Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минбаъд дар Тоҷикистон танҳо ширкатҳои мобилӣ ҳаққи фурӯши симкортро доранд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, бо ин роҳ мехоҳад бозори фурӯши симкортҳоро танзим кунад.

Як масъули Хадамоти алоқа рӯзи 4-уми январ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷозатномаи ҳамаи дилерон ё миёнаравҳо барои фурӯши симкортҳо бозхонд шуда, онҳо феълан иҷозаи фурӯши онро надоранд. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, бо вуҷуди огоҳӣ ва ҷарима кардан, дилерон боз ҳам бо роҳҳои ғайримашрӯъ, аз ҷумла бидуни шиноснома ба муштариён симкорт фурӯхтанд.

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар як соли охир се ширкат – «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд.

“Мо дигар роҳ надоштем, ҳарчанд чандин маротиба дилерон барои риоя накардани қоидаҳои фурӯши симкорт ҷарима кардем, аммо мушкил ҳал нашуд. Таҳқиқи мо нишон дод, ки онҳо боз ҳам ба хотири ба даст овардани маблағ ҳатто бидуни шиноснома ба муштариён симкорт фурӯхтанд. Вақте барои пайдо кардани шахсияти соҳиби симкорт мушкил пеш меомад, ширкатҳои мобилӣ худро канор мегирифтанд, ки ин симкортро фалон маркази дилерӣ фурӯхтааст ва масъулияташ бар ӯҳдаи онҳо аст,”-афзуд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ба ин хотир ба қавли ин масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, минбаъд танҳо ширкатҳои мобилӣ симкортҳои худро фурӯхта ва масъулияташ низ пурра бар ӯҳдаи онҳо аст.

Дар Тоҷикистон бинобар иттилои ширкатҳои мобилӣ, то 100 маркази дилерӣ фаъолият мекунанд, ки тақрибан 80 дарсади онҳо ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва боқимонда дар шакли ширкатҳо фаъолият мекунанд. Ин дилерон ба навбати худ то 10 ҳазор субдилеронро дар ихтиёр доранд. Субдилер – агент ё намояндаи дилер аст, ки аз роҳи миёнаравӣ тиҷоратро ба роҳ мемонад. Бинобар арзёбии ширкатҳои мобилӣ, 80 дарсади SIM-корти муштариён маҳз тавассути дилерон ба фурӯш рафтааст.

Бо аз кор мондани марказҳои дилерӣ эҳтимоли бекор мондани садҳо нафар вуҷуд дорад. Қаблан гуфта мешуд, ки фурӯши симкортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат -- "Ошно-групп" ва "О мобайл" дода мешавад. Аммо ҳоло масъулини Хадамоти алоқа мегӯянд, танҳо ширкатҳои мобилӣ ҳаққи фурӯши симкортро доранд.

Мақомот қаблан гуфтанд, ки бо ин роҳ бозори фурӯши SIM-корти телефонҳоро ба танзим медароранд ва сохторҳои давлатӣ дар бораи ҳар соҳиби телефон иттилои дақиқ ва расмӣ хоҳанд дошт. Ҳадаф – ҷилавгирӣ аз бебандуборӣ, даст ба даст шудани шумораи телефонҳо, ҷилавгирӣ аз истифодаи симкортҳои Тоҷикистон бо ҳадафҳои ҷиноӣ ва ҳам ба дасти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ роҳ ёфтани SIM-кортҳо будааст. Вале мунтақидон мегӯянд, чунин тасмим дар бозори SIM-кортҳо як монополияи нав ҷорӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло 4 ширкати бузурги мобилӣ – «Бабилон», «Мегафон», «Тселл» ва «Билайн», ки то баҳори имсол дар маҷмӯъ, 4 миллиону 400 ҳазор муштарӣ доштанд. Ҳамзамон, бинобар арзёбии коршиносон ҳудудан 1 миллион муштариёни “калаванда” низ вуҷуд доранд, ки барои хидматрасонӣ ба онҳо фаъолияти марказҳои дилерӣ зарур аст.

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар як соли охир се ширкат – «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд.

Аз ҷумла, ширкати «Билайн» 151,3 миллион сомонӣ, «Мегафон» - 155 миллион сомонӣ ва «Тселл» - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд. Ширкати «Тселл» гуфтааст, ки нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ – бефоида арзёбӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG