Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NGN баста шуд. Дар пай навбати Viber, WhatsApp, IMO...ВИДЕО


Дар паи NGN, сокинони Тоҷикистон аз паёмрасонҳои Viber, WhatsApp ва IMO маҳрум хоҳанд шуд. Рӯзи 18 декабр дар Тоҷикистон хадамоти NGN​ масдуд шуд.

Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири "таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳо тавассути

Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии истифодаи хизматрасонии алоқаи барқӣ бо мақсади содир шудани ҷиноят...

алоқаи барқӣ дар кишвар" рӯи даст гирифта шудааст. Ҷонибек Дадоматов, сардори раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рузи 18-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло барои қатъи пурраи ин паёмрасонҳо масъулин даст ба кор шудаанд ва рӯзҳои наздик тамоми мессенҷерҳо баста хоҳад шуд. Вай таърихи дақиқи баста шудани мессенҷерҳоро ба забон наовард, вале ин сӯҳбат рӯзе анҷом шуд, ки муштариёни NGN аз баста шудани ин хадамот шикоят карданд.

NGN баста шуд. Дар пай навбати Viber, WhatsApp, IMO...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Роҳи бастани мессенҷерҳо пайдо шуд?

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки охири ҳафтаи гузашта сухангӯи Хадамоти алоқа ба Радиои Озодӣ бо ин ки хабари зери назари ин ниҳод гузаштани хадамоти телефони интернетии NGN-ро рад накард, вале гуфт, ки Хадамоти алоқа тавони фаннии бастани мессенҷерҳоро надорад. Ҳоло масъулони Хадамоти алоқа мегуянд, қатъи фаъолияти мессенҷер ё паёмрасонҳо дар Тоҷикистон бо он сабаб имконпазир мешавад, ки симкортҳои ширкатҳои мобилӣ дар ихтиёри ин ниҳод мешавад.

Рӯзи душанбе ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи сабаби бастани барномаҳои мукотибаву зангҳои телефонии интернетии серистеъмол дар Тоҷикистон Ҷонибек Дадоматов гуфт, ин тасмим бо андешаҳои амниятӣ гирифта мешавад:

Ҷонибек Дадоматов
Ҷонибек Дадоматов

“Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии истифодаи хизматрасонии алоқаи барқӣ бо мақсади содир шудани ҷиноят, ҷалби шаҳрвандон ба ташкилоти ифротгаро ва дар умум пешгирӣ кардани хизматрасонии алоқа барои истифода шудани ҳамагуна ҷиноятҳо гирифта шудааст”.

Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мақомоти қудратӣ делелҳои мушаххаси истифода шудани чунин хизматрасониҳоро аз ҷониби афроди ҷиноятпеша ва ифротгаро сабт кардааст.

NGN - василаи дастраси сӯҳбатҳои байналмилалӣ

Тасмими қатъи дастрасӣ ба ин паёмрасонҳо, ки бо ёрии интернет фаъол мешаванд, дар ҳолест, ки се рӯз ба ин сӯ фаъолияти NGN дар тамоми ширкатҳои мобилии Тоҷикистон қатъ шудааст. Ширкатҳои мобилии назири Babilon-T, Tcell (Чӣ гап), Beeline (Salom), Estera ва Intercom машғули ироаи хадамоти алоқаи NGN дар Тоҷикистон мебошанд. Ин алоқаи дастрас ва арзон имкони барпо кардани сӯҳбатҳои телефониро бо тамоми гӯшаҳои ҷаҳон фароҳам меорад.

Ҷонибек Дадоматов гуфт, ҳоло бо дастури Хадамоти алоқа тамоми операторону провайдерон фаъолияти NGN-ро қатъ кардаанд. Вай гуфт, Babilon ягона ширкате нест, ки аз ироаи фаъолияти NGN маҳрум шудааст, балки ба гуфтаи ин масъули Хадамоти алоқа, ба ҳамаи ширкатҳои инернетрасон дастур шудааст, чунин хадамотро қатъ кунанд. Вай гуфт, барои мушаххас кардани соҳибони рақамҳои NGN имкони техникӣ вуҷуд надорад.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, минбаъд хадамот танҳо ба зангҳои маъмулии телефонӣ иҷозат медиҳад. Ин масъули хадамот, ба дасти ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” гузаштани тамоми паёмрасон ва ё алоқаи NGN дар Тоҷикистонро рад кард.

Як миллион муҳоҷир аз тамоси ройгон бо Тоҷикистон маҳрум мешавад

NGN ва паёмрасонҳо, ба мисли Viber, WhatsApp ва IMO бо ёрии интернет кор карда, солҳои ахир ба роҳи осону муносиби гуфтугӯ миёни сокинони Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Бахусус, онҳое ки дар муҳоҷират қарор доранд, барои тамос бо хонаводаҳои худ аз ин барномаҳо зиёд истифода мекунанд.

Масдуд шудани иртиботи телефонии интернетӣ, пеш аз ҳама ба муоширати як миллион муҳоҷири тоҷик аз хориҷа таъсиргузор мешавад, ки бо технологияҳои навини иртиботӣ бо хешовандонашон дар Тоҷикистон тамос мегиранд. Ин хадамот харҷи онҳоро ночиз ва тамоси доимии онҳоро бо азизонашон бемушкил таъмин мекард.

Акмал Алиев, як сокини шаҳри Ваҳдат, ки мисли садҳо падари хонавода дар Русия муҳоҷир аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳануз 5 соли пеш бо кӯмаки NGN ба хотири осону арзон буданаш, робитаи телефонии доимиро бо хонаводааш барқарор кард. Вай аз он нигаронӣ мекунад, ки қатъи чунин хизматрасониҳо метавонад барои як муҳоҷир, ки пули зиёд надораду наметавонад тавасути телефон бо хонавода сӯҳбат кунад, боис кам шудани тамос бо наздиконаш шавад. “Барои мисол, ман 50 рубли русӣ мегузаронидаму то як ҳафта бемушкил бо хонаводаам дар Тоҷикистон суҳбат мекардам. Хубаш, ки қатъ нашавад, чун барои мо душвор аст бо телефон суҳбат кардан”, - гуфт Акмал.

Ширкати мобилии Babilon, ки то имрӯз расман танҳо ба дари шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни ин ширкат муҳр зада шудааст, аз шарҳи ҷузъиёти бештари мавзӯъ бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Як масъули ин ширкат дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, “ҳоло интизори поёни гуфтушуниди ширкатҳои мобилӣ бо мақомот ҳастанд”. Манзур аз гуфтушунид чӣ аст, маълум нест, вале таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳама гуна машваратҳои Хадамоти алоқа ҳам аз ҷониби ширкатҳои тиҷоратии хадамоти мобилӣ ба унвони амру фармоиш мавриди иҷро қарор мегиранд.

Коршиносон мегӯянд, қатъ кардани фаъолияти паёмрасонҳо аз суи Хадамоти алоқа ба хотири ба сӯҳбатҳои оддии телефонӣ, на интернетӣ гузаштани муштариҳо тавассути симкортҳои телефонҳои мобил ва аз тариқи равзанаи ягона мебошад. Бо як тасмими Хадамоти алоқа, ҳақи фурӯши симкортҳо ҳам ҳоло ба ихтиёри Хадамоти алоқа вогузор шудааст. Дар ин ҳол маблағи ҳар дақиқаи суҳбат ҳисоб шуда, ҳамчунин имкони назорати гуфтугӯи муштариҳо ба мақомоти тоҷик даст медиҳад.

Тасмимҳои баҳсбарангези пружаҳои даромаднок

Тасвиби қонун "Дар бораи алоқаи мобилӣ” дар тобистони имсол ба Хадамоти алоқа иҷозат дод, дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамагуна роҳҳои тамоси муштариён тавассути телефон ва интернетро масдуд кунад. Ҳануз соли 2015 Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бо терроризм”-ро тасдиқ кард, ки тибқи он дар ҳолатҳои зарурӣ, аз ҷумла зимни амалиёти зиддитеррористӣ мақомоти амниятӣ метавонанд дастрасӣ ба алоқаю интернет на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистонро масдуд кунанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба чанд иқдоми бесобиқае даст зад, ки нигарониҳоеро ба вуҷуд овард. Моҳи июни соли ҷорӣ фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф карда, нақши ширкати “Почтаи тоҷик”-ро боло бурд ва ҳоло масъулияти хатту боркашонии ин ширкатҳоро танҳо як корхонаи воҳиди миллӣ иҷро мекунад.

Баъдан Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба тамоми марказҳои дилерӣ дастур дод, ки фаъолияти нуқтаҳои фурӯши симкортҳоро муваққатан қатъ кунанд ва ин дастур, ки манъи фурӯши симкортҳоро дар назар мегирад, аз 1-уми декабр ба иҷро даромад. Ҳаққи фурӯши симкортҳоро фақат ширкатҳои ҷудогона пайдо карданд.

Дар ниҳоят Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои дигари қудратӣ тасмим гирифтаанд “Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ”-ро таъсис диҳанд. Ин марказ дар назди Хадамоти алоқа таъсис меёбад. Дар махзани ягонаи маълумоти ширкатҳои мобилӣ иттилои марбут ба корбарони телефонҳои мобил ва интернет дар Тоҷикистон ҷамъ оварда мешавад.

Дар Тоҷикистоне, ки беш аз 8 миллион ҷамъият дорад, то феврали соли ҷорӣ шумори корбарони интернет 4,4 миллион ва соҳибони телефонҳои мобил 8,7 миллион нафарро ташкил медод. Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар як соли охир се ширкат – «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати «Билайн» 151,3 миллион сомонӣ, «Мегафон» - 155 миллион сомонӣ ва «Тселл» - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ширкати «Тселл» гуфтааст, ки нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ – бефоида арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG