Як рӯз пеш аз ҳамлаи маргборе, ки масъулияти онро даҳшатафканҳои ҷиҳодӣ бар дӯш гирифтаанд, гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ дар як боғи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеи Тоҷикистон хайма зад.
То ин замон ҷуфти амрикоӣ Лоран Геоҳеган ва Ҷей Остин ҳазорҳо километр роҳҳои Африқову Аврупоро тай карда буданд. Рӯзи баъдӣ - 29-уми июл ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе сайёҳон дар қаламрави ноҳияи Данғара мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои даҳшатафкан қарор гифтанд.
Террористҳо нахуст сайёҳони дучархасаворро бо мошин пахш карданд ва сипас бо корду табар ба онҳо ҳамла карданд. Дар натиҷа, чор нафар кушта шуд ва ду нафари дигар ба шифохона интиқол ёфт. Нафари ҳафтум, ки каме аз гурӯҳ дер монда буд, бо амри тасодуф ҷон ба саломат бурд.