Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Почтаи тоҷик"-ро "монополисти нотавон" меноманд


Бинои асосии "Почтаи тоҷик" дар маркази шаҳри Душанбе тахриб мешавад
Бинои асосии "Почтаи тоҷик" дар маркази шаҳри Душанбе тахриб мешавад

Бархе аз сокинони кишвар мегӯянд, ягон ҳуҷҷат, туҳфа ва ё мактубро намеашвад сари вақт ба наздиконашон фиристанд.

Сокинони Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни почта, ки ҳар сол 9-уми октябр таҷлил мешавад, ягон паҳлӯи мусбати фаъолияти корхонаи "Почтаи тоҷик"-ро зикр накарданд. Онҳо мегӯянд, ҳоло фаъолияти ин ниҳод мисли солҳои қаблӣ густарда нест ва мардум наметавонанд ҳатто дар дохили кишвар ягон ҳуҷҷат, тӯҳфа ва ё мактубро сари вақт ба наздиконашон фиристанд.

Сония Зуҳурова, як сокини ноҳияи Ваҳдат, мегӯяд, ба кори ширкати "Почтаи тоҷик" дигар бовар надорад: "Чанд бор ба бародарам дар Русия мактуб фиристодем, вале он ба ҷои даркорӣ нарасид. Як бори дигар ба ӯ ҳуҷҷати ронандагиашро фиристода будем, чунки ӯ мехост, дар Русия ронандаи таксӣ шуда кор кунад. Аммо ин ҳуҷҷаташ на танҳо ба ӯ рафта нарасид, балки дар ин миёна гум шуд." Хонум Сония афзуд, ҳамакнун оилаи онҳо аз хадамоти ширкатҳои байналмиллалии хатрасон, ба мисли DHL дар Тоҷикистон истифода мекунанд. Дар дохили кишвар сокинон мактуб ва ё бастаҳояшонро бо воситаи мусофирон ё таксиҳо ба нишонии зарурӣ мефиристанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон чанд ширкати хаткашонии байналмиллалӣ, назири DHL ва ТНТ фаъолият мекунанд, вале дар дохили кишвар Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи тоҷик" ягона ширкати монополисти хаткашонӣ боқӣ мемонад. Ин корхона рӯзи байналмилалии почтаро дар ҳоле ҷашн гирифт, ки аксар биноҳои ин ширкат дар минтақаҳо хусусӣ шуда, "Главпочта" - бинои марказии ин ширкат, ки солҳои сол чун рамзи маркази Душанбе шинохта мешуд, тахриб хоҳад гашт.

Татяна Холмуродова
Татяна Холмуродова
Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, фаъолияти "Почтаи тоҷик" дар чанд соли охир ба далели кам шудани муштариёнаш камранг мешавад: "Дар панҷ соли охир бинобар коҳиш ёфтани ҳаҷми кор мо 500 нафар кормандамонро ихтисор кардем. Ҳоло бошад, дар тамоми ҷумҳурӣ танҳо ҳазор нафар корманд дар "Почтаи тоҷик" кор мекунад. Дар як соли охир мо 6 тонна мактубҳоро ба нишониҳои фиристодашуда бурда расондем."

Ин мусоҳиби мо илова кард, хидматрасонии ин ширкат дар муқоиса ба солҳои охири Шӯравии пешин ду баробар коҳиш ёфтааст. Аммо вай иброз дошт, фаъолияти почта бо вуҷуди рушди Интернет бояд равнақ ёбад, чунки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон низ бо вуҷуди дастрасии густурда ба Интернет, мардум аз хадамоти почта васеъ истифода мебаранд. Ба мисли интиқоли маблағ, обунаи рӯзномаю маҷалла, ирсоли бастаи туҳфаҳо.

Ба гуфтаи бону Татяна дар аксар кишварҳои ҷаҳон нафақаро низ мардум ба воситаи почта мегиранд, ки ин ба ширкатҳои почта фоидаи калон меорад. Вале дар Тоҷикистон салоҳияти расондани нафақа ба "Амонатбонк" вогузор шудааст. Фалаҷ шудани кори почта дар Тоҷикистон ба фаъолияти матбуот ҳам зарбаи сахт задааст. Аксар ноширон мегӯянд, маҳз бинобар фаъоляти камранги почта, шумораи обуначиён ва теъдоди нашри рӯзномаҳои мустақил хеле кам аст.

Намуди бинои асосии "Почтаи тоҷик" аз тарафи дохилаш
Намуди бинои асосии "Почтаи тоҷик" аз тарафи дохилаш
Акбари Саттор, роҳбари медиа-гурӯҳи "Чархи гардун" ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, мегӯяд, тӯли се сол мешавад, ки ноширони газетаҳо сари бунёди як почтаи алтернативӣ суҳбат мекунанд: "Лекин дар ин се сол бинобар бархӯрди манфиатҳои соҳибони нашрияҳо ягон пешравие нест. Агар Кооперативи рӯзномапаҳнкунӣ дар ин наздикиҳо бунёд нашавад, дар ояндаи наздик ҳамаи рӯзномаҳои Тоҷикистон аз байн хоҳанд рафт. Дар мо аксаран газетаҳоро пиразанҳо паҳн мекунанд. Мо бояд аз ин хадамоти пиразанҳо даст кашем ва як сохтори замонавии паҳнкунии матбуотро, ки дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст, бунёд намоем."

Ӯ афзуд, он пиразанҳое, ки ба фурӯши нашрияҳо машғуланд, қуввати бисёр паҳн кардани онро надоранд: “Бинобар ин, мекӯшанд ҳамон чанд газетаеро, ки гирифтанд, қиматтар фурӯшанд. Ин, албатта, боис ба кам ба фурӯш рафтани нашрияҳо мешавад." Лоиҳаи Кооперативи паҳнкунии матбуот ва ё Хадамоти алтернативии почта аз ҷониби Бунёди Сорос ва САҲА (ОБСЕ) дар Тоҷикистон дастгирии молӣ меёфт. Вале бинобар ихтилофи медиамагнатҳои Тоҷикистон, ин созмонҳо сармоягузории ин лоиҳаро қатъ карда, айни чунин барномаро дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пиёда карданд.
XS
SM
MD
LG