Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа: "Фурӯши телефонҳо бидуни сертификат манъ мешавад". ВИДЕО


Минбаъд дар Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ бидуни иҷозаи Хадамоти алоқа манъ аст.

Масъулини Хадамоти алоқа мегӯянд, тоҷирон бояд пеш аз фурӯши телефонҳои мобилӣ аз ниҳод сертификат бигиранд. Тасмиме, ки қисми аъзами фурӯшандаҳо онро сарбории нав ва коршиносон “манбаи нави даромад” барои Хадамоти алоқа медонанд.

“Барои бехатарӣ ин кор муҳим аст”

Адолат Абдураҳмонзода, муовини раиси Хадамоти алоқа рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, фурӯшандаҳои телефонҳои мобилӣ бояд пеш аз фурӯш, аз ин ниҳод сертификати мутобиқат дарёфт кунанд.

Ин кор ду паёмад дорад: якум фурӯши телефонҳои пастсифат бо роҳҳои пинҳонӣ шуруъ мешавад ва дуюм қимати телефонҳои мобилӣ дар кишвар гаронтар мешавад.

Хонум Абдураҳмонзода гуфт, ин муқаррарот бар асоси қонун дар бораи алоқаи барқӣ пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд, онҳо бар асоси иҷозаи "Тоҷикстандарт" сифати ҳар телефонро меомӯзанд ва баъдан барои он сертификати мутобиқат медиҳанд.

Адолат Абдураҳмонзода гуфт, минбаъд ҳар телефони мобилие, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, соҳиби сертификат намешавад ва истифодаи он мумкин нест.

Муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, барои нақзи ин муқаррарот аллакай чаҳор нафарро ҷазо додаан. Хонум Абдураҳмонзода тасдиқ кард, ки гирифтани сертификати мутобиқат барои фурӯши телефонҳои мобилӣ бар ивази маблағ дода мешавад.

Илҳомҷон Атоев, муовини дигари раиси Хадамоти алоқа афзуд, ин тасмим барои "бехатарӣ ва ҳам сиҳату саломатии истифодабарандагон ба роҳ монда шудааст."

“Вақте ширкат сертификат дорад, аз мо чаро мепурсанд?”

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳоле аз тоҷирони фурӯши телефонҳои мобилӣ гирифтани сертификатро талаб мекунад, ки фурӯшандаҳо инро як маҳдудияти тоза барои худ медонанд.

Азим, як фурӯшандаи телефони мобилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вақте худи ширкатҳои воридкунандаи телефон сертификат доранд, пас талаб кардани ин санад аз онҳо чӣ зарурат дорад.

Ӯ рӯзи 16 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, телефонҳоро яклухт мехаранд ва қудрат надоранд, ки барои фурӯши он боз дубора аз Хадамоти алоқа санад дарёфт кунанд.

Хадамоти алоқа: "Фурӯши телефонҳо бидуни сертификат манъ мешавад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:57 0:00

Сертификат ва ё иҷозаи Хадамоти алоқаро тоҷирони телефонҳои мобилӣ пас аз омӯзиши сифати телефонҳо дарёфт хоҳанд кард. Аммо рӯзи 16 июл ҳадди аққал дар ду нуқтаи калони фурӯши телефонҳои мобилӣ дар Душанбе ягон нафар аз тоҷирон ба мо чунин санадро пешниҳод карда натавонист.

Танҳо як қисми ками фурӯшандаҳо гуфтанд, медонанд, ки бояд аз Хадамоти алоқа чунин санаде бигиранд, аммо кӯшишҳои як қисми онҳо дар ин замина бенатиҷа будааст.

Як фурӯшандаи телефонҳои мобилӣ бидуни зикри номаш гуфт, дар Хадамоти алоқа барои телефонҳои онҳо сертификат надоданд. Ин тоҷир афзуд, ба ӯ гуфтаанд, ки телефонҳояш аслӣ нестанд ва барои ҳамин ба ӯ сертификати сифат намедиҳанд.

“Ду пайомади нохуби дастури нав”

Таҳлилгарони соҳаи алоқа мегӯянд, Хадамоти алоқа бо ин тасмими худ мехоҳад, бозори фурӯши телефонҳои мобилро зери назорат бигирад.

Рустам Гулов, блогнависи тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Хадамоти алоқа танҳо ба думболи зиёд кардани манбаъҳои даромад мебошад.

Маҳз ба ин хотир ба қавли ҷаноби Гулов, Хадамоти алоқа солҳои ахир талош кард, тамоми бахшҳоеро, ки ба соҳаи алоқа ҳатто наздикӣ доштанд, бо ҳар баҳона зери назари худ бигирад.

Коршиноси тоҷик дар бораи паёмадҳои эҳтимолии дастури нав гуфт, “як чиз муайян аст, онҳо мехоҳанд сертификатҳоро фурӯшанд. Ин кор ду паёмад дорад: якум фурӯши телефонҳои пастсифат бо роҳҳои пинҳонӣ шуруъ мешавад ва дуюм қимати телефонҳои мобилӣ дар кишвар гаронтар мешавад. Дар ҳар сурат, ин тасмим пеши роҳи фурӯши телефонҳои пастсифатро намедорад.”

“Маҳдудият аз паи маҳдудият”

Гирифтани сертификати мутобиқат ва манъи фурӯши бидуни он барои телефонҳои мобилӣ аввалин маҳдудкуниҳои Хадамоти алоқа нест. То имрӯз ин ниҳод дар бахши мухобирот ва муросилот маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ кардааст.

Манъи фаъолияти почтаҳои байналмилалӣ, хариди Интернет танҳо аз як ширкати зертобеи Хадамоти алоқа, маҳдудият дар фурӯши симкорт, дар истифодаи Wi-Fi аз қабили чунин маҳдудиятҳо мебошад. Коршиносон низ мегӯянд, маҳз дахолатҳои зиёди мақомот сабаб шудааст, то соҳаи алоқа аз рушд бозмонад.

Аммо рӯзи 16 июл масъулини Хадамоти алоқа ин иддаоро рад карда гуфтанд, ҳадафашон танҳо рушд додани бахши алоқа мебошад.

Коршиносон мегӯянд, бахши мухобирот - замоне сердаромад ва андозсупорандаи аввали буҷети давлатӣ ҳоло дар ҳоли таназзул аст.

Хадамоти алоқа чанд моҳи қабл тасдиқ кард, ки даромади ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар соли гузашта 176 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар, кам шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG