Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: аъзои ҲНИТ зери пӯшиши парчами “Давлати Исломӣ” амал мекарданд


Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши изҳороти тоза гуфт, ки муттаҳамони ҳамла ба туристони хориҷӣ - аъзои ҲНИТ буда, ин ҷиноятро “дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери пўшиши парчами «Давлати исломӣ» содир кардаанд.

Изҳороти нави додситонии кулли Тоҷикистон, ки масъули таҳқиқи парвандаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар таърихи 29 июл мебошад, мегӯяд, паҳн шудани “навори қасамёдкунии дастаи ҷиноятӣ ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом аст, ки фармоишгари асосии амали террористии мазкур мебошад”.

Тафтишот дар доираи ин парванда боз 10 сокини дигари Норак - 2 нафарро бо гумони мусоидат ба маблағгузории роҳбари ин гурўҳ Абдусамадов Ҳусейн ва 8 нафари дигарро барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба омодагӣ ба амали террористӣ ба ҳабс гирифтааст

Прокуратура мегӯяд, ки ҳадафи онҳо - ноором кардани субот, ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Қаблан ҲНИТ даст доштанаш дар ин ҳамларо қотеона рад карда онро “беасос ва ғайримантиқӣ” номида буд.

Дар изҳороти шоми 3 августи додситонии кулл гуфта мешавад, ки тафтишот ин ҳамларо “як амали террористӣ” арзёбӣ мекунад ва тафтиши парванда аз рӯи моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон идома дорад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҷиноятро сокинони ноҳияи Панҷ - Абдусамадов Ҳусейн, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар ва сокинони шаҳри Норак- бародарон Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар анҷом додаанд.

Тафсилоти ҷиноят

Ба иттилои додситонӣ, ин гурӯҳ бо мақсади ташкили куштори хориҷиҳо рӯзи 28 июли дар ҳудуди ноҳияи Восеъ гурўҳи сайёҳони бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракаткунандаро мушоҳида намуда, онҳоро зери назорати худ қарор додаанд.

29 июли соли 2018 тахминан соати 15-30 дақиқа ҳангоми ба деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара расидани 6 нафар сайёҳони хориҷӣ ҷинояткорон онҳоро бо автомашина пахш карда, пас аз ин бо мақсади ба охир расонидани қасди худ бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Дар натиҷаи ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерланд (Голландия) Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.

Дар паи ин ҳодиса, бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ходимони интизомӣ шаби 29 ба 30 август раҳбари дастаи ҷиноятӣ Абдусамадов Ҳусейнро дастгир карда, 4 нафари дигар - Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар бо сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Додситонӣ мегӯяд, ки ин гурӯҳ бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович амал мекард.

Тафтишот дар доираи ин парванда боз 10 сокини дигари Норак - 2 нафарро бо гумони мусоидат ба маблағгузории роҳбари ин гурўҳ Абдусамадов Ҳусейн ва 8 нафари дигарро барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба омодагӣ ба амали террористӣ ба ҳабс гирифтааст. Ҳуввияти онҳо фош намешавад.

Швейтсария дар пайванд ба ҳодисаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард

Расонаҳои Швейтсария навиштанд, ки Додситонии кулли он дар робита ба ҳамла ба ду сайёҳи он кишвар дар Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, чаҳор сайёҳ кушта шуд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Швейтсария буд. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди дигари Швейтсария захм бардошт.

Пойгоҳи хабарии "The Local" рӯзи 3-юми август бо такя ба хабаргузории швейтсарии SRF гузориш дод, ки ҳукумати Швейтсария парванда алайҳи "афроди номаълум"-ро дар пайи ҳамлаи рӯзи 29-уми июл, ки масъулияти онро гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ба дӯш гирифт, оғоз кард.

"Парванда алайҳи афроди номаълум"

"Парванда алайҳи "афроди номаълум" ба иттиҳоми куштор, расонидани зарари ҷисмонӣ, узвият ё тарафдорӣ аз гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва нақзи қонуни манъи Ал-Қоида, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрав, боз шудааст",-хабар додааст хабаргузории швейтсарии SRF.

Ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ баъд аз зӯҳри 29-уми июл дар ҳудуди Себистони ноҳияи Данғара, тақрибан 100-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе рух дод. Ин ҳафт дучархасавор дар оғоз аз сӯи як мошин зер карда шуданд ва сипас афроди дохили худрав бо корд ба сайёҳон ҳамла карда, чаҳор тани онҳоро ба ҳалокат расонданд.

Марио Ф. аз Зюрих - қурбонии эҳтимолии ҳамла дар Тоҷикистон

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти интизомии Тоҷикистон чанд нафар аз гумонбаронро боздошт карданд. Рӯзномаи швейтсарии Blick аз шахси кушташуда Марио. Ф ном бурдааст, ки 62-сола ва сокини Зюрих будааст. Хабаргузории Франс-Пресс ӯро Маркус Хамел муаррифӣ кардааст.

Рӯзномаи Blick шарики ин дучархасавори кушташударо шаҳрванди Швейсария Марианне Г-и 59-сола муаррифӣ кардааст. Бар пояи гузоришҳо, Марриане дар ин ҳодиса чанд зарби корд хӯрдааст ва дар бемористон ба сар мебарад.

Ба навиштаи Blick​, вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳизби мамнӯи наҳзати исломии он кишварро дар ин ҳамла муттаҳам кард, аммо гурӯҳи "Давлати исломӣ" навореро ба нашр расонд ва масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Полис ва додситонии Ҳолланд

Рӯзи 2-ум август мақомот дар Ҳолланд - кишваре, ки дар ҳодисаи Тоҷикистон як шаҳрвандаш кушта ва як нафараш захмӣ шудааст, гуфтанд, ки бо мақомоти тоҷик дар таҳқиқи ин ҳамла ҳамкорӣ мекунанд. Масъулини полиси миллӣ ва додситонии кулли Ҳолланд дар шаҳри Ҳейг ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо ҷузъиёти ҷараёни ин ҳодиса, аз ҷумла ҳуввияти қурбониҳоро ошкор намекунанд.

Айни замон мақомоти ин кишвар таъкид карданд, ки дар амри таҳқиқи ин ҳодиса ба полис ва мақомоти дигари тоҷик эътимод мекунанд. Зимнан, умури идориву консулии марбут ба ин қазияро Ҳолланд ва Швейсария, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ надоранд, тавассути сафорати Олмон дар Душанбе, танзим мекунанд.

Рӯзи 3-юми август хабаргузории русии РИА Новости бо такя ба манбае дар ВКД Тоҷикистон гуфт, ки ҷасади ҳамаи чор сайёҳи кушташуда ба сафоратҳояшон дода шуд, то ки онҳоро ба ватанашон интиқол диҳанд.

Ҳанӯз ҳеҷ як кишваре, ки туристонаш дар ҳамлаи Тоҷикистон осеб диданд, нагуфтанд, ки чӣ кас ё гурӯҳро дар ин ҷиноят гумонбар медонанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG