Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамот сабаби бастани DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро шарҳ дод


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express -ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф кардааст. Як масъули DHL рӯзи 7-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз 8-уми июн дигар ҳаққи қабул ва ирсоли номаҳои сокинонро надоранд. "Рӯзи гузашта номаи расмии Хадамоти алоқа дастрас шуд, ки то замони сабтиноми дубора кор карда наметавонем. Дар нома омадааст, ки мо бояд иҷозатномаи фаъолият бигирем. Пештар муроҷиат карда будем, вале ҷавобе нагирифтаем. Ҳоло аз фардо бояд кор накунем", - афзуд ӯ.

Ба дари DHL дар Душанбе муҳр зада шудааст
Ба дари DHL дар Душанбе муҳр зада шудааст

Ба гуфтаи ин масъул, мактуби Хадамоти алоқа ғайриинтизор буд ва қаблан онҳоро барои сабтиноми дубора огоҳӣ надода буданд. Бархе аз сокинон ҳам гуфтанд, ки ба дари намояндагии DHL дар Душанбе муҳр зада шудааст. Масъулони ин ширкат ба муштариён гуфтаанд, ки муваққатан барои ирсоли мактуб коре аз дасташон намеояд.

Сокинони Тоҷикистон аз ширкати байналмилалии DHL барои ирсол ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳим ва фаврӣ истифода мекарданд. Як нома тавассути ин ширкат аз Аврупо ба Тоҷикистон дар фурсати то 5 рӯзи корӣ дастрас мешуд ва аз муҳимтарин роҳҳои қабул ва ирсоли номаҳои расмӣ, дипломатӣ ва корӣ ба ҳисоб мерафт.

Илҳом Атоев, як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, қатъи мувақаттии кори почтаҳои байналмилалӣ дар кишварро ба иҷрои қароре рабт дод, ки ҳанӯз моҳи феврали имсол қабул шудааст. Ин қарор ширкатҳои муросилотиро муваззаф мекунад, ки барои фаъолияташон дар ҳудуди кишвар иҷозатнома бигиранд.

“Мактуби Хадамоти алоқа барои муваққатан қатъ кардани кори ин ширкатҳо тибқи қонун аст. Ин барои иҷро ва риояи қонунҳои Тоҷикистон аст. Ширкатҳо тибқи қонунгузории Тоҷикистон бояд барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият ба Хадамоти алоқа муроҷиат кунанд”, - шарҳ дод ӯ.

Дар охири соли гузашта қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар таҳрири нав ба иҷро даромада буд, ки тибқи он фаъолияти почта ё хаткашонӣ дар кишвар танҳо пас аз гирифтани “литсензия” иҷозат дода мешавад.

То он замон фаъолияти почта дар кишвар бе муҷаввиз ва ё литсензия амалӣ карда мешуд. Ҳоло масъулияти додани муҷаввиз ба фаъолияти почтаҳо бар ӯҳдаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вогузор шудааст.

Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тавассути Иттиҳодияи почтаи умумиҷаҳонӣ сурат мегирад. Душанбе аз соли 1994 узви ин созмон аст. Дар Тоҷикистон дар баробари почтаи давлатӣ – "Почтаи тоҷик", инчунин, ширкатҳои байналмилалии почта ба мисли DHL, TNT ва UPS фаъолият мекарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG