастрасӣ пайдо мекунанд.

Дар ҳоле, ки қимати 1 гигабайт интернет дар Қирғизистон 80 дирам аст, дар Тоҷикистон ширкатҳои мобилӣ ду гигабайт интернетро бо қимати 30-32 сомонӣ мефурӯшанд. Бар иловаи гарони нарх муштариён аз суст будани суръати интернет шикоят мекунанд.

Замоне Тоҷикистон барои ҳамсояҳо хадамоти мобил пешниҳод мекард

Ғафурҷон Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, ки ҳар чор ширкатҳои мобилии Тоҷикистон узви он ҳастанд мегӯяд, дар гаронии нархҳо набояд аз ширкатҳои гиламанд шуд. Ӯ гуфт:

“Шумо як бор таваҷҷуҳ кунед, ки тайи панҷ соли охир дар танзими соҳаи мухобирот чӣ тағйироте сурат гирифт. Шуруъ аз ҷорӣ шудани аксиз то боло рафтани иҷораи рақами мобилӣ ва таъсиси ёфтани Маркази ягонаи коммутатсионӣ. Ҳамаи ин омилҳо ба нарх таъсир мерасонад, чунки ширкатҳои мобилӣ ҳамаи дастуру супоришҳои аз боло меомадаро иҷро мекунанд”.

Зимнан дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо мавҷҳои ширкатҳои мобилии ин кишвар дохили хоки Тоҷикистон мешаванд. Мавҷи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳам дар бархе аз минтақаҳои наздимарзи Қирғизистон дастрас аст. Аммо бинобар сифати пасти хадамоти ин ширкатҳо ва нархи агрон касе майли муштарии ширкатҳои мобилии Тҷоикистон шуданро надорад.

Ҳарчанд Эркаев мегӯяд, 10 соли пеш вазъият комилан баръакс буд ва ширкатҳои Тоҷикистон навтарин хадамотро ба муштариён пешкаш мекарданд ва баъзе аз сокинони ҳамсоякишвар аз он истифода мекарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG